Хӯроки шом бо номи "ужини онишенко"

Ирина Лагунина, мудирии бахши русии Радиои Озодӣ

Аз миёнаҳои соли 2000-ум "Роспотребнадзор" ворид кардани шумори зиёде аз маҳсулоти хӯроквориро ба Русия манъ кард. Хушкмеваи Тоҷикистон, майи гурҷӣ, шоколади украинӣ. Гуфта мешавад, ҳадаф аксаран сиёсӣ буд.
Баъзан ин таҳримҳо ду-се ҳафта идома мекарданду ҳал мешуданд, аммо бархи дигар гуё умрбодист. Бисёр кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон талош мекунанд, бо Онишенко даст ба гиребон нашаванд, аммо бархе ба ӯ посухҳоио сангин медиҳанд. Баҳс бо Лаҳистон, аз ҷумла сабаби сардии равобити Русия бо тамоми Иттиҳоди Аврупо шуд.

Аммо ҳоло як таҷрибаи ҷолиб. Мудирии бахши русии Радиои Озодӣ Ирина Лагунина аз ҳамаи ин маҳсулоте, ки Онишенко дар давраҳои гуногун ворид кардани онҳоро ба Русия манъ кард, хӯроке пухт ва мегӯяд: "Бифармоед, шом!"

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хӯроки шом аз рӯйи дастури "онишенко"