Эътилофи тозатаъсиси 13 ҳизби мухолиф дар Афғонистон эълом дошт, ки номзади ягонаро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пешбарӣ хоҳад кард.
Ин ниҳод, ки Иттиҳоди интихоботии Афғонистон номгузорӣ шудааст, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Кобул нахустин нишасти худро баргузор кард. Бахши аъзами аъзои иттиҳоди ҷадидро гурӯҳҳои мухолифи сиёсӣ, аз ҷумла, Ҳизби ҷамъияти исломӣ, “Ваҳдати исломӣ”, Эътилофи миллии “Афғонистони навин”, Ҷабҳаи миллӣ, “Раванди сабз” ва Ҳизби адолат ва иқтисод ташкил медиҳад.
Ба иттилои Радиои Афғонистони Озод, дар нишаст аъзои Иттиҳод созишномаеро, ки муҳтавои онро аҳдоф, шароит ва дигар масоили муҳим ташкил медиҳад, имзо карданд. Миёни афроди калидӣ дар ин Иттиҳод сиёсатмадори маъруф Абдулло Абдулло, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2009 мақоми дуввумро касб карда буд, Юнус Қонунӣ, собиқ раиси парлумони Афғонистон, Аҳмадзиё Масъуд, генерал Абдулрашид Дустум, Ато Муҳаммад Нур, Салоҳиддин Раббонӣ, Муҳаммади Муҳаққиқ ва Амруллоҳ
Солеҳ номбар мешаванд. Зимнан, ҳамаи онҳо дар нишасти нахустини Иттиҳоди интихоботии Афғонистон ширкат доштанд. Гуфта мешавад, ки дар таъсиси ниҳоди ҷадид Залмай Халилзод, сафири пешини Амрико дар Афғонистон, Алӣ Аҳмад Ҷалолӣ, собиқ вазири умури дохилии Афғонистон ва Қаюм Карзай, бародари раҳбари феълии кишвар низ саҳм гирифтаанд.
Дар нишасти Кобул гуфта шуд, ки тайи як ҳафтаи наздик Иттиҳоди интихоботӣ номзади ягонаро барои ширкат дар интихоботи раёсатҷуиҳурии соли оянда мушаххас кунад.
Ибтидои моҳ раисиҷумҳур Ҳомид Карзай аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки теъдоди зиёди довталабон интихоби раёсатҷумҳурро барои мардум мушкил месозад.
Шукрия Борикзай, узви парлумони Афғонистон, қаблан ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “бори аввал дар таърихи Афғонистон аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ мехоҳанд як ҳаракати пӯхта дошта бошанд, яъне, мехоҳанд аз пешбарии номзадҳои номуваффақ худдорӣ кунанд ва нафареро пешбарӣ кунанд, ки тавонад дар даври аввал беш аз 50 дар сади раъйҳоро соҳиб шавад”. Ӯ изҳори итминон карда буд, ки чун дар ду интихоботи қаблӣ номзадии 18 ё 24 нафар барои мақоми раисиҷумҳур пешбарӣ нахоҳад шуд.
Хонум Борикзай афзуда буд, ки дар интихоботи навбатӣ чеҳраҳои маъруфи сиёсии Афғонистон талоши дар садри кишвар нишастанро хоҳанд кард. Аз нигоҳи ӯ, “оғои Сайёф, маршал Фаҳим, оғои Муҳаққиқ бо ҳимояи доктор Абдулло ва Юнуси Қонунӣ узви гурӯҳи сиёсӣ ҳастанд ва номзади худро пешбарӣ
хоҳанд кард”. Дар бораи номзадии яке аз бародарони Ҳомид Карзай ҳанӯз эълоне пахш нашудааст, қаблан Маҳмуд Карзай дар бораи имкони ширкати бародараш Қаюм Карзай дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ишораҳое карда буд. Аммо, ба гуфтаи хонум Борикзай, ба эҳтимоли зиёд номзадии ӯ мавриди тайиди Ҳомид Карзай қарор нахоҳад гирифт.Худи Ҳомид Карзай, бар пояи Қонуни асосии Афғонистон, ҳаққи бори сеюм доавталаби мақоми раисиҷумҳур шуданро надорад.
Ҳамзамон хонум Борикзай гуфта буд, ҳоло замоне расидааст, ки садорати кишвар бар дӯши афроди технократ вогузошта шавад. Аз нигоҳи ӯ, “агар технократҳои Афғонистон, ки дар фасод ва дар қатлу одамкӯшӣ шарик набуданд, қумандонҳои маҳаллӣ ва зиндонҳои шахсӣ надоранд ва ба Афғонистон ба унвони як кишвар ва як миллат бовар доранд, гирди ҳам биёянду эътилофи бузургеро ташкил диҳанд, бурд аз онҳо хоҳанд шуд”.
Технократҳо, ба гуфтаи хонум Борикзай, аз пуштибонии насли ҷавон бархурдор хоҳанд буд, “насле, ки имрӯз ба пойи сандуқҳои раъй меравад, насли ҷадиди Афғонистон, ки аксари онҳо таълимдидаанд, бо арзишҳои солҳои ахири Афғонистон бузург шуданд ва ба озодиҳои мадании имрӯзи мардуми Афғонистон арҷ мегузоранд”.
Интихоботи президентии Афғонистон баҳори соли оянда баргузор мешавад.