Ситораи мусиқӣ, ҳунарпешаи синамо, раққоса ва шоиру оҳангсоз Мадонна рӯзи 16-уми август 55-сола шуд.
Таронаҳои Мадонна ҳамчун пурфурӯштарин мусиқӣ ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудаанд. Аз оғози фаъоияти ҳунарияш то ҳоло зиёда аз 300 миллион нусха албоми сурудҳои Мадонна ба фурӯш рафтааст.
Аммо шӯҳрати Мадонна танҳо бо мусиқӣ маҳдуд намешавад. Маҷаллаи “Time” ӯро яке аз 25 зани тавонотарини садаи гузашта шумурдааст.
Ҳарчанд маҳс мусиқӣ Мадоннаро ба шӯҳрат расонд, имрӯз ӯро ҳамчун намунаи муди либос ва таъинкунандаи бархӯрдҳои иҷтимоӣ низ мешиносанд. Вай дар дифоъ аз ҳаққи занон, кӯдакон ва ҳамҷинсбозон, зидди таъқибҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва динӣ садо баланд мекунад ва талабҳои худро ба иҷро низ мерасонад.
Мадоннаро инчунин дар қатори онҳое ном мебаранд, ки сахттарин табуҳои фарҳангӣ ва диниро шикаста, видеоклипҳояш таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба худ кашидаанд ва ба сиёсатҳо таъсир гузоштаанд.
Муаллифи машҳуртарин таронаҳои “Мисли бокира”, “Духтари модигаро”, “Падар, таблиғам макун”, “Намозгузорӣ”, “Мусиқӣ”, “4 дақиқа” ва ғайра Мадонна зодрӯзи худро бо баргузории як сафари ҷаҳонӣ, ки чанде пеш дар Русия идома кард, ҷашн мегирад.
Дар консерти худ дар Маскав вай аз аъзои дастаи “Pussy Riot”, ки барои як намоиши танзомези зидди президент Владимир Путин муҷозот шуданд, ҳимоят намуд ва тасмим гирифт, дар ҳар ҳунарнамоии худ дар кишварҳои олам 10 дақиқаи консертро ба сарнавишти онҳо бахшад.
Чанде аз сиёсатмадорони Русия, аз ҷумла ноби сарвазири ин кишвар Дмитрий Рогозин барои чунин ҳимоят ӯро таҳти танқид ва тавҳин қарор доданд. Мақомоти Русия ҳамчунин хостанд, ҳунарнамоии ӯ дар Петербургро хилофи қонуни зидди таблиғи ҳамҷинсгароӣ номанд.
Дар гузашта Мадоннаро ҳамчунин маркази калисои католикӣ Ватикан ва рӯҳониёни мусулмон низ маҳкум карда, гоҳе зидди ӯ парвандаҳои ҷиноӣ боз ва таҳрими таронаҳояшро эълон кардаанд. Ҳамаи ин баръакс ба эътибору шӯҳрати ӯ афзудааст.
Инрог ҳам бояд илова кард, ки Мадонна духтари як марди рӯҳонист ва то синни балоғат дар мактаби динӣ таҳсил кардаву падараш мехост, ӯ рӯҳонӣ шавад.