Дар Тоҷикистон таҳияи рӯйхати райдиҳандагон шуруъ шуд


Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ ба таҳияи рӯйхати аҳолии қобили рай, оғоз карданд. Абдуманнон Додоев-раҳбари дафтари Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон 21-уми август дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар дод.

Ба гуфтаи вай, то баргузории иҷлосияи муштараки Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ дар таърихи 30-юми август рӯйхати ҳавзаҳо, қитъаҳои интихоботӣ ва феҳристи раъйдиҳандагон мушаххас мешаванд.

Комиссияи марказии интихобот бо назардошти чанд интихоботи пешин шумораи аҳолии қобили райи кишварро 3 миллиону 900 ҳазор нафар тахмин мезанад.