Тоҷикистон мехоҳад кишвари орӣ аз вараҷа бошад

Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт хост, ба сифати як кишвари орӣ аз бемории вараҷа ё малария эътироф шавад.
Мақомоти кишвар мегӯянд, Тоҷикистон ба дарёфти чунин ҷойгоҳ ҳақ дорад, зеро дар як соли гузашта назар ба соли 2011 шумораи беморони вараҷа 58 дарсад коҳиш ёфта ба 33 нафар расид ва дар 7 моҳи имсол ҳамагӣ 5 нафарро ташкил дод.

Тоҳир Шерхонов, муовини мудири Маркази бемориҳои тропикӣ дар ҳошияи нишасти байнулмилалӣ зери унвони «Барҳамдиҳии бемории вараҷа ё табларза дар Тоҷикистон» ба радиои Озодӣ гуфт, ин панҷ нафар ҳам берун аз ҳудуди Тоҷикистон, дар Афғонистон сироят шудаанд: «Дар ҳақиқат кам аст, ҳамин панҷ ҳолат ҳамагӣ 0.2 дарсад шояд аз ин ҳам камтар бошад. Ин панҷ нафари мубтало ба ин маризӣ ду нафар дар ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон, яъне Шӯрообод, як нафар аз Суғд ва ду нафари дигар аз донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ҳастанд, ки онҳо шаҳрвандони Ҳиндустон буданд. Яъне, ман гуфта метавонам, ҳамаи ин панҷ ҳолат интиқолӣ ҳисоб мешавад, на маҳаллӣ.»

Тоҳир Шерхонов, муовини мудири Маркази бемориҳои тропикӣ.

Муовини мудири Маркази бемориҳои тропикии Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, тайи чанд соли охир ниҳодҳои беҳдоштӣ дар ҷилавгирӣ аз густариши бемории табларза ба мувафаққиятҳое даст ёфтаанд. Ба гуфтаи ӯ: «Ин беморӣ сироятӣ аст, аз одами бемор ба одами солим мегузарад. Барои аз байн бурдани маризии вараҷа чорабиниҳои зиёд гузаронида мешавад, аз ҷумла, гузаронидани маъракаи дорупошӣ дар маҳалҳои истиқоматӣ, тақсимоти пашшахонаҳо ба аҳолӣ. Ин албатта натиҷаи хуб нишон дод.»

Намояндагони вазорати беҳдошт мегӯянд, Афғонистон кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, нуқтаи аслии паҳнкунандаи ин беморӣ барои кишварҳои Осиёи Марказист. Бино бар омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар Афғонистон беш аз 150 ҳазор бемори табларза ба сар мебаранд. Даврон Қунғуротов, директори маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, дар давоми соли 2013 дар ин вилоят се марзбон дар марз бо Афғонистон гирифтори вараҷа шуданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вараҷа домани Тоҷикистонро раҳо мекунад




Вай гуфт, ба ин хотир тибқи барномаи миллии ҷилавгирӣ аз табларза барои солҳои 2011-2015 дар 15 минтақаи вилояти Хатлон марказҳои тропикӣ таъсис ёфта, бо тамоми таҷҳизот таъмин шудаанд: «Дар рафти гузаронидани чораҳои эмидемологӣ муайян шуд, ки ҳамаи ҳолатҳои гирифторшави ба ин беморӣ интиқолӣ буда аз Афғонистон омадааст Зеро хомӯшакҳои вараҷаовар метавонанд ба фосилаи то 30 километр парвоз кунанд.»

Ҳарчанд таҳлилгарон мегӯянд, барҳам додани ин ё он бемории сироятӣ дар Тоҷикистон ба симои байнулмилалии кишвар ва рушди туризму сармоягузорӣ мусоидат мекунад, иҷрои ин тарҳ чандон осон нест. Барфимоҳ Ғаниева, раҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хайрхоҳи замон», ки дар робита ба маҳви маризиҳои сироятӣ таҳқиқот анҷом додааст мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон барҳам додани бемории вараҷа имконпазир нест.

Даврон Қунғуротов мудири Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ дар вилояти Хатлон.

Вай афзуд, муҳоҷирати дохилӣ ва хуруҷи ин беморӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳамчунон метавонад, боиси паҳншавии табларза дар миёни аҳолии Тоҷикистон шавад. «Барномаҳои давлатӣ ҳаст, бо кӯмаки созмонҳои байналимиллӣ чорабиниҳои оммафаҳмони сурат мегирад, Аммо бубинед, як зукоми паррандаро гуем, як муддат кам мешавад, боз хуруҷ мекунад. Бемориҳои сироятиро наметавон ба якборагӣ аз байн бурд ва кишварро орӣ аз ин ё он беморӣ кард. То рӯзе, ки рафтуомади шаҳрвандон ба кишварҳое, ки нуқтаи аслии барангезандаи ин беморӣ аст, он аз байн бурда намешавад.»

Дархости мақомоти Тоҷикистон аз Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои эътироф шудан ба сифати як кишвари орӣ аз малярия дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки соҳибназарон мегӯянд, Тоҷикистон дар соли 2002-ум низ минтақаи озод аз полиомелит ё худ фалаҷи кӯдак эълон шуд, вале дар соли 2010 дар кишвар чанд мавриди сирояти ин беморӣ рӯ зада, сабаби маъракаи густардаи эмгузаронӣ шуд. Ҳамчунин мақомотит Русия муҳоҷирони тоҷикро ба интиқоли ин беморӣ мутаҳҳам карданд.

Аммо Даврон Қунғуротов, мудири Маркази мубориза бо бемориҳои тропикӣ дар вилояти Хатлон мегӯяд, хуруҷи вараҷа ба Тоҷикистон таҳдид намекунад, зеро пизишкон тавонистанд, шумораи беморонро, ки дар соли 1997 ба 50 ҳазор нафар мерасид, то чанд нафари ангуштшумор коҳиш доданд ва ин коҳиш идома дорад.