Дархости кӯмаки як зани бемор

Саодат Шарифова.

Саодат Шарипова, сокини 43 солаи шаҳри Душанбе дар панҷ моҳи пеш дар пайи хуруҷи бемории меъда ба Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологӣ муроҷиат кард ва пас аз ташхис маълум гардид, ки вай ба бемории Гепатити С гирифтор аст.
Табибони ин марказ ба Саодати аз ин хабар хеле ғамгин се таблетка навишта ва гуфтанд, ки мӯҳлати дармон 4 моҳ идома хоҳад кард ва ӯ шифо хоҳад ёфт. Пас аз шунидани суханони табибон Саодат то ҷое тасалло ёфт, аммо чун ба чанд дорухона сар халонд, бӯе аз ин таблеткаҳо ба машомаш нарасид ва дубора маҳзун шуд. Пас аз се моҳи даводавиҳои зиёд Саодат билохира намояндагии ширкати MSD дар Тоҷиикистонро пайдо кард, ки ин таблеткаҳоро доштааст. Аммо чун пули се таблеткаро аз намояндаи ин ширкат шунид, боз "тарбуз аз бағалаш" афтид. Зеро барои чор моҳи табобат маблағи 35 ҳазор сомонӣ ё муодили 6, 5 ҳазор доллар даркор буд. Ин ҳам албатта бо тахфифе, ки ширкат барои Саодат пешниҳод кардааст.

Ҳамакнун ду моҳ аст, Саодати бемор бо дили реш - реш ба сад ҷо сар мехалонад ва дархости кӯмак мекунад. Албатта, унвонии вазири тандурустӣ ва раиси ҷумҳур низ нома навишт, то ба мушкилаш дасти кӯмак дароз кунанд. Аммо вазорат фақат ӯро ба дармонгоҳи маҳаллашон тавсиа карда, ки пизишкони ин муассиса барои дармони Саодати бемор "дасткӯтоҳ" -анд. Чун доруҳои барои дармони гирифтории бемории Гепатити С, на танҳо дар ин дармонгоҳ, балки дар дигар дармонгоҳҳо ёфт намешавад. Агар пайдо шавад ҳам, бо нархи "дандоншикан". Ҳатто як намояндаи вазорати тандурустӣ ба Саодат гуфтааст, ки дар ҷумҳури 1, 5 ҳазор нафар дар навбати гирфтани доруҳо барои дармони Гепатити С ҳастанд.

Ба ин тартиб, рӯз аз рӯз вазъияти Саодат вазнитар мешавад ва намедонад чӣ кор кунад. Чун ӯ касе надорад, ки ёрии молиаш кунанд ва бар илова шавҳараш - Ғолиб Табаров, маъюби гурӯҳи дуюм буда дар ҳеҷ ҷо кор намекунад ва танҳо зиндагии онҳо бо маблағи нафақаи ӯ, ки 700 сомониро ташкил медиҳад, мегузарад. Саодату Ғолиб 5 фарзанд ҳам доранд, ки ду нафари ҷигарбандонаш низ маъюб ҳастанд ва ҳар кадоме 100 сомонӣ нафақа мегиранд, ки барои доруву дармонашон ночиз аст.

Онҳо сокини кӯчаи Ҳабиб Аҳрори ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҳастанд, ки дар як манзили назарногир, ки "барак" мегӯянд, зиндагӣ мекунанд. Зану шавҳар бо ашки шашқатор мегӯянд, ки ақаллан мошин надоранд, ки онро фурӯшанду дору харанд. Ғолиб меафзояд, ки аз табобати ҷароҳатҳои фалокати Чернобил, ки ҳанӯз ҳам рӯҳану ҷисман азияташ медиҳанд, Худоро дуо мекунад, ки фарди саховатпешае пайдо шавад то ба онҳо кӯмак кунад, ки бемории ҳамсарашро рафъ созанд.

Ин аст, ки Саодати бемор ва Ғолиби маъюб дар ин моҳи мубораки Рамазон аз мардуми хайрхоҳу доро ва сарватманд илтиҷо доранд, ки ба онҳо дасти ёрӣ дароз кунанд. Аз ҳар нафаре, ки мехоҳад ба ин хонавода кӯмак кунад, хоҳиш мешавад ба ин шумораҳо: 919 64 53 39 ва 919 64 53 40 занг занад ё ба нишонии торнамои Озодӣ: tajikweb@rferl.org нависад.