Иди Фитр дар Тоҷикистон ба рӯзи 8 август таъйин шуд

Сайидмукаррам Абдуқодирзода (акс аз бойгонӣ)

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кард, ки панҷшанбеи 8 август дар Тоҷикистон Иди Фитр ё Рамазон таҷлил мешавад.
Сайидмукаррам Абдуқодирзода рӯзи 2 август қабл аз намози ҷумъа дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе хитоб ба намозгузорон гуфт, ки "бар асоси тасмими Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мардуми кишвар рӯзи панҷшанбеи 8 август аз Иди Фитр ё Рамазон ид хоҳанд кард."

Ҷаноби Абдулқодирзода гуфт, намози ид дар ин рӯз соати 7 субҳ барпо мешавад ва ҳама масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъ ин маросимро иҷро хоҳанд кард.

Ҳамчунин, ба гуфтаи уламои тоҷик, шаби Лайлатулқадр, ки дар ислом шаби нузули Қуръони карим шаби якшанбе шинохта шудааст, фардо, шоми шанбе фаро мерасад. Дар ин шаб бештари мусалмонон шабзиндадорӣ мекунанд ва ба тоату ибодат машғул мешаванд.

Моҳи мубораки Рамазон дар Тоҷикистон 9 июл оғоз шуда буд. Рамазон аз ҷумлаи моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарист ва дар тақвими исломӣ пас аз моҳи шаъбон ва пеш аз моҳи шаввол меояд. Дар ин моҳ мусулмонон ба ҷуз доштани рӯза, ба ибодат ва қироати Қуръон низ машғул шуда, қалби худро аз кина пок месозанд ва аз корҳои ғайришаръӣ даст мекашанд.

Ҳамчунин ҳар мусалмони воҷибулзакот бояд дар ин моҳ закоти молашро бисупорад ва барои кулли мусалмонон, ҳатто барои онҳое ки дар батни модаранд, садақааи Фитр таъйин шудааст, ки бояд то намози ид пардохт шавад. Бар асоси тасмими Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, имсол андозаи садақаи Фитр баробар ба ду кило гандум, яъне 3 сомонӣ таъин гардида ва ҳамчунин аз 14 ҳазор сомонӣ 350 сомонӣ закот муайян шудааст.

Рамазони имсола дар Тоҷикистон дар шароите мегузарад, ки ҳарорати ҳаво бахусус дар даҳаи севуми моҳи июл ба таври дастикам барои соли ҷорӣ рекордӣ боло рафта, дар бархе манотиқ то ба зери 50 дараҷа мерасид.

Сайидмукаррам Абдуқодирзода дар намози ҷумла ҳамчунин аз тамоми мусалмонон даъват кард, ки дар рӯзҳои ид чатри хайру саховат махсусан барои мардуми ниёзманд, маъюбон ва ятимонро боз кунанд.

Ин дар ҳолест, ки дар арафаи рӯзҳои ид, бахусус идҳои мусалмонӣ, дар Тоҷикистон нарху навои маҳсулот дар бозорҳо ба шиддат боло меравад. Аксарият дар кишвар бар инанд, ки айни ҳолат дар пешорӯи иди имсолаи Фитр низ пеш хоҳад омад.