Сухангӯи Ихвонулмуслинин мегӯяд, маъмурони амниятӣ дар тазоҳуроти тарафдорони ин созмон дар шаҳри Қоҳира 71 нафарро кушта ва бештар аз 175 тани дигарро захмӣ кардаанд.
Маъмурони амниятӣ бомдоди шанбе ба самти тазоҳургарон, ки дар наздикии масҷиди Робиаи Адавия ҷамъ омада буданд, тир андохтаанд. Дар ҳамин ҳол бино ба гузориши хабаргузории "Ал-ҷазира" ба нақл аз як мақоми бемористони майдонӣ дар маҳали таҷаммуи ҷонибдорони Муҳаммад Мурсӣ, бар асари ин ҳамла 120 нафар кушта ва беш аз 4500 нафар захмӣ шудаанд
Аз ин пеш дар муноқишаи байни тарафдорони Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршуда ва мухолифони ӯ 7 нафар кушта шуданд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса аз шаҳри Искандария будаанд, ки муноқиша онҷо сурат гирифт.
Муҳаммад Мурсиро рӯзи 30-юми июн артиши Миср аз мақомаш барканор кард, ҳоло тарафдоронаш мехоҳанд, ки ӯро дар мақомаш барқарор кунанд. Бо авҷ гирифтани бесарусомонӣ дар Миср, интизор меравад, артиши ин кишвар алайҳи созмони Ихвонулмуслимин иқдом кунад. Вазири умури дохилии Миср пӯзи ҷумъа гуфт, тазоҳуроти якмоҳаи тарафдорони Мурсӣ дар Қоҳираро “ба зудӣ аз роҳи қонунӣ хотима хоҳад дод.”
Айни замон додситонҳо дар шаҳри Қоҳира эълон карданд, ки нақши Муҳаммад Мурсӣ дар робита ба қазияи фирор аз зиндон ва қатли посбонону сарбозон дар замони қиёмҳои мардумии Миср дар соли 2011 таҳқиқ мекунанд. Ҳамчунин ӯро ба ҷосусӣ барои созмони Ҳамос муттаҳам кардаанд. Ҳамаи ин аломатест аз шиддат гирифти таниш миёни артиши Миср ва исломгароён.
Артиши Миср аз мардум даъват кард, ки рӯзи ҷумъа дар саросари кишвар бо ҳимоят аз “мубориза алайҳи хушунат ва терроризм” раҳпаймоӣ кунанд. Садҳо ҳазор нафар баъди ин даъват ба хиёбонҳо рехтанд, аз сӯи дигар созмони Ихвонулмуслимин ҳам тарафдорони худро ба тазоҳурот хонд, то алайҳи барканории Муҳаммад Мурсӣ эътироз кунанд. Рӯзи шанбе ҳам таниш миёни тарафдорону мухолифони Мурсӣ дар шаҳри Қоҳира зиёд буд ва доир ба муноқишаҳои алоҳида ҳам гузориш мерасид.
Яке аз мухолифони Мурсӣ, ки дар майдони Таҳрир дар маркази Қоҳира ҷамъ омадаанд, мегӯяд, ки мардуми кишвараш мухолифи ҳукумати исломгароён аст:
"Ман ба хотири ҳимояти ҳамаи шаҳидон омадам, зеро мо Ихвонулмуслимин ва ё терроризм дар кишварро намехоҳем. Мо мехоҳем дар байни мардум, дар байни мусулмонону масеҳиён ваҳдат бошад."
Аммо як тарафдори раиси ҷумҳури барканоршуда, Абдулфаттоҳ ал-Сиси, фармдонеҳи артишро гунаҳкори шиддат гирифтани авзоъ дар Миср мехонад. Ба гуфтаи ӯ, Ал-Сиси мардумро барои он ба тазоҳурот даъват кардааст, ки нишон бидиҳад, аз амалкарди онҳо ҳимоят мешавад.
Рӯзи ҷумъа додгоҳи Миср амр дод, ки Муҳаммад Мурсӣ то замони хотимаи таҳқиқи иддаоҳо доир ба ҳамкории Мурсӣ бо Ҳамос ва даст доштани ӯ дар қазияи фирор аз зиндониён, то 15 рӯзи дигар дар боздошт бимонад. Дар он замон Муҳаммад Мурсӣ ва чанд раҳбари дигари Ихвонулмуслимин аз зиндон раҳо шуданд. Баъд аз барканории Мурсӣ аз мақомаш дар се ҳафта пеш дар муноқишаҳои сиёсӣ дар ин кишвар 200 нафар кушта шудаанд.