Бино бар гузориши нави СММ, одамони фарбеҳ дар Тоҷикистон ҳамагӣ наздик ба 10 дарсади аҳолии калонсолро ташкил додаанд.
Барномаи хӯроквории Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар гузориши солонаи худ мегӯяд, 9,9 дарсади аҳолии калонсоли Тоҷикистон аз фарбеҳӣ азият мекашанд. Ин дар ҳолест, ки нишондиҳандаи миёна дар минтақаи Осиёи Марказӣ 18,4 дарсад буда, шумораи аз ҳама зиёди фарбеҳон дар Қазоқистон (24,4%) ба мушоҳида расида, нишондиҳандаи камтарини минтақа ба Тоҷикистон мансуб аст.
Дар Узбакистон одамони фарбеҳ 17,3 ва дар Қирғизистон 17,2 дарсади аҳолиро ташкил дода, дар Туркманистон саҳми онҳо ба 14,3 дарсад расидааст. Ба ин тартиб, Қазоқистон аз рӯйи ин нишондиҳанда дар минтақа дар ҷойи аввал аст.
Ҳарчанд фарбеҳӣ дар баъзе аз фарҳангҳо нишонаи зиндагии серу пур ва ҳатто зебоӣ ба шумор меравад, аслан ин як беморист, ки бо сабабҳои гуногун ва аз ҷумла ғизои носолиму пурхӯрӣ ва камҳаракатӣ ба миён меояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои табибати бемориҳои марбут ба фарбеҳӣ самрояи зиёд ба харҷ медиҳад. Бино бар гузориши СММ, танҳо дар соли 2010 барои ин 1,4 триллион доллар сарф шудааст.
Фарбеҳӣ бемории дарозмуддати табодули моддаҳо шумурда мешавад, ки метавонад дар ҳар синну сол ба миён ояд. Дар натиҷаи он дар бадани инсон чарбуи зиёд ҷамъ шуда, кас ба бемориҳои инфаркти миокард, инсулт, фишоир хун, холетсистит, артритӣ, панкреатит ва ғайра гирифтор мегардад, ки аксари онҳо сабаби фавти бемор мешаванд.
Табибони қазоқ се омили аслии фарбеҳшавии барзиёдро муаян карданд. Якум надонистани зарар ва ғизонокии хӯрока барои саломатӣ. Дувум сифати хӯрока. Севум омилро дар дилбастагии зиёд ба фастфуд ё хӯроки сареъ донистаанд.
«Ҳоло ҳама маҳсулотро дар кӯча мефурӯшанд. Гарду дуди ғализи техника, ки ба саломатӣ зарар дорад ба он маҳсулот печаспад. Аксари донишҷӯён нодуруст хӯрок мехуранд. Агар наҳорӣ нокарда хӯроки нисфирӯзӣ хуранд, чунин ашхос ҳатман вазни худро зиё мекунанд. Ҳоло ҳеҷгуна низоми хурокхурӣ нест, аз ин ру фарбеҳшавӣ миёни ҷавонон ру ба афзоиш аст.», гуфтааст Бақитгул Ҳамзина, табиб- диелотоги маркази тиббии «Арги+»-и Қазоқистон.