Президенти Арманистон Серж Саркисян мегӯяд, пирӯзии президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар интихоботи президентии моҳи октябр беҳтарин имкон барои ҳалли низоъ дар Қарабоғи кӯҳиро фароҳам меорад.
Рӯзи шанбе дафтари матбуотии Саркисян изҳор намуд, ки раванди музокирот фаъол аст ва президент Алиев имкон дорад, дар кишвараш бим аз Арманистонро рафъ кунад. Қарабоғи кӯҳӣ-вилояти Озарбойҷон аст, ки дар он арманиҳо аксариятро ташкил медиҳанд.
Аз ибтидои солҳои навдум ин минтақа амалан аз назорати Озарбойҷон раҳо шцудааст. Боку изҳор намудааст, ки агар раванди музокирот натиҷа надиҳад, нерӯҳои мусаллаҳи Озарбойҷон саъй хоҳанд кард, минтақаро ба тасарруф дароранд.
Пешбинӣ мешавад, ки дар интихоботи президентии Озарбойҷон Алиев пирӯз хоҳад шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати зери раҳбарии Алиевро бо таъқиби ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил ва мухолифини сиёсӣ дар арафаи интихоботи моҳи октябр муттаҳам мекунанд.