Мақомҳои ироқӣ эълон карданд, ки садҳо нафар аз зиндониён, аз ҷумла шуморе аз аъзои баландпояи гуруҳи Ал-Қоида пас аз ҳамлаи мусаллаҳона ба зиндони Абу Ғурайб, аз ин зиндон фирор карданд.
Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, чанд ҳамлагар нимашаби якшанбе мошинҳои пур аз маводи таркандаро дар паҳлӯи дарҳои зиндони Абу Ғурайб дар наздикии Бағдод мунфаҷир карданд. Дар ҳамин ҳол афроди мусаллаҳ, бо аслиҳаи сабук нигаҳбонони зиндонро мавриди ҳамла карор доданд.
Ин гузориш меафзояд, гуруҳи дигаре аз афроди мусаллаҳ дар яке аз роҳҳои аслӣ ба сӯи зиндон мустақар шуданд то пеши роҳи расидани нерӯҳои кӯмакии артиши Ироқ ба зиндонро бигиранд. Шуморе ҳам аз афроди мусаллаҳ, ки воскатҳо инфиҷорӣ ба тан доштанд, барои берун кардани зиндониён, вориди зиндон шуданд.
Дар ин даргириҳо, ки то субҳи идома дошт, даҳ тан аз нерӯҳои пулиси Ироқ ва чаҳор тан аз ҳамлаварон кушта шуданд. Расидани чархболҳои артиши Ироқ ба маҳали даргирӣ боис шуд нерӯҳои давлатӣ бори дигар назорати зиндони Абу Ғурайбро дар даст бигиранд. То он ҳангом садҳо тан аз зиндониён муваффақ шуданд аз зиндони Абу Ғурайб фирор кунанд.
Ҳоким Аз-Зомилӣ, яке аз аъзои барҷастаи Комиссияи амният ва дифои парлумони Ироқ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст: «Теъдоди зиндониҳои фирорӣ аз 500 нафар бештар аст. Онҳо аз маҳкумшудагон ба эъдом ва аз аъзо ва раҳбарони Ал-Қоида ҳастанд.»
Ӯ афзудааст: «Нерӯҳои амниятӣ гуруҳе аз зиндониёни фирориро дастгир карданд, аммо боқимонда ҳамчунон озод ҳастанд.» Як масъули амниятӣ ки нахост номаш фош шавад, ҳам гуфтааст, «рӯшан аст, ки Ал-Қоида даст ба ҳамлаи террористӣ барои озодии террористҳои маҳкуми гурӯҳи худ задааст.»
Дар ҳамин ҳол Айёд Алловӣ, раиси фраксияи «Ал-ироқия» дар парлумони Ироқ, бо судури баёнияе, хостори истеъфои фаврии Нури Моликӣ, нахуствазири ин кишвар ба далели ҳодисаи фирори зиндониён шудааст. Оқои Алловӣ дар баёнияи худ сабаби ҳодисаро заъфи шадиди созмонҳои истихборотӣ ва низомии Ироқ донистааст.
Ин ҳодиса ҳамзамон бо шиддат гирифтани танишҳо ва хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ рӯй медиҳад. Масъалае, ки нигарониҳо аз оғози ҷанги дохилӣ дар ин кишварро зинда кардааст.