Рӯзи душанбе президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ба Исломобод сафар карда, бо сарвазири Покистон дидору гуфтугӯ дошт.
Президент Карзай аз сарвазири Покистон Навоз Шариф дархост кард, аз нуфузашон рӯи Толибон истифода бурда, ин ҷунбиши тундгарои исломиро сари мизи музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон орад.
Ҳамчунон аз эҳтимол дур нест, ки президенти Афғонистон раҳоии шуморе аз фармондеҳони Толибон аз зиндонҳои Покистонро тақозо кунад, зеро Кобул онҳоро коршарик дар раванди сулҳ мешуморад.
Ҳафтаи гузашта сарвазири Покистон Навоз Шариф гуфта буд, ки кишвараш бояд стратегияи нав дар муқобили Афғонистонро татбиқ кунад:
“ Дар мавриди Афғонистон мо ба ақидаи нав эҳтиёҷ дорем. Мо бояд як стратегияе таҳия ва иҷро кунем, ки як симои нави дурахшандаро барои аҳли олам муаррифӣ кунад.”
Моҳи июл Шариф гуфта буд, ки ҳукумати зери раҳбарии ӯ тарафдори сулҳ дар Афғонистон буда, аз ягон гурӯҳи ҷангҷӯй ва ё ҳизби сиёсӣ пуштибонӣ намекунад.