Идомаи нооромиҳо дар Шинҷони Чин

Погоҳи нерӯҳои ниманизомии тарафдори ҳукумати Чин дар шаҳраки Лукқун, ки дар он уйғурҳои мусулмон ба сар мебаранд

Ба навиштаи расонаҳои Чин хушунат дар вилояти Шинҷони ин кишвар, ки дар он намояндагони қавмҳои гуногун ба сар мебаранд, идома дорад.

Рӯзи шанбе нашрияи давлатии “Global Times” гузориш дод, ки рӯзи ҷумъа беш аз сад нафар савори мотосиклҳо ва мусаллаҳ бо аслиҳаи сард кӯшиш карданд, ки пойгоҳи полиси ноҳияи Ҳотанро ишғол кунанд.

Дар ин ноҳия аксаран уйғурҳои мусулмон зиндагӣ мекунанд. Рