Рузи аввали Форуми об дар Душанбе бидуни изҳороти хабарсоз ва бо суханрониҳои хоси чунин нишастҳои байналмилалӣ ба поён расид.
Ин нишаст ба сурати умум мушкили умдаи минтақа, набуди доду гирифти холисонаи захоири табии дар байни ҳамсояҳоро ҳал намукунад. Вале метавонад мушкили ду кишвари хурди минтақа, Тоҷикистону Қирғизистонро, ки оби фаровон доранд, вале наметавонанд онро ба фоидаи худ истифода намоянд, дар маркази таваҷҷуҳ қарор диҳад.
Нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев дар ин ҳамоиш гуфт, ки кишвараш қатъи назар аз мухолифатҳо ба бунёди нерӯгоҳҳо оғоз кардаст. Ҷаноби Сотиболдиев афзуд, ки сарватҳои нафту гази Қирғизистон хеле маҳдуд аст ва ин кишвар обро захираи стортегё арзёбӣ мекунад. Нахуствазири давлати ҳамсоя гуфт, Қирғизистон минъбад низ кушиш мекунад, ки бо истифода аз захоири об тавлиди барқро бештар кунад. Ба таъкиди нахуствазири Қирғизистон ин кишвар ҳоло танҳо 20 дарсади захоири обиашро истифода мекунад ва боқимонда ба ҳамсоякишварҳо меравад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷуҳмури Тоҷикистон, кишвари дигари минтақа, ки аз захоири об ғанӣ буда, вале газу нафти фаровон надорад, бештар дипломатӣ сӯҳбат кард ва ҳамсояҳои даъвогари обро ба ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Ӯ гуфт, «Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намоянд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст».
Ҷаноби Раҳмон ҳамчунин афзуд, ки дар баъзе аз манотиқи ҷаҳон нархи оби ошомиданӣ аз сӯзишворӣ гаронтар аст ва талабот ба об дар Осиёи Миёна низ тадриҷан зиёд шуда, рақобат барои захираҳои об дар шароити камбуди он метавонад пайомадҳои номатлуб дошта бошад.
Эмомалӣ Раҳмон низ гуфт, ки Тоҷикистон дорои потенсиали бузурги гидроэнергетикӣ буда, аммо ҳамагӣ чаҳор дарсади ин захираҳоро истифода мекунад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфти ӯ дар сурати истифодаи бештари аз ин захираҳо, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ва минтақа ба маротиб коҳиш хоҳад ёфт.
Дар конфаронси ҳамкориҳо дар риштаи об 1 100 нафар меҳмон аз 70 кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалӣ ширкат доранд.
Дар миёни онҳо нахуствазирони Тайланд, Қирғизистону Мозамбик ва 5 муовини Дабири Кулли СММ ҳастанд. Бист кишвар дар сатҳи вазирон дар конфронс ширкат меҷӯяд. Узбакистонро дар ин нишаст Шӯҳрат Тешаев, муовини вазири кишоварзӣ ва об ва Шоҳислом Шоқосимов сафири ин кишвар дар Тоҷикистон намояндагӣ карданд. Узбакистон аз кишварҳои поёноб аст, ки ба бунёди неругоҳҳои бузург дар қаламрави ду кишвари Тоҷикистону Қирғизистон мухолифат дорад ва мегӯяд, агар ин давлат ГЭС бисозад, Узбакистон бе об мемонад.
Дар ҳамин ҳол, Оғобой Смагулов, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба РО гуфт, баргузор шудани чунин конфронсҳо барои ҳалли мушкилоти истифода аз оби рӯдхонаҳои фаромарзӣ муҳиманд, зеро ҷонибҳо сари як миз метавонанд аз мавқеи якдигар огоҳ шуда, ҳамчунин пешниҳоду ташаббусҳои худро баён доранд.
Аммо ҷаноби Смагулов мегӯяд, барои истифодаи баробар ва одилонаи об дар минтақа бояд консорсиуми об сохта шавад: «Қазоқистон аз аввал пешниҳод карда буд, ки дар минтақаи Осиёи Миёна консорсиуми истифодаи об таъсис дода шавад. То ин, ки якҷо ва баробар захираҳои об дар кишварҳои минтақа истифода шаванд. Ҳатто ҳуҷҷатҳо ва консепсияи ин консорсиум низ таҳия шуда буданд. Аммо то ба ҳол ин чиз раҳандозӣ нашудааст, вале Қазоқистон то ба ҳол ҷонибдори созмони чунин консорсиум ҳаст».
Конфронси Душанбе тасмимгиранда нест, вале бо назардошти ин, ки намояндагони расмӣ ва коршиносони кишварҳои минтақа ва созмонҳои муътабари байналмиллалӣ дар он ширкат доранд, он метавонад дар эъломияи ниҳоии худ барои ҳали мушкилоти мавҷуда пешниҳодҳои муҳимеро ба миён ниҳад.
Ин ҳамоиш дар ҳоле баргузор мешавад, ки мухолифати Узбакистон бо Тоҷикистону Қирғизистон роҷеъ ба истифодаи оби рӯдхонаҳо, ба вижа роҷеъ ба сохтмони ниругоҳҳои барқи обӣ дар рӯдхонаҳои Сиру Ому шиддат ёфтааст.
Нахуствазири Қирғизистон Жанторо Сотиболдиев дар ин ҳамоиш гуфт, ки кишвараш қатъи назар аз мухолифатҳо ба бунёди нерӯгоҳҳо оғоз кардаст. Ҷаноби Сотиболдиев афзуд, ки сарватҳои нафту гази Қирғизистон хеле маҳдуд аст ва ин кишвар обро захираи стортегё арзёбӣ мекунад. Нахуствазири давлати ҳамсоя гуфт, Қирғизистон минъбад низ кушиш мекунад, ки бо истифода аз захоири об тавлиди барқро бештар кунад. Ба таъкиди нахуствазири Қирғизистон ин кишвар ҳоло танҳо 20 дарсади захоири обиашро истифода мекунад ва боқимонда ба ҳамсоякишварҳо меравад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад