Қарордоди бузурги нафтӣ ва як размоишҳои васеъмиқёси муштарак дар моҳи июл аз аломатҳои барҷастаи он аст, ки робитаҳои Чину Русия наздиктар мешавад.
Агарчӣ беэътимодии ду кишвар ба ҳамдигар ғолибан аз байн нахоҳад рафт, вале мулоҳизоти иқтисодиву геополитикӣ Русияву Чинро беш аз пеш ба ҳам наздик мекунад. Русияву Чинро бо вуҷуди ҳамсоягӣ ва 4300 километр марзи муштарак дер боз беэътимодӣ аз ҳам ҷудо карда буд. Аммо аломатҳое дар моҳҳои ахир намоёнгари барҷастаи гармтар шудани муносибот байни ду ҳамсояи бузург аст ва бахусус имзои як қарордоди бузурги нафтӣ ва размоишҳои муштарак, ки чанде пеш баргузор шуд.
Бо вуҷуди ин ба гуфтаи таҳлилгарон, бадгумонӣ миёни ду кишвар ва рақобаташон дар Осиёи Марказӣ ҳамчунон идома хоҳад кард. Айни замон мулоҳизоти иқтисодӣ ва геополитикӣ, аз ҷумла зарурат барои эҷоди тавозун дар баробари қудрати Иёлоти Муттаҳида, ду тарафро водор кардааст, ки наздиктар шаванд. Моҳи марти ҳамин сол Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳури нави Чин, баъди 8 рӯзи расиданаш ба ин мақом ба Русия сафар кард. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ки беш аз пеш ба Ғарб пушт мегардонад, қарордодҳои зиёде бо ҳамтоии чинии худ имзо кард ва гуфт, ки робитаҳои ду кишвар “дар таърихи Чину Русия ба ин ҳад хуб набудааст.”
Ба гуфтаи таҳлилгарон, Владимир Путин аз он хушҳолӣ мекард, ки бо қудрати дар ҳоли рушду зуҳур ба мисли Чин муттафиқ мешавад. Дар ҷараёни ҳамон сафар, ширкати Роснефт бо Чин бо арзиши 270 миллиард доллар қарордоде имзо кард, ки ду баробар афзудани содироти нафт ба Чинро дар назар дорад. Алексей Маслов, мудири Пажӯҳишгоҳи Осиё дар Донишгоҳи Олии Иқтисодии Маскав, доир ба аҳамияти қарордоди нав мегӯяд: “Ба андешаи ман, инҷо на имзои қарордоди нав бо Роснефт, балки қиматгузорӣ барои нафт, масъалаи аслӣ аст, зеро қимате, ки муайян шуд, назар ба қимати миёнаи нафт дар бозори ҷаҳонӣ бисёр паст аст. Бо ин кор Русия мехоҳад, Чинро ба ҳайси як ҳамкори хубу мулоим ва нармишпазир нигаҳ дорад. Русия ҳозир аст, бо сарфи назар кардани баъзе аз манофеъи иқтисодӣ, рафиқи нав ба даст биёрад. “
Ба гуфтаи таҳлилгарон, бо назардошти талоши Аврупо ҷиҳати коҳиш додани пойбандиаш ба нафту гази Русия ва афзоиши истихроҷи газу нафт дар Амрико, барои Русия ба роҳ андохтани ҳамкориҳои қавӣ дар арсаи энержӣ бо Чин бисёр муҳим аст. Дигар ин ки Чин барои даҳсолаҳои оянда ҳамчунон ба газу нафти зиёд эҳтиёҷ хоҳад дошт. Чин ҳам дар навбати худ сабабҳои наздикӣ ҷустан бо Русияро дорад ва аз ин рӯ ҳамкориҳояшон аз арсаи энерживу тиҷорату фарорат мераванд. Моҳи гузашта Чин размоиши бузургеро ҳамроҳ бо Русия дар Баҳри Ҷопон баргузор кард, ки дар киштиҳои ҷангиву ҳавопаймо ва сафинаҳои зериобии ду тараф ширкат карданд. Бисёриҳо ин машқҳои низомиро паёме ба Амрико арзёбӣ кардаанд, ки ахиран таъсисоти низомиаш ва нерӯҳояшро ба самти шарқ ва ҳаммпаймонҳояш дар Уқёнусия баргардондааст.
Жао Ҳуашенг, мудири Маркази таҳқиқи Русия ва Осиёи Марказӣ дар Донишгоҳи Фудани шаҳри Шанхай мегӯяд, машқҳо “ба ҳадафи хосе нигаронида нашуда буд”, вале барои ҳамкориҳои дуҷониба бисёр муҳим буд: "Бо гузашти вақт эътимод байни Чину Русия бештару бештар мешавад. Ба андешаи ман, машқҳои низомии ахир идомаи ҳамкориҳои низомӣ буд. Ҳамкорӣ дар ин арса, аз муҳимтарин бахши робитаҳои ду кишвар аст."
Баъди мулоқоти сарони Чину Русия дар моҳи март гузориш шуд, ки Пекин мехоҳад, аз Русия 24 ҳавопаймои ҷангии Су-35 бихарад. Русия фурӯши силоҳ ба Чинро аз бими нусхабардорӣ шудан солҳои ахир камтар кардааст ва иҷрои ин қарордодро як аломати майли ду кишвар дар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ мешуморанд. Ба гуфтаи бисёре аз таҳлилгарон, бо назардошти манофеъи Чину Русия дар Ғарб ҳарду кишвар аз сохтани меҳвари ягонае алайҳи Ғарб ҳазар хоҳанд кард, вале ба хотири манфиатҳои муштарак бозиҳои худро идома хоҳанд дод. Масалан ҳарду кишвар тайи чанд соли ахир қатъномаҳои кишварҳои ғарбӣ дар Шӯрои Амният дар мавриди Сурияву Эрону Куриёи Шимолиро заъифтар кардаанд ва ё вето гузоштаанд. Чанде пеш рӯзномаи Ню Йорк Таймс дар як шарҳе навишт, ки ҳамоҳангсозии иқдомот, размоишҳои муштарак ва ҳамоҳангсозии сафари Эдвард Сноуден маъмури собиқи иттилоотии Амрико аломате аз саъйи Русияву Чин барои “мехкӯб кардани Иёлоти Муттаҳида аст”.
Ҳарду кишвар Чину Русия ҳузури системаи зидди мушакии Амрико дар Аляскаро нозарур хонда ва ҳам пешниҳод кардаанд, ки ниҳодҳое дар баробари Сандуқи Байналмилалии Пул ва Бонки Ҷаҳонӣ таъсис диҳанд, ки нуфузи Ғарб дар онҳо зиёд аст. Алексей Маслов мегӯяд: "Русия дар ҷустӯҷуи ҳуввияти нав ва мақоми нав дар ҷаҳон аст. Ба андешаи ман, Русия ҳоло Чинро ба ҳайси шарики стратегӣ мешуморад. Ҳеҷ яке аз онҳо доир ба ташкили эътилофи зидди амрикоӣ сухан намегуянд, вале бисёре аз иқдомоти якҷояи онҳоро метавон, зиддиғарбӣ ва ё аниқтараш зиддиамрикоӣ арзёбӣ кард."
Ба гуфтаи Жао Ҳушенг, ҳимоят кардани Русияву Чин аз мавқеъи ҳамдигар дар саҳнаи байналмилалӣ ба нафъи Чин аст. Аммо бояд дид, ки то куҷо ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда тақвият хоҳад ёфт, зеро мумкин аст, қарордодҳои нафтиву низомӣ пеш аз иҷро, беэътибор шаванд. Русия ҳоло аз фишори демографии Чин ба манотиқи васеъу холии Шарқи Дури худ нигарон аст ва аз қудрати низомии Чин ҳам метарсад. Дигар саҳна Осиёи Марказӣ аст, ки Русия онро минтақаи нуфузи худ медонад, вале кишварҳои он, батадриҷ ба мадори иқтисодии Чин ворид мешаванд.
Соли 2012 ба истиснои Узбакистон мубодилоти мол миёни чаҳор кишвари минтақа бо Чин назар ба мубодилоти мол бо Русия зиёдтар буд. Ба гуфтаи таҳлилгарон, талошҳои Путин барои таъсиси Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё як талоше барои монеъ шудан ба нуфузи афзояндаи иқтисодии Чин дар минтақа аст. Таҳлилгари амрикоӣ Ҷефри Манкоф чанде пеш дар рӯзномаи Ню Йорк Таймс навишт, ҳамкориҳои Русияву Чин на ҳамкории воқеъии стратегӣ, балки тактикист, аммо ба гуфтаи ӯ, ҳамин ҳамкории тактикӣ ҳам паёмадҳои бузурге дорад.