Куштори 40 пайрави Мурсӣ вазъи Мисрро ногувор кард

Ходимони соҳаи беҳдошти Қоҳира мегӯянд, бар асари ҳамла болои тарафдорони президенти барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ камаш 40 кас кушта шудаанд.

Тарафдорони Мурсӣ иброз доштаанд, ки масъулияти ҳамла бар дӯши низомиён аст.

Артиши Миср изҳор намудааст, “террористони мусаллаҳ” дар назди Горди ҷумҳурӣ ба сӯи издиҳоми тарафдорони Мурсӣ оташ кушодаанд. Тибқи баъзе гузоришҳо Мурсӣ дар пойгоҳи горди ҷумҳурӣ дар Қоҳира нигаҳдорӣ мешавад.

Хабаргузории Олмонии DPA иттилоъ медиҳад, ки артиш 200 силоҳбадастро пеш аз ҳамлаи онҳо ба пойгоҳи Горди ҷумҳурӣ боздошт намудааст.


Бархӯрд дар ҳоле ба вуқӯъ пайвастааст, ки панҷ рӯз пеш дар ҷавоб ба эътирозҳои саросарӣ бар зидди раёсатҷумҳурии Муҳаммад Мурсӣ низомиён президенти Мисрро барканор намуданд.

Музокироти ташкили ҳукумати нав бо мушкил рӯ ба рӯ шудааст. Ҳизби салафии Нур, ки барканоршавии Мурсиро тарафдорӣ карда буд, баъди тирпарронии рӯзи душанбе аз эътилоф хориҷ шуд.