Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ки 150 ҳазор тоҷик аз динҳои дигар пайравӣ мекунанд
Дари хонаи Рӯё Аваз Алӣ ба рӯи ошнову ноошно баста аст. Дар кадом гӯшаи Маскав ба сар бурдани ӯро ҳам ба ҷуз чанд тан аз кормандони хадамоти муҳоҷират ва рӯҳониёни калисои православӣ касе намедонад - яку ним сол пеш ин духтари афғон ба хотири зиндагӣ дар Русия дини исломро тарк намуд ва ба дини масеҳӣ пайваст.
РӮЁ ЧАРО РУФ ШУД?
Волидони Рӯё солҳо пеш Афғонистонро тарк карданд ва баъд аз чанд муддати иқомат дар Тоҷикистон се сол пеш муқими вилояти Перми Русия шуданд. Як сол баъд сарвари хонавода аз тафтиши зиёди кормандони полис ба танг омад ва барои дарёфти паноҳандагӣ ариза навишт. Вале ҳарфаш дар даҳонаш монд - ошкор шуд, ки онҳо бо ҳуҷҷатҳои тақаллубӣ ба Русия омадаанд ва санаде ҳам дар бораи таъқиб шуданашон дар Афғонистонро надоранд. Дар ҳоле, ки падар талоши эҳёи ҳуҷҷатҳои расмии аҳли оила аз тариқи сафорати Афғонистон дар Маскавро дошт, Рӯё ба иқдоме даст зад, ки ҳамаро дар ҳоли шок қарор дод – ӯ ба дини масеҳӣ пайваст ва номи Руфро гирифт.
Лилия Аристова, як масъули Раёсати умури шаҳрвандии Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ба радиои «Голос России» гуфтааст, ки баъди қабули дини насронӣ роҳи бозгашти Рӯё ба зодгоҳаш баста шуд – дар Афғонистон афроди тарки ислом намуда муртад эълон мешаванд ва барои онҳо ҳукми эъдом муқаррар шудааст. Ба иддаои худи Рӯё, ӯ борҳо шоҳиди сангборон кардани духтарон шудааст ва ин гуна сарнавиштро намехоҳад.
Аммо Рӯё интизор надошт, ки тасмим барояш ин қадар гарон меуфтад – волидону бародаронаш аз ӯ рӯй гардониданд ва ба дигар шаҳри Русия кӯчиданд. Лилия Аристова мегӯяд, ба ҳамин хотир мақомоти муҳоҷиратии Русия тасмим гирифтанд, ки ба духтари афғон барои як сол паноҳгоҳи муваққат диҳанд – санаде, ки дар сурати зарурат мӯҳлати он тамдид хоҳад шуд.
КАШФИ «ТАРАФИ ДИГАРИ МОҲ»
Имон Валерия Порохова, донишманди маъруфи рус ва мутарҷими Қуръони Шариф ба забони русӣ, мегӯяд, ки гаравидан ба динҳои дигар солҳои ахир ба як амри маъмулӣ табдил шудааст ва бар пояи оморҳо, бештар масеҳиҳо ба дини ислом мепайванданд, ҳарчанд ҳодисаҳое чун пазируфтани дини насронӣ аз сӯи духтари афғон ҳам кам нестанд. Ӯ меафзояд, «одамони гуногун аз роҳҳои гуногун дар ин бора тасмим мегиранд. Агар шахси варзида ва соҳиби
маълумоти воло ба дини дигар мегаравад, ин маънои онро дорад, ки ӯ, ба истилоҳ «тарафи дигари Моҳ»-ро кашф кардааст. Ин гуна одамон зиёд меомӯзанд, динҳоро қиёс мекунанд ва мебинанд, ки ин дин барояш бештар писанд аст». Хонум Имон Валерия меафзояд, «одами маъмулӣ дини худро дар сурате иваз мекунад, ки ин дин барояш хатар дошта бошад ё дар муҳити бегона ба як пора нону як ҷуръа об ниёз дошта бошад. Бигирем, ӯ дар кӯча қадам мезанад ва хуб медонад, ки чун сабзинаву мусалмон аст, одамони атроф метавонанд алайҳаш тавтеъа кунанд, зимнан, тавтеъа дар замони мо хело зиёд шудааст. Ва ӯ аз тарси тавтеъа, аз тарси он ки ӯро дар терроризм айбдор накунанд, шояд дини худро иваз мекунад».
Дар Тоҷикистон, ба гуфтаи пажуҳишгарони мазҳабӣ, гаравидан ба дигар адён солҳои 90-ум, баъди истиқлоли кишвар авҷ гирифт. Фаридун Ҳодизода, раиси Академияи муколамаи байни мазҳабҳои Тоҷикистон ёд дорад, ки он солҳо теъдоди бузурги мубаллиғони дигар динҳо ба кишвар омаданд. Ба гуфтаи ӯ, “ин мубаллиғон, ки пул доштанд, мардумро ба дини худ даъват мекарданд ва он вақт мардум ҳам ба дин ташнатар буд ва намедонист кадом тараф равад. Хусусан насрониҳо он солҳо зиёд кор карданд... Он солҳо дар Душанбе як гурӯҳи баптистҳо буд, КАДА, ОРА ва дигар гурӯҳҳо машғули таблиғот буданд”.
МУРТАДӢ БАРОИ ...ЯК ХАЛТА ОРД?
Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, дар як нишаст бо имомхатибони вилояти Хатлон гуфта буд, ки ҳоло 150 ҳазор тоҷик пайрави дигар динҳо ҳастанд ва табдили дин ба ин гуна сурати дастаҷамъӣ ҳатто дар даврони Шӯравӣ мушоҳида нашуда буд. Ба гуфтаи ӯ, бахши бузурги ин гурӯҳ масеҳӣ шудаанд, вале ба хотири табъиз нашудан дар ҷомеъаи мусалмоннишин, мазҳаби воқеии худро пинҳон медоранд. Зеро мардум дар як ҷомеаи 99 дар садаш мусулмон, ба андозае, ки аз гаравидани як масеҳӣ ба дини ислом хушнуд мешаванд, ба ҳамон андоза аз гаравидани мусалмонҳо ба динҳои дигар ба хашм меоянд.
Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, донишманди илми фиқҳ, ҳам мегӯяд, аз солҳои 90-ум ба ин сӯ овозаҳое ба гӯш мерасанд, ки одамон ҳатто ба хотири як маблағи ночиз ва ҳатто як халта орд дини худро тарк мекунанд, ҳарчанд ин ба гуфтаи ӯ боварнокарданист. Аз нигоҳи рӯҳонии тоҷик, як сабаб шояд ин буду ҳаст, ки "мардум исломро комилу шоиста, он тавре, ки як инсон динашро биомӯзад, наомӯхтаанд, зеро дар аксар ҷойҳо шароити омӯхтани дин мавҷуд нест ва мансабдорон садди роҳи онҳое мешавад, ки мехоҳанд динро ба дигар биомӯзонанд”. Ӯ меафзояд, бар пояи таъкиди Паёмбар Муҳаммад салаллоҳи алайҳи васаллам, қабл аз ҳама бояд талоши рафъи шубҳае шавад, ки дар дили он афрод нисбати дини ислом пайдо шудааст, яъне, бояд мушаххас кард, ки ин шахс дар дини ислом чӣ нуқсу камбудиро ошкор кардааст.
Аммо, агар рафъи шубҳа муваффақ нашуд ва мусалмон бидуни далели ҷиддӣ дини дигарро пазируфт, пас ӯ муртад эълон мешавад ва, ба гуфтаи Имон
Валерия Порохова, барояш Худованд ҷазои сахттаринро муқаррар кардааст. Ӯ мегӯяд, “дар Қуръон омадааст, ки агар шумо динатонро бо хоҳиши худ тарк кардаед, яъне, агар ягон сабаби ҷиддӣ дар миён набуду бигирем, шумо мехоҳед масеҳӣ шавед, ин муҷозоти хело сахт, ҳатто эъдомро ба думбол дорад. Аммо агар чунин шароити рӯзгор пеш ояд, ки шуморо барои табдили дин маҷбур сохтанд, Аллоҳ шуморо мебахшад. Дар Қуръони Шариф навишта шудааст, агар шумо дини худро дар ҳоле табдил кардаед, ки дини шумо ба ҳаёти шумо, ба ҳаёти кӯдакони шумо, ба ҳаёти зан ё шавҳари шумо таҳдид мекунад, Аллоҳ шуморо мебахшад. Ёд доред, дар он ҷо ҳатто навишта шудааст, ки гӯшти хӯк макрӯҳ аст ва хурдани он манъ аст. Аммо агар дар сурате, ки ба шумо марг таҳдид мекунад, мефаҳмед, ки аз гуруснагӣ ҳамин ҳоло ҷон медиҳед ва аз беҳолӣ наметавонед ҳаракат кунеду ҷое равед, пас метавонед гӯшти хукро истеъмол кунед. Яъне Қуръон иҷоза додааст, ки агар шароити сахти ҳаёт маҷбуратон созад, метавонед ин чизи макрӯҳро хӯред. Дар мавриди табдили дин ҳам чунин аст.
ТАВРОТ ЭЪДОМИ МУБАЛЛИҒОНИ ДИНИ ДИГАРРО МЕХОҲАД
Дар бархе аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла, дар Эрон, Афғонистон ва Покистон, барои афроди муртад ҳукми эъдом муқаррар шудааст.
Зимнан, ба гуфтаи Имон Валерия Порохова, ягон дини олам гаравидани пайравонаш ба дини дигарро намепазирад. Дар Таврот ё Библия гуфта шудааст, “агар туро бародарат, писарат, хоҳарат ё ҳамсарат дар манзили худат пинҳонӣ ташвиқ кунанд, ки “биё ба худоҳои дигаре саҷда кунем, ки туву падарат онҳоро намешиносӣ, ба худоҳои мардуме, ки дар атрофи ту, дар наздикиҳои ту ё дур аз туянд, розӣ нашав ва ба ҳарфаш гӯш надеҳ, ба ӯ раҳм нанамо ва ӯро пинҳон накун, вале ӯро бикӯш. Ӯро то мурданаш сангборон кун, зеро ӯ мехост туро аз Худоят ҷудо созад..." Таврот таблиғи дигар динҳоро ҳам қатъан қабул надорад. Дар ин китоби муқаддас омадааст, “агар дар шаҳри ту аз миёни худиҳо одамоне пайдо
шаванд, ки мардуми шаҳрро ташвиқ кунанд, ки биёед ба худоҳое дигаре саҷда кунем, ки то ҳол намешинохтӣ, пас онҳоро пайдо кун, бисанҷ ва пурсупос намо ва агар яқин кардӣ, ки ин палидӣ аз сӯи атрофиёнат содир шудааст, сокинони он шаҳрро бо шамшери бурроят пора кун... ҳайвонҳои ӯро ҳам бо шамшер пора кун ва чизу чораашро дар байни майдон бурда оташ зан ва он шаҳҳро ҳам оташ зан ва он бигзор то абад харобазор бимонад на набояд касе онро дубора эҳё намояд”.
Аммо дар Русия насрониҳое, ки дигар дин, бигирем, дини исломро пазируфтаанд, оё таъқиб мешаванд? Имон Валерия Порохова мегӯяд, ки ба худи ӯ баъди гаравидан ба ислом таҳдиде нашудааст, зеро аз хонаводаи ашрофзодаи қадимаи рус аст ва замони пазируфтани ислом донишманди маъруф ва устоди донишгоҳ буд, яъне касе на аз рӯҳониён на на аз мансабдорон ҳаде надошт, то ӯро сарзаниш кунад. Аммо дар ҷомеъа нисбати дигар насрониҳое, ки ба ислом мегараванд, таҳдиду таҳқири зиёдро раво мебинанд. Ӯ меафзояд, “духтарони зиёди рус исломро қабул мекунанд ва баъди ин мавриди тавтеъаву дасиса қарор мегиранд, атрофиён нисбати онҳо бадгӯӣ мекунанд. Хайр, чӣ илоҷ... Дар баъзе ҷойҳо, аз ҷумла, дар Маскав вазъ хуб аст, касе нисбати онҳо чизе намегӯяд, аммо дар шаҳрҳои дигар бадрафториву ҳодисаҳои номатлуб зиёданд”.
Донишманди маъруф мегӯяд, Алӣ Вячеслав Полосов, собиқ рӯҳонии калисои православӣ ва собиқ вакили Думаи давлатии Русия, ки “инсони хело шариф ва доктори фалсафа аст, баъди пазируфтани дини ислом мавриди ҳамлаи густурдаи ҳам рӯҳониён ва ҳам мансабдорон қарор гирифт”. Ба гуфтаи ӯ, “Алӣ баъди қабули ислом аз мақому манзалат ва дороиҳояш маҳрум шуд ва ҳатто кор то ҷое расид, ки мо барои рӯзгузаронии ӯ пул ҷамъ кардем. Аммо ҳоло худро дар канори ислом он қадар хушбахт эҳсос мекунад, ки табассум аз лабаш канда нест”.
“НЕОФИТ”-ҲО ИФРОТГАРО МЕШАВАНД?
Дар ҳамин ҳол Фаридун Ҳодизода ба он нукта ҳам ишора мекунад, ки неофитҳо, яъне онҳое, ки дини дигар, аз ҷумла, дини исломро пазируфтаанд, аксар вақт тундгаро мешаванд ва онҳоро дар сафи муҷоҳидон дар Покистону Афғонистон ва Ироқу Сурия зиёд метавон вохӯрд. Сабаби ин, аз нигоҳи пажуҳишгари тоҷик, талош барои собит кардани садоқаташон ба динест, ки пазируфтаанд.
Коршиносони масоили мазҳабӣ ҳамчунин мегӯянд, гаравидан ба дигар адён дар кишварҳои сатҳи диндорияшон баланд хело кам мушоҳида мешавад. Соли гузашта маркази назарсанҷии Gallup мизони диндориву бехудоӣ дар миёни 50 ҳазор зану марди 57 кишвари дунёро баркашид ва ба натиҷае расид, ки африқоиҳо мардуми аз ҳама бештар тақводоранд. Дар мақомҳои баъдӣ сокинони Амрикои Лотин, Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони араб қарор доранд. Чин дар миёни сокинони кишварҳое, ки худро бештар бехудо ва ё мулҳид мешуморанд, дар мақоми аввал қарор дорад, зеро дар кишвар атеизм ҳукмрон аст. Ҷопон дар ҷои дуюм ва ба дунболаш Ҷумҳурии Чеху Фаронса қарор доранд. Дар ин назарсанҷии Gallup аз Тоҷикистон ном бурда нашудааст, аммо, бар пояи гузоришҳои солонаи вазорати умури хориҷии ИМА дар бораи вазъи озодиҳои динӣ, дар Тоҷикистон тақрибан 0,01 дарсад аз ҳашт миллион сокини кишвар пайрави ягон дин нестанд.