Бозии ниҳоӣ барои Ҷоми ФФТ дар Турсунзода баргузор мешавад

Бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони бетараф - варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи ФФТ гирифта шуд. Бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон 31-уми август соати 16.30 шурӯъ мешавад.

Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.