Додгоҳи Олии Русия аз тасмими ҳукумати вилояти Ставропол барои манъи ҳиҷоб дар мактабҳо пуштибонӣ кард.
Владимир Молчанов, намояндаи ҳукумати вилояти Ставропол, баъд аз эълони қарори Додгоҳи Олӣ дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки бар пояи Қонуни асосӣ ва қавонини Русия оид ба маориф мактабҳои кишвар дунявиянд ва аз ин рӯ мактабҳо бояд бо меъёрҳои дунявӣ мутобиқ бошанд ва толибилмон бо либоси ғайримазҳабӣ ба мактаб биёянд.
Вале Мурод Мусоев, вакили дифои хонаводаҳои мусалмони вилояти Ставропол, изҳор намуд, ки хостори бознигарии қарори Додгоҳи Олӣ хоҳад шуд. “Далели асосии мо ин аст, ки ягон ҳукумати маҳаллӣ ҳаққи маҳдудсозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳуқуқи озодии эътиқоди мазҳабиро надорад. Ин гуна маҳдудсозӣ фақат аз сӯи ниҳодҳои қонунбарори федеролӣ сурат бигирад”. Ӯ афзуд, ки манъи бо рӯмол ба мактаб рафтани духтарон ва ё ҷорӣ кардани либоси ягона баҳс карданӣ нест, зеро талабашон андезаи идеологӣ надорад. “Мо фақат мехоҳем, ки қонун риоя шавад”, гуфт Мурод Мусоев.
Тирамоҳи гузашта волии Ставропол Валерий Зеренков дар бораи либоси ягонаи мактабии толибилмон амр содир кард. Чанд хонавода аз ноҳияи Нефтекумск аз он шиква карданд, ки ба духтарони ҳиҷобпӯши онҳо иҷозаи ширкат дар дарсҳоро надодаанд. Гуфта мешавад, ки баъди ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ на фақат пӯшидани либоси мазҳабӣ, балки дарбар кардани либоси ҳарир ва пойафзоли пошнааш болотар аз ҳафт сантиметр ҳам манъ карда шудааст.
Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, дар нишасти Додгоҳи Олии Русия ваколатдори ҳуқуқҳои атфоли вилояти Ставропол Светлана Адаменко изҳор намуд, ки қарори ҳукуматро наметавон чун нақзи ҳуқуқҳои мазҳабӣ арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ӯ, мактабҳо низ ойиномаи худро доранд ва дар он бо кадом либос ба мактаб омадани толибилмон нишон дода шудааст. Хонум Адаменко афзуд, ки дар баъзе ҳолатҳо волидайн духтарони худро барои пӯшидани ҳиҷоб маҷбур мекунанд. Ҳамзамон ӯ иқрор намуд, "он духтароне, ки ба нишасти Додгоҳи Олӣ даъват шудаанд, аллакай дар синфҳои болоӣ мехонанд ва дар бораи ҳиҷобпӯшӣ тасмими мустақилона гирифтаанд". Светлана Адаменко аз паёмади манфии ҳиҷобпӯшии духтарон ҳам ҳушдор дод, зеро, ба гуфтаи ӯ, муҳити имрӯзаи мактаб адоватбор аст ва шояд ҳиҷобпӯшӣ боиси низоъҳои қавмӣ ҳам гардад.
Аз ин пеш додгоҳи вилояти Ставропол шикояти хонаводаҳои мусалмон аз болои ҳукуматро баррасӣ карда ва аммо аз тасмими ҷорӣ кардани либоси ягонаи мактабӣ ва манъи ҳиҷоб пуштибонӣ намуд. Бархе аз толибилмон изҳор намуданд, ки баъди нақзи ҳуқуқҳояшон дар мактаб маҷбур шудаанд таҳсилро дар мадрасаи динӣ идома диҳанд.
Ставропол ҳамсояи вилоятҳои мусалмоннишини Русия – Чеченистон, Доғистон, Қабардину Балқар ва Карачаеву Черкесс аст ва дар худи вилоят ҳам теъдоди бузурги мусалмонҳо ба сар мебаранд.