Чаро "пирмурод"-ҳо духтарони холаву аммаҳои худро аз "номаҳрамон" дур мекунанд?
Қатли Парвина аз дасти бародараш Хусрав мардуми шаҳри Кӯлобро такон дод. Ин фоҷиа рӯзи 20 июл дар соҳили рӯдхонаи Яксӯ ба вуқӯъ пайваст ва тавре баъдан Хусрав ба кормандони тафтишот иқрор кард, ӯ натавонистааст “бероҳа” шудани хоҳарашро таҳаммул кунад. Хусрав гуфт, ки “бероҳа”-ву “сабукпо” шудани Парвинаро ӯ аз дӯстонаш баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ дар Русия шунидааст.
Гуфта мешавад, ки ин дуввумин ҳодисаи “куштори номусӣ” дар Кӯлоб дар шаш моҳи ахир буд – аввали сол Мизробҷони Музаффар ҳам хоҳараш Озодамоҳро баъди он бо рӯймоли сараш бӯғӣ кард, ки аз робитаи номаҳрамонаи ӯ бо ҷавоне огаҳ шуд.
“ПИРМУРОДҲО” САРИ НАНГ ОМАДАНД?
Ҳофиз, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки баъзеҳо Хусраву Мизробро “мардбача” ва “ҷавонҳои банангу номус” ном мебаранд, аммо ағлаби мардум онҳоро чун “пастфитрату беақл” накӯҳиш мекунанд. Мусоҳиби мо меафзояд, ҳоло дар Кӯлоб теъдоди ҷавононе афзоиш ёфтааст, ки аз худ “пирмурод” метарошанд ва на фақат хоҳарон, балки духтарони аммаву тағои худро барои сӯҳбат ё мулоқот бо шахси бегонаву номаҳрам зери мушту лағад мегиранд.
Муҳаммадшариф Набизода, як рӯҳонии шинохта дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, дини мубини ислом ба касе ҳақ надодааст, ки каси дигарро муҷозот кунад, аммо барои баъзеҳо бори нанг воқеъан миёншикан аст. Ба гуфтаи ӯ, ду ҳодисаи куштори номусӣ дар Кӯлоб баъди он рӯй доданд, ки атрофиён ба ин ҷавонҳо аз бероҳагии хоҳаронашон таъна заданд. Домулло Набизода меафзояд, дар ин ҳодиса шабакаҳои телевизионии кишвар ҳам муқассиранд, ки бо намоиши филмҳо бо лаҳзаҳои шаҳвонӣ ҷавононро барои берун рафтан аз масири ахлоқи азалии қавмӣ ва мазҳабӣ таҳрик медиҳанд.
МАҲРАМ КИСТУ НОМАҲРАМ КӢ?
Парҳез аз шахси номаҳрам хоси мардуми манотиқи дурдасти кӯҳистони Тоҷикистон аст – то ҳол дар баъзе рустоҳо баробари дидани шахси бегона духтарону занҳо билофосила рӯйи худро мепӯшонанд ва пинҳон мешаванд, ба суоли бегона аз пушти дар посух мегӯянд. Давлат, як омӯзгор аз ноҳияи
Нуробод, мегӯяд, дар баъзе рустоҳо волидон фақат барои он садди роҳи мактабравии духтаронашон мешаванд, ки онҳо бо бачаҳои “номаҳрам” пушти як парта нанишинанд.
Аммо бар пояи шариат маҳрам кисту номаҳрам кӣ? Муҳаммадшариф Набизода мегӯяд, ки "дар Қуръони Шариф дар сураи “Ниссо”, ояти 23 ин мавзӯъ комилан мушаххас шудааст. Худованд мефармояд, ки “ҳаром шудааст ба шумо модаронатон, ва духтаронатон ва хоҳаронатон ва аммаҳову холаҳоятон". Дар ин оят ба иртиботи насабӣ таъкид шудааст, ки ба он ҳафт гурӯҳ аз модар сар карда то холааву амма шомиланд. Дар иртиботи сабабӣ модари завҷа ва хоҳарону дигар наздиконаш маҳрам мешаванд”.
Бар пояи шариати Ислом, ҳамчунин зан набояд ба танҳоӣ мусофират кунад, балки бояд ҳамроҳ бо ҳамсар ва ё яке аз муҳарамонаш бошад. Дар “Ҳадиси шариф” омадаст, Ибни Аббос (р) ривоят карданд, ки пайғамбар фармудааст: «Зан набояд бидуни ҳамроҳии яке аз муҳорамаш ба мусофират биравад ва ҳеҷ марде ба назди зане, ки ҳамроҳаш маҳрам набошад, ворид нагардад».
