Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тохтутоз"-и гармои рекордӣ дар Тоҷикистон


Гармо дар Хатлон бозори обфурӯшонро гарм кардааст
Гармо дар Хатлон бозори обфурӯшонро гарм кардааст

Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, гармои шадиду барои имсол бесобиқа дастикам то аввалҳои моҳи август домани Тоҷикистонро сар нахоҳад дод.

Елена Горбунова аз Маркази ҳавошиносии Душанбе рӯзи 28 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе ҳаво дар Хатлон то 46, дар Суғду Душанбе то 42 дараҷа гарм аст. Хонум Горбунова гуфт, гармо дар навоҳии кӯҳистон низ тоқатфарсо буда, ҳатто дар шарқи Бадахшон ба 41 дараҷа мерасад.

Елена Горбунова гуфт, ин гармои шадид ва дасти кам дар соли равон бесобиқа ҳадди ақал то рӯзҳои аввали моҳи август ба ҳамин сурат боқӣ хоҳад монд ва ҳарорати ҳаво дар водиҳо то 43 дараҷа ва дар ҷануби Тоҷикистон то 46 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар кӯҳистон низ, ба гуфтаи ӯ, ҳарорат дар ин рӯзҳо 34-39 дараҷа гарм барҷой мемонад.

Е.Горбунова: Гармо дастикам то поёни моҳ давом хоҳад кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:28 0:00
Линки мустақим

Ҳавошиносон ҳушдор додаанд, ки гармои шадид хатари сӯхторҳоро башиддат афзуда, боиси ба таври қобили мулоҳиза боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳое, чун Вахш, Панҷ, Ғунд, Бартанг, Язғулом ва Зарафшон хоҳад шуд, ки асосан аз обшавии барфу пиряхҳо об мегиранд. Елена Горбунова гуфт, "дар навоҳии кӯҳистон дар ин чанд рӯзи оянда хатари сел ва дар баландии 4 00 - 4 500 метр хатари рехтани тарма меафзояд."

Аммо Елена Горбунова иддаои онҳоеро, ки бо такя ба арқоми термометрҳои гузошташуда дар кӯчаҳои Душанбе дар бораи ба 50 дараҷа расидани ҳарорат сӯҳбат мекунанд, воҳима номид. Ӯ афзуд, "гармои ин шабу рӯз дастикам барои соли равон рекордист, вале таҳлили қиёсии он бо солҳои қаблӣ дар як ило ду рӯзи наздик омода хоҳад шуд."


Ҳавошиносон ин гармои шадидро натиҷаи ба самти Тоҷикистон вазидани фронти атмосферӣ аз манотиқи шимоли Африқо маънидод мекунанд.
Ин гармои бесобиқа дар ҳоле ба сари Тоҷикистон фурӯ рехт, ки мардуми қариб 97 дарсад мусалмонаш дар айни моҳи шарифи Рамазон қарор дорад ва шиддати гармо ҳоли мардуми рӯзадорро бахусус тоқатфарсо мекунад.

Табибон ба мардум маслиҳат медиҳанд, ки дар ин гармо бидуни зарурат ба кӯча набароянд. Ба онҳое ки нисбат ба гармо хеле ҳассосанд, нӯшидани оби зиёд тавсия мешавад. Бархе аз ҳамсӯҳбатони мо дар Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо ва ҳамин тавр, бисёре аз дӯстонашон ба шиддати гармо тоб наоварда, рӯзаи худро хӯрдаанд.

“Худо хоҳад, рӯзҳои қарзиамро баъдтар, ки ҳаво мулоимтар шуд, рӯза мегирам, вале дар ин гармӣ, ба Худо,. Дигар натавонистам,” – гуфт як мусоҳиби Озодӣ дар Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон.

Хабарнигори Озодӣ дар Қӯрғонтеппа асароти гармо дар ин минтақаро чунин тасвир мекунад:


Асароти гармо дар Хатлон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00
Линки мустақим


Шиддати гармо бавижа дар ҳамин минтақаи ҷанубии Тоҷикистон маҳсус аст ва дар бархе гӯшаҳояш, ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳарорат то ба 48 дараҷа мерасад. Дар вилояти Хатлон барои муқобила бо асароти гармо як куммиссиюни вижа ҳам ташкил дода, ниҳодҳои наҷотбахшро ба далели боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо бар асари обшавии пиряхҳо ба ҳолати омодабош овардаанд.


Ғайбуллои Афзал
Ғайбуллои Афзал
Ғайбуллои Афзал, раиси вилояти Хатлон гуфтааст, "бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Хатлон гармтарин вилояти Тоҷикистон аст, ин куммиссиюн бо шумули намояндагони мақомоти ҳолатҳои фавқуллода, тандурустӣ, БДА ва дигар ниҳодҳои давлатӣ таъсис шуд." Ҷаноби Афзал гуфт, ба ҳамаи ниҳодҳои марбутаи давлатӣ дастур дода шудааст, ки ба паёмадҳои эҳтимолии гармои шадид омода бошанд ва иқдомоти лозимро рӯи даст бигиранд.

Ғайбуллои Афзал ба маъмурони Бозрасии давлатии автомобилӣ ё пулиси роҳ дастур додааст, ки аз ҳаракати мошинҳои вазнинбор дар роҳҳо аз соати 8 субҳ то 8 шом ҷилавгирӣ кунад. Зеро ба таъкиди ҷаноби Афзал, дар пайи гармои шадид ҳаракати мошинҳои вазнинбор дар роҳҳои қирпӯш ё асфалтдор боиси харобии роҳҳо хоҳад шуд.

Раиси вилояти Хатлон ба фаъолияти идораи ҳолатҳои фавқуллода дар ин рӯзҳо бештар таъкид кард ва гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба гармои шадид имкони обшавии пиряхҳо ва хатари имоли обхезӣ ва сел вуҷуд дорад, бояд тадобири ҷилавгирӣ ва омодагӣ андешида шавад.

Ӯ, ҳамин тавр, идораи тандурустиро муваззаф кардааст, ки ба мардум роҳҳои эмин мондан аз асароти гарморо фаҳмонда, кӯдаконро нагузоранд, ки рӯзона зери офтоби сӯзон бимонанд.
XS
SM
MD
LG