Кумитаи андози Тоҷикистон аз масъулони намояндагиҳо ва филиалҳои корхонаҳо талаб кардаст то панҷ рӯзи оянда ҳамаи маълумот ва асноди заруриро ба онҳо пешниҳод кунанд.
Кумитаи андози Тоҷикистон рӯзи 27-уми август аз ҳамаи ширкатҳо ва соҳибкорон талаб кардааст, ки то 1-ми сентябри соли равон дар бораи намояндагиҳо ва филиалҳои худ ба Кумитаи андоз маълумот пешниҳод кунанд.
Кумитаи андоз мегӯяд, бо мақсади мушаххас кардани мафҳуми филиал ва намояндагиҳо, бо дарназардошти қабули «Кодекси нави андоз» ширкатҳо ва соҳибкорон барои аз нав дарёфт кардани рамз ва рақами мушаххаси андозсупорӣ, бояд аз қайди бахшҳои андози вилояту навоҳи ва маҳалҳо гузаранд.
Дар гузориши Кумитаи андоз «Оид ба тартиби баҳисобгирӣ, додани
рақами мушаххаси андозсупоранда ва муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан» омадааст:«Дар сурати агар шахси воқеӣ берун аз маҳалли истиқомати доимӣ дорои объекти андозбандӣ бошад (бўстонсарой, манзили истиқоматӣ (ҳавлӣ), воситаи нақлиёт ва мисоли онҳо) он низ тавассути рамзҳои сабабҳои баҳисобгирӣ дар мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавии (бақайдгирии) он баҳисоб гузошта мешавад».
Кумитаи андози Тоҷикистон талаб кардааст, ки то санаи 1 сентябри соли 2013 руйхати филиалу намояндагиҳо ва воҳидҳои алоҳидаи дар қайди мақомоти ҳудуди андоз бударо бо нишон додани объектҳои андозбандӣ ва объектҳои ба андозбандӣ алоқаманд аз ҷумла, масоҳати замин, масоҳати молу мулк, шумораи воситаи нақлиёт ва иқтидори онҳо аз рӯи тамға, шумораи коргарони кироя ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ва дигар объектҳоро ба Кумитаи андоз пешниҳод намоянд.
Тавре Кумитаи андоз зикр кардааст, ин иқдом пас аз қабули Кодекси андоз дар таҳрири нав дар таърихи 3-юми августи соли равон гирифта шудааст.