...Чанд сол пеш расонаҳои олам аз ҳодисаи гӯшношуниде дар Австрия – аз сӯи Йозеф Фритсл солҳо таҷовуз шудани духтари хурдияш Элизабет хабар доданд. Ӯ соли 2008 боздошт шуд ва иқрор кард, ки аз соли 1977, замоне, ки Елизабет ҳамагӣ 11 сол дошт, ба номусаш таҷовуз кард ва аз соли 1984 Елизабетро дар як бункери зеризаминӣ дар таҳхонаи манзилаш нигаҳ медошт. Дар ин солҳо Елизабет аз падари худаш 7 кӯдак ба дунё овард ва замоне, ки ин сир ошкор шуд, духтари калонияш Керстин 19 сол дошт ва ҳамроҳи ду бародараш боре ҳам аз бункер берун нашуда буданд.
Ба гуфтаи коршиносон, ин гуна ҳодисаҳо, ки онҳоро инсест номгузорӣ кардаанд, ангуштшуморанд, зеро ҳама динҳои асосии олам робитаи ҷинсӣ бо маҳрамро маҳкум мекунанд. Зимнан, дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон, ҳодисаҳои таҷовуз ба номуси духтарандар ба қайд гирифта шудааст. Раҳмон, як табиб аз шаҳри Душанбе, дар сӯҳбати бидуни микрофон гуфт, ки замони шӯравӣ шоҳиди ҳамин гуна ҳодиса дар ноҳияи Маскав (ҳоло Ҳамадонӣ) шуда буд – марде бо номи Мадохир ба духтари мактабхони занаш дастдарозӣ кард. Дар бораи муҷозот шудан ё нашудани ин мард Раҳмон хабар надорад, зеро баъд аз чанд рӯз ин хонавода ба дигар ҷой кӯчид ва овозаҳое паҳн шуданд, ки гӯё Мадохир бо духтарандараш ақди никоҳ бастааст...
ВАКИЛОН ФЕҲРИСТИ “МАҲРАМҲО”-РО ТАКМИЛ МЕКУНАНД?
Дар ҳамин ҳол гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мутмаинанд, ки ба феҳристи афроди “маҳрам” бояд дигар хешовандони наздик ва хуншарикро ҳам илова кард, то аз издивоҷҳои хешутаборӣ ҷилавгирӣ шавад. Саодат Амиршоева, ки бо ибтикори ӯ барои таҳияи қонун оид ба ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои хонаводагӣ як комиссиюни вижаи парлумонӣ таъсис шудааст, мегӯяд, «бояд ҷомеа минбаъд фарзандони худро тарзе тарбия кунад, ки духтари хола барои онҳо хоҳар, писари тағову амак бародар бошад”. Ба гуфтаи хонум Амиршоева, ҳадаф аз таҳияи қонуни ҷилавгирӣ аз никоҳҳои таборӣ - тоза
кардани хуни мардуми тоҷик аст, зеро аз ин никоҳҳо фарзандони маризу маъюб ба дунё меоянд, ки рӯзгори волидонро талх мекунанд. Баъзан волидайн ба азияти бузург кардани тифлони маъюб тоб наоварда, онҳоро дар ихтиёри муассисаҳои давлатӣ мегузоранд.
Хонум Амиршоева меафзояд, солҳои охир никоҳи хешутаборӣ бениҳоят зиёд шудааст, ба хусус аз ҷониби сарватмандон, ки намехоҳанд моликияташон бегона шавад. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, баъзан ин издивоҷҳо бар пояи ишқу рағбати писару духтаре сурат мегиранд, ки аз хурдӣ бо ҳам бузург мешаванд ва ба ҳам сахт унс мегиранд. Ҷонибдорони никоҳҳои таборӣ низ ба он нукта ишора мекунанд, ки ин ҷавонон аз хурдӣ дар муҳити ягонаи иҷтимоӣ ба воя расидаанд ва ҳамдигарро хубтар мешиносанд.
Ба гуфтаи Саодат Амиршоева, тарҳи қонун барои баррасӣ ба Академияи улуми тиб ва Пажӯҳишгоҳи модару кӯдак ва вазоратҳои дигари зидахл фиристода шудааст ва қарор аст, ки онҳо назару хулосаи худро то миёнаҳои моҳи август, то шурӯи кори парлумон баъд аз таътил, ба гурӯҳи корӣ ироа кунанд. Ба ин гурӯҳ Назира Ғаффорова, муовини раиси Маҷлиси намояндагон раҳбарӣ мекунад ва ба он ба ҷуз хонум Амиршоева боз ҳафт вакили парлумон, аз ҷумла раҳбарони се кумита - Маҳмадалӣ Ватанов, Амирқул Азимов, Хайринисо Юсуфӣ шомиланд.
Ба назар мерасад, ки мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон ҳам ба густариши феҳристи афроди маҳрам ва ҷилавгирӣ аз издивоҷҷҳои таборӣ мувофиқанд, зеро, бар пояи таҳқиқи онҳо, тақрибан 50 дарсади кӯдаконе, ки аз издивоҷи хешовандон наздик ба дунё меоянд, мубталои бемориҳои мухталифи ирсӣ ҳастанд ва танҳо 25 дарсади онҳо солиманд. 25 дарсади кӯдакони ин гуна оилаҳо аз бемориҳои модарзодӣ азият мекашанд.
Як пажӯҳиш дар вилояти Суғд муқаррар кард, ки то 80 дарсади кӯдакони маъюб дар хонаводаҳое ба дунё меоянд, ки издивоҷи хешутаборӣ доранд. Ва 15 дарсади хурдсолоне, ки аз бемориҳои мухталиф ҷон медиҳанд, низ аз никоҳҳои хешутаборӣ зода мешаванд. Бештари мавориди никоҳи хешутаборӣ, бино бар ин таҳқиқот, дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Исфара ва Истаравшан ба мушоҳида расидааст.
Муҳаррама Раҳимова, муҳаққиқи масоили иҷтимоӣ, ки дар анҷоми пажуҳиш саҳм дорад, мегӯяд, “кӯдакон бар асари вирусҳои аз Русия овардаи падарони муҳоҷирашон ба маризиҳое чун фалаҷу камақлӣ мубтало мешаванд, аммо сабаби асосии ин маризиҳо – издивоҷи хешутаборӣ боқӣ мемонад”.
Аммо Муҳаммадшариф Набизода, рӯҳонии шинохта, таъкид мекунад, ки дар хонаводаҳои аз табори наздик бунёдшуда ҳам фарзандони солеҳу донишманд мерӯянд. Дар робита ба пешниҳоди вакилони парлумон оиди қабули қонуни ҷилавгирӣ аз издивоҷи хешутаборӣ ӯ мегӯяд, беҳтар мебуд агар дар Тоҷикистон қонуне таҳия шавад, ки истеъмоли машрубот ва сигоркашӣ аз сӯи занҳоро манъ кунад, зеро ағлаби кӯдакони маъюбу ноқис маҳз аз занҳои бадмаст ба дунё меоянд.
БЕВА МОЛИКИЯТИ ХОНАВОДА АСТ
Коршиносон ба раванди дар замони муосир коҳиш ёфтани издивоҷҳои хешу таборӣ тишора мекунанд. Дар Аврупо ва Амрикои Шимолӣ ин гуна издивоҷҳо аз як дар сад бештар нестанд. Дар бисёр кишварҳои Осиёӣ, ки солҳои пеш ин гуна никоҳҳо маъмулӣ буданд, раванди коҳиш ёфтани оила барпо кардани афроди хуншарик ба чашм мерасад. Ва аммо дар олам ҳанӯз ҳам қавму қабилаҳои
камшумуле дар манотиқи душворгузари кӯҳӣ ё ҷазираҳо ба сар мебаранд, ки чун мардумаш аз мавзеи худ берун намеравад, издивоҷи таборӣ ногузир шудааст. Ин гуна қабилаҳо дар манотиқи кӯҳии Швейсария ва дар қаламрави Амрикои ҷанубӣ ошкор шудаанд.
Издивоҷи таборӣ то ҳол дар Афғонистону Покистон роиҷ аст. Шукрия Борикзай, вакили парлумони Афғонистон ва ҳомии ҳуқуқҳои занон, мегӯяд, аз қадим боз дар кишвар издивоҷҳо дар байни хешу табор, ки хуншарик ҳастанд, сурат мегирад. Ба гуфтаи ӯ, вақте, ки баҳси хонадоршавӣ ба миён меояд, қабл аз ҳама духтари амаку писари хола дар авлавият қарор мегиранд, ҳарчанд хуб медонанд, ки аз ин гуна хонаводаҳо фарзандони солим кам ба дунё меоянд. Аз сӯи дигар бар асари издивоҷи таборӣ оилаҳо густариш намеёбанд ва дар маҳдудаи хешу табори худ боқӣ мемонанд. Хонум Шукрия меафзояд, дар Афғонистон занҳои бевамонда ҳам сарнавишти талхе дорад, зеро зани беваро як ҷузъи моликият мехонанд ва тақдири ояндаи ӯ дар дасти моликаш – хонаводаи шавҳараш аст. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, “ин мавзӯъ ҳам баҳси номусӣ ва ҳам баҳси моликиятӣ аст, номусӣ бар он маъно, ки зани бародараш номуси бародараш аст ва набояд бо каси дигар хонадор шавад. Моликиятӣ бар он маъно, ки ӯ моли ин хонавода аст ва бояд тақдираш дар ҳамин хонавода ҳал шавад”. Баъзан, мегӯяд хонум Шукрия, ҳолате мешавад, ки “бева бояд ба бародари нӯҳ-даҳсолаи шавҳари ҷавонмаргаш хонадор шавад ва ӯ то бузург шудани ин кӯдак интизор мемонад ва ин ҷавон ҳам маҷбур аст бо зане издивоҷ кунад, ки ҳамеша ҷойгоҳи як модар ё хоҳари бузургро дошт”.
БУДДОИҲОВУ БАҲОИҲО ЗИДДИ ИЗДИВОҶИ ТАБОРИЯНД
Зимнан, дар Аврупои қарнҳои миёна ҳангоми издивоҷ миёни “маҳрам”-у “номаҳрам” фарқ намегузоштанд. Муҳаққиқон аз аъзои хонаводаи салталантии Габсбургҳо, ҳокимони Австрия ва чандин кишвари аврупоӣ, ёд меоваранд, ки чандин бор бо хуншарикҳои худ оила барпо карда буданд. Аз ҷумла, шоҳ Филиппи ду бори аввал бо духтари аммаш ва бори дуюм бо хоҳарзодааш издивоҷ кард. Писари ӯ Филиппи се бо духтари аммааш ва Филиппи чаҳор бо хоҳарзодааш оила барпо карданд. Гуфта мешавад, ки аз онҳофарзандони ноқисулақл ба дунё омаданд.
Пайравони дини буддоӣ дар Осиёи Ҷанубу шарқӣ ба издивоҷи таборӣ бартарӣ медиҳанд. Аммо дар ин дин никоҳи фарзандони хоҳарону бародарон манъ шудааст. Агар ин гуна издивоҷ сурат гирад, навхонадорҳоро аз ҷамъият берун карда мешаванд. Издивоҷи ду бародар бо як зан, ки миёни буддоиҳои Шри-Ланка маъмул буд, соли 1952 расман мамнӯъ эълон шуд.
Музаффара Сатторова, як тан аз масъулини ҷамъияти баҳоиҳои шаҳри Маскав мегӯяд, ки Ҳазрати Баҳоуллоҳ издивоҷи хешутабориро манъ кардааст. Баҳоиҳо метавонанд бо ҳама қавму миллату нажод ва намояндагони ҳама адён оила бунёд кунанд, аммо фақат баъд аз маросими вижаи мазҳабӣ. Ба гуфтаи ӯ, "дар ин маросим арӯсу домод ба ҳамдигар фақат як ибораро мегӯянд: “Ҳамаи мо ба иродаи Худованд итоат хоҳем кард”. Баъди ин ҳарфҳо дуо хонда мешавад, ин метавонад дуои насронӣ ё мусалмонӣ бошад. Ин ақди никоҳи мазҳабӣ бояд ҳатман дар як рӯз бо ақди никоҳи шаҳрвандӣ ё дунявӣ сурат бигирад”.
Музаффара меафзояд, дар мазҳаби Баҳоӣ тавсия мешавад, ки зану шавҳар ҳамдигарро пеш аз тӯй хуб шиносанд ва моҳҳову солҳо дар шароиҳои гуногуни зиндагӣ бо ҳам бошанд. Ва дигар шарти муҳим, ба гуфтаи Музаффара, ризояти волидон, ҳатто ризояти хаттии волидон зарур аст. Ва ҳатто агар волидон аз ҳам ҷудо шуда бошанд ваё агар дар кишварҳои ҷудогона зиндагӣ кунанд...