Бинобар маълумоти Радиои Озодӣ, пулиси Шветсария ва Фаронса хонаҳои боҳашамати шаҳрвандони Узбакистон дар Фаронсаро кофтуков кардааст.
Додситонии Шветсария якҷо бо пулиси Фаронса кофтуковро дар хонаҳои он шаҳрвандони Узбакистон анҷом додааст, ки бо духтари раисиҷумҳури Узбакистон, Гулнора Каримова робита доштаанд. Додситонии Шветсария рӯзи 2 июл анҷом шудани ин гуна амалро дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки пулиси Фаронса дар асоси дархости онҳо якчанд хонаро дар қаламрави ин кишвар кофтуков кардааст. Дар бораи соҳибони ин хонаҳо маълумот дода намешавад, аммо гуфта мешавад, ки кофтуков дар заминаи қазияи "пулшӯӣ"- ии шаҳрвандони Узбакистон ҷараён гирифтааст. Маълум шудааст, ки чаҳор шаҳрванди Узбакистон аз муттаҳмони асилии ин қази будаанд.
Яке аз онҳо Алишер Эргашев аст, ки бо Гулнора Каримова бизнеси муштарак дорад ва хонаи Гулнора ба номи ин ширкати муштарак сабти ном шудааст. Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, санадҳоеро дарёфт кардааст, ки бар пояи онҳо, ду манзили боҳашамати гаронбаҳо, воқеъ дар мавзеъҳои бабрӯи Париж, мансуб ба Гулнора Каримова будаанд. Эҳтимол меравад, ки рейди мазкур махсусан дар хонаҳои номбурда сурат гирифтааст. Гулнора Каримова дар шаҳри Сан-Тропе низ моликияти ғайриманқул дорад.
Баъди нашри хабар дар бораи рейди кофтукови хонаҳо дар Фаронса Гулнора каримова рӯзи чаҳоршанбе дар Твиттери худ навиштааст, аки "Мо ҳама чӣ дорем ва Сан-Тропе ба мо даркор нест, мо хурсандем." Ин навиштаҳои гулнора метавонанд ишорае ба он бошанд, ки хонаҳои мавҷуд дар Фаронса ҳабс шудаанд.
Дар чаҳорчуби пажуҳиши "қазияи Узбакӣ" Шветсария ҳудудан 600 миллион доллар ва Шведсия 30 миллон доллари нафрони марбут ба Гулнора Каримоваро мунҷамид карданд.