Ба садҳо муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ хатари ихроҷ аз Русия таҳдид мекунад
Ҳусайнҷон, як муҳоҷири 44-сола аз Ӯзбакистон, рӯзи якшанбе, таври маъмул рӯзи пуркору сертараддуд дар бозори масолеҳи сохтмонии Хованский дар ҷанубу ғарби Маскав, мунтазири кор менишаст. Ва ӯву даҳҳо ҳамватанҳояш ғофил аз он монданд, ки чӣ гуна онҳоро маъмурони ОМОН, нерӯҳои вижаи полис, дар ҳалқа гирифтанд ва ҳамроҳ бо дигар кормандони полис бо лату кӯб ба як гаражи торику нафасгир андохтанд.
Се рӯз баъд аз ин амалиёти нерӯҳои полиси Маскав, ки рӯзи 4 август сурат гирифт, Ҳусайнҷон бо Радиои Озодӣ аз боздоштгоҳ сӯҳбат мекард. Ӯ гуфт, вазъашон аз пештара бадтар аст ва яке аз муҳоҷирони ҳамроҳаш, ки корманди полис ба сараш бо калтак задааст, аз дарди зиёд ранҷ мекашад. “Ҳамин ҳоло мо дар шӯъбаи полиси Шербинка қарор дорем. Се рӯз боз чизе нахӯрдаем ва рӯи фарши сард хоб мекунем. Дар ин ҷо одамоне ҳастанд, ки ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доранд. Онҳо чанд нафари моро ба шӯъбаи полис овардаанд ва маҷбур карданд, ки ким-чӣ санадҳоеро имзо кунем. Яке аз бачаҳо сахт маҷрӯҳ аст ва вазъаш бадтар мешавад. Ӯро барои дӯхтани ҷои ҷароҳат бурданд. Онҳо моро бе ҳеҷ сабаб латукӯб мекунанд. Мо 29 нафарем ва моро дар додгоҳ тафтиш карданд. Агар ба мо иҷозаи рафтан диҳанд, мо ҳама билет харида ба Ӯзбакистон меравем", изҳор намуд Ҳусайнҷон.
Ин гуна саҳнаро дар Маскав ва дигар манотиқи Русия тайи ҳафтаҳои ахир, ки “поккори”-и бозорҳо аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ идома дорад, зиёд метавон
мушоҳида кард. Мақомоти Русия истирдоди садҳо муҳоҷирони ғайриқонуниро шурӯъ кардаанд, ки аз сӯи русҳои маҳаллӣ хуш истиқбол мешавад. Бар пояи як назарсанҷии ВСИОМ, Маркази умумируссиягии омӯзиши афкори омма, аз чаҳор се ҳиссаи сокинони Русия вуруди теъдоди бузурги муҳоҷирони ғайриславянӣ аз дигар кишварҳоро "падидаи номатлуб" мехонанд. Назарсанҷӣ ҳокист, ки 74 дар сади шаҳрвандони Русия ин гуна ақида доранд, дар ҳоле, ки панҷ сол пеш теъдоди онҳо 68 дар сад буд.
“Поккорӣ” дар бозорҳои Маскав боиси нигаронии муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ шудааст, ки ба онҳо хатари истирдод ба ватан таҳдид мекунад. София Файзуллоева, шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду фарзанд дорад, мегӯяд, шавҳараш баъд аз "поккорӣ" дар яке аз бозорҳои Маскав тақрибан ду ҳафта боз дар қароргоҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар Голяново нигаҳ дошта мешавад. Ӯ иқрор мекунад, ки ихроҷи шавҳараш барои хонаводаи фақири онҳо мушкили ҷиддӣ эҷод хоҳад кард.
Масъулини полиси Маскав мегӯянд, ҳамаи онҳое, ки дар Голяново нигаҳ дошта мешавад ва, зимнан, бештарашон шаҳрвандони Вйетнаманд, аз Русия ихроҷ мешаванд.
Ёдовар мешавем, амалиёти «поккорӣ дар бозорҳо» баъд он шурӯъ шуд, ки рӯзи 27 июл як маъмури пулис ҳангоми талоши боздошти нафари гумонбари таҷовуз ба номус дар бозори “Матвеевский”-и Маскав ҳадафи ҳамлаи гурӯҳи қафқозиҳо қарор гирифт.
Аммо ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ин “поккорӣ” муҳоҷирон ғайриқонунӣ муҷозот мешаванд, зеро аксари онҳо барои боздошт нашудан ба кормандони полис пайваста ришват медиҳанд. Афроди боздоштшуда мегӯянд, ки кормандони полис барои таом ва дигар ниёзмандиҳо низ аз онҳо пули зиёд талаб мекунанд. Муҳоҷири ӯзбак ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар шӯъбаи полиси Шербинка барои нону об аз ӯ 15 ҳазор рубл, муодили 450 доллар, талаб карданд.
Маҳмуд Каримов, муҳоҷири тоҷик, ки охири моҳи июл дар Митиши, воқеъ дар канори Маскав боздошт шуда буд, маҷбур шуд барои раҳоӣ 150 доллар пардохт кунад. Ба гуфтаи ӯ, дар бозор маъмурони полис аз муҳоҷирони тарсхӯрда то 5 ҳазор рубл талаб мекунанд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти Русия мегӯянд, “поккорӣ” ба хотири наҷоти худи муҳоҷирон аз фақру кори ғуломона аст, ки онро худи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ ба роҳ мондаанд. Аммо ба думболи ин изҳороти баҳсбаранегз рӯзи 7-уми август вазорати умури дохилии Русия иқрор кард, ки ду афсари полис - муовинҳои сардорони шӯъбаҳои умури дохилии Голяново ва Измайлово ва як корманди Хадамоти федеролии муҳоҷират бо иттиҳоми фасод ва хиёнат ба манфиатҳои хадамот боздошт шуданд. Ҳангоми тафтиш ошкор гардид, ки онҳо ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва истифодаи заҳмати ғуломвори хориҷиён дар корхонаҳои пинҳонӣ мусоидат кардаанд.
Антон Сернин, намояндаи раёсати вазорати умури дохилии Русия дар шаҳри Новосибирск мегӯяд, ахиран 400 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ ошкор шуданд, ки дар ин шаҳр ҳамроҳ бо кӯдакони хурдсолашон дар шароити ифлос ба сар мебурданд. Ба гуфтаи ӯ, аз 12 кӯдак, ки дар анбору оғилхона мезистанд, даҳ нафарашон ба бемористонҳои гуногуни Новосибирск интиқол ёфтанд ва дар он ҷо аз кӯмаки иҷтимоиву тиббӣ бархурдор мешаванд. Антон Сернин меафзояд, баъдан кӯдаконро ба волидонашон бармегардонанд ва байид нест, ки ҳамаашонро аз Русия ихроҷ кунанд.
Ихроҷ аз Русия барои ҳазорон муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ, ки дар ватанашон бо фақру бекорӣ мувоҷеҳанд, зарбаи шадиде хоҳад буд. Гуфта мешавад, бештари афроди аз сӯи полиси Маскав боздоштшуда шояд баъд аз чанд муддат раҳо карда шаванд, аммо онҳое, ки дар пешорӯи ихроҷ аз Русия қарор доранд, ҳоло аз вазъи сангин дар қароргоҳи Голяново шикоят мекунанд. Як зани қирғиз ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба онҳо фақат биринҷ ва таоми “Доширак” ва гоҳо нону чой медиҳанд. “Ҳамааш ҳамин, мегӯяд ӯ, мо дигар интихобе надорем, фақат ҳаминҳоро бояд истеъмол кунем”...