Дар интернет шабакаи наве бо номи Halalgoogling пайдо шуд, ки даъвои ҷойгузини шабакаҳои ҷустуҷӯӣ дар олами ислом шуданро дорад.
Шабакаи нав, ки ҳадафаш мубориза бо “ҳаром” дар интернет эълон шудааст, дар рӯзҳои аввали моҳи шарифи Рамазон роҳандозӣ шуд. Ҳангоми вуруд ба ин шабакаи ҷустуҷӯӣ матнҳои фаҳш, аксҳои урён, матолиб оид ба ҷинсгароҳо, бозиҳои саргармкунанда, матнҳои зиддисломӣ – ҳама чизе, ки шариат онҳоро “ҳаром” хондааст, “филтр” мешаванд. Яъне агар истифодабаранда хостори пайдо кардани ягон филм бо фаҳшу фисқу фуҷур шавад, иттилое мегирад, ки “ҷустуҷӯи шумо натиҷа надод” ё “шумо чизи ҳаромро ҷустуҷӯ доред!”. Дар шабака “рӯйхати сиёҳ”-и сомонаҳое ҷой дода шудааст, ки ворид шудан ба онҳо ғайримумкин аст.
Системаи ҷустуҷӯи интернетии Halalgoogling бо 11 забон, аз ҷумла, забони форсӣ дастрас хоҳад буд.
Нашрияи покистонии "The Express Tribune" иттилои созмондиҳандагон дар бораи роҳандозии шабакаи нав дар интернетро нашр карда навиштааст, ки Halalgoogling иттилоъро аз дигар шабакаҳои ҷустуҷӯӣ, амсоли Google ва Bing дастрас мекунад.
Гуфта мешавад, ба ин гуна шабакаи ҷустуҷӯӣ дар интернет яку ним миллиард мусалмонҳо дар сартосари олам ниёз доранд, ки мундариҷаи ҳазорҳо торнамоҳоро барои худу хонаводаҳояшон зараровар мехонанд. Шабакаи ҷустуҷӯӣ пайваста нав карда мешавад ва созмондиҳандагон умедворанд, ки он дар оянда дар кишварҳои олам ҷойгузини шабакаҳои ҳамсон, аз ҷумла, Google, хоҳад шуд.
Ҳанӯз маълум нест, ки роҳандозии ин тарҳ – ибтикори киҳост. Дар эъломияи нашршуда фақат гуфта шудааст, ки рӯи тарҳ гурӯҳи “коршиносони интернетӣ” аз ҳама олам чандин сол заҳмат кашидаанд.
Созмондиҳандагони тарҳ то куҷо мушкил будани рисолати худро дарк мекунанд, аз ин рӯ аз истифодабарандагон хостаанд, ки ҳангоми пайдо кардани матну акси “ҳаром” билофосила аз тариқи почтаи электронӣ ба Halalgoogling admin хабар диҳанд.