Волидайни беш аз 300 хонандаи ду мактаби узбакзабони ноҳияи Данғара аз Шӯъбаи маориф хостаанд, то фарзандонашонро аз ин пас бо забони тоҷикӣ таълим диҳанд.
Дар мактаби деҳаи Боботубхона ва деҳаи Лаваки ноҳияи Данғара таҳсил бо забони узбакӣ ҷараён дошт, вале қарор аст, дар пайи мактуби волидайн сар аз 1-уми сентябр мактабачагон бо забони тоҷикӣ таҳсил кунанд.
Холдона Юлдошова, як зани узбактабори ноҳияи Данғара аз пазируфта шудани дархосташон аз ҷониби Шӯъбаи маорифи Данғара ва минбаъд бо забони тоҷикӣ таълим гирифтани фарзандонаш изҳори хурсандӣ кард.
Ӯ гуфт: «Мо ҳама омехта ҳастем. Келинҳоям тоҷик ҳастанд ва духтаронамонро тоҷик додаам. Дар Тоҷикистон зиндагӣ дорем. Бисёр миннатдорем. Падари худам узбек ҳаст, лекин модарамро падараш тоҷик ҳаст. Аз ҳамон пеш мо ҳами хел омехта омадаем. Ҳозир бинобар сабабе, ки келинҳоям тоҷиканд, набераҳоям ҳама тоҷикӣ гап мезананд. Хурсанд шудам, ки онҳо дар мактаб ҳам бо забони тоҷикӣ мехонанд ва мисли пештара вақти дохил шудан дар Донишгоҳҳо азоб намекашанд.»
Дар дархости ин волидайн, ки зераш имзо гузоштаанд, омадааст, ки фарзандонашон ҳангоми хатми мактаб намедонанд, дар куҷо ва бо кадом забон таҳсил кунанд. Аз ин рӯ, хубтар аст, аз аввал бо забони тоҷикӣ таълим бигиранд.
Мурод Тухтасунов, як сокини дигари Данғара гуфт, аслан, онҳо аз табори калуғон ҳастанд, на узбек, бинобар ин барои онҳо фарқе надорад, ки бо тоҷикӣ таълим мегиранд ва ё узбакӣ, зеро ин ҳар ду барояшон забони бегона ҳаст. Ба ин сабаб Тухтасунов мегӯяд, барои онҳо беҳтару манфиатноктар омӯхтани забони тоҷкӣ ҳаст ва дар ин замина ҳеҷ эътирозе надоранд. Ба қавли ин мард, ки тоҷикиро роҳат наметавонад сӯҳбат кунад, замони Шӯравӣ онҳоро дар шиноснома узбак навиштаанд, ки ин комилан хатост, зеро онҳо халқияти комилан дигар ҳастанд ва танҳо лаҳҷаашон ба узбакӣ монанд аст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки то кунун бо чунин дархостҳои ба қавли масъулин узбакзабонҳо, 3 мактаби дигари дузабона дар ноҳияи Данғара пурра бо тоҷикӣ баргардонида шуданд. Нурулло Абдуллоев, директории яке аз ин мактабҳо мегӯяд, пас аз гузаштан ба забони тоҷикӣ муваффақиятҳои онҳо бештар шуд.
Ӯ гуфт: «Солҳои дароз хонандаҳо ба ҳеҷ ҷо дохил шуда наметавонистанд. Сабаб ҳамин буд, ки бачаҳо бо забони узбакӣ мактабро хатм мекарданд, вале бо тоҷикӣ гап зада метавонистанду иншо навишта наметавонистанд. Падару модарон ба хулосае омаданд, ки чунин тасмим бигиранд. Ҳоло 5 хонанда ба хориҷа барои таҳсил рафт ва даҳҳо нафари дигар дар Донишгоҳҳои дигар дохил шуданд. Медали тилло гирифтем, ки ин ҳама самараи таълим бо забони тоҷикӣ ҳаст. Ин ҷо бештар миллати калуғ зиндагӣ мекунад, ки бо тоҷикон омехта шудаанд. Ду келини ман тоҷик ҳаст. Ҳамин хел ҳама омехта ҳаст, ки бештар дар хонаҳо тоҷикӣ гап мезананд, аммо забони адабиро дар мактаб намехонданд. »
Дар ҳамин ҳол, Ҷӯрахон Юсупов, мудири кабинети методии Шӯъбаи маорифи ноҳияи Данғара мегӯяд, дар аввал ба ин тасмими волидайн омӯзгороне, ки талими узбакӣ медоданд, зидд буданд, зеро метарсиданд, ки пас аз ин тахассуашонро аз даст медиҳанд. «Онҳо метарсиданд, ки агар ҳама тоҷикӣ хонад, пас онҳо дигар чӣ лозим мешаванд? Лекин ин хоҳиши волидайн буд, мо гуфтем, ки миёни ҳам машварат кунед. Онҳо ҳам ояндаи фарзандони худро фикр карда розӣ шуданд. Ҳоло ҳам аксари он омӯзгорон ҳам дарс медиҳанд, яъне аз ҷои корашон маҳрум нашуданд.»
Дар ноҳияи Данғара 70 мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо беш аз 31 ҳазор хонанда таълим мегиранд. Аз ин шумори хонандагон се ҳазору 800 нафари онҳоро узбакзабонҳо ташкил медиҳанд. Ҳоло дар ин ноҳияи ҳамагӣ як мактаби узбакӣ ва се мактаби дузабона боқӣ мондааст, ки хонандагонаш бо тоҷикӣ ва узбакӣ таълим мегиранд.