Мансабдорони покистонӣ мегӯянд, дар натиҷаи таркиши мошини саршор аз маводи тарканда ҳангоми ҳаракати корвони нерӯҳои ниманизомӣ дар шаҳри шимолу ғарбии Пешовар камаш 14 нафар ба қатл расидаанд.
Афсари полис Ҷовид Мурувват мегӯяд:
“То ҳол 14 кас ҳалок шуда, камаш 25 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Вазъи баъзе захмиён ҷиддӣ аст.”
Ба қавли шоҳидони ҳодиса таркиш мошинҳои канори роҳ ва дуконҳои ин минтақаро тахриб кард.
Полис ба ходимони шифохонаи Пешовар изҳор намудаанд, ки вазъи баъзе маҷрӯҳон ҷиддӣ аст. То ҳол касе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст.