Мурофиаи Тошеву Ризоев боз баргузор нашуд

Вакилони дифои Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, маҳбусони “ҳақталош” бо баёни норизоӣ аз сарпечии додгоҳ ба дархосташон ҷиҳати дар толори додгоҳ аз сар гирифтани мурофиа бинои боздоштгоҳи муваққатӣ, СИЗО-ро тарк кардаанд.
Абубакр Қулматов, вакили дифои Садридин Тошев ба Озодӣ гуфт, ки вакилони дифоъ соати 9-и субҳи панҷшанбеи 29 уми август назди бинои боздоштгоҳи муваққатии Хуҷанд ҳозир шуданд, аммо раиси мурофиа ин навбат низ дархости онҳоро бепосух гузошт. Вай афзуд: “Кормандони СИЗО раиси муроифаро ба бинои ин муасиса раҳ доданд, вале моро нагузоштанд ворид шавем. Бинобар ин бо баёни норизоӣ аз ин амали онҳо он ҷоро тарк кардем.”

Абубакр Қулматов ва Файзинисо Воҳидова, вакилони дифои Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев бар онанд, ки додгоҳ ба хотири дастраси хосу ом нашудани маълумотҳо дар бораи ҷой доштани мавридҳои азобу шиканҷаи маҳбусон намехоҳад мурофиа шаффофу озодона дар толори додгоҳ баргузор гардад.

“Онҳо қатъиян намехоҳанд ба толори мурофиа хабарнигорону хешу табори маҳбусон ва намояндагони ҳифзи ҳуқуқи инснро раҳ диҳанд, барои ҳамин ба идомаи бозбинии парванда дар СИЗО пофишорӣ доранд. Чунки дар толори додгоҳ ва мурофиаи озодона он ҳаракатҳои ғайриқонунӣ ва шиканҷаҳои маҳбусон ба ҳама ошкор мешавад.” – мегӯяд ҷаноби Қулматов.

Аз рӯзи гузаштаи 28 - уми август Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев ва вакилони дифоъ ба нишони эътироз аз бепосух гузоштани дархосташон ҷиҳати дар толори додгоҳ аз сар гирифтани бозбини парванда аз иштирок дар мурофиа дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ худдорӣ меварзанд.

Садриддин Тошев, Суннатулло Ризоев ва вакилони дифои онҳо аз замони оғози бозбинии додгоҳии парванда талош доранд мурофиа на дар толори боздоштгоҳи муваққатӣ -СИЗО, балки дар толори додгоҳ баргузор гардад. Аммо додгоҳ ин хоҳиши онҳоро ба далели набуди шароити фаннӣ барои интиқоли маҳбусони айбдоршаванда ва шоҳид аз зиндон то толори додгоҳ ва “ҳифзи онҳову ходимони давлатӣ” қабул надорад.

Билохира ин боиси сар задани баҳс ва таваққуф дар бозбинии парванда гашт.