Британия қатънома дар бораи Сурияро пешниҳод мекунад

Британия мехоҳад, ки Шӯрои Амнияти СММ ҳамаи тадобири заруриро барои ҳимоят аз шаҳврвандони Сурия дар баробари ҳамлаи кимёӣ ҳимоят кунад. Девид Камерон- нахуствазири Британия дар сафҳаи Твиттери худ гуфтааст, ки кишвараш дар ин бора шоми рӯзи чаҳоршанбе ба Шӯрои Амният тарҳи қатъномаеро муаррифӣ хоҳад кард.

Ахзар Иброҳимӣ-фиристодаи вижаи СММ барои Сурия гуфт, барои ҳар гуна амалиёти низомӣ бар зидди ҳукумати Сурия бояд Шӯрои Амнияти СММ иҷоза диҳад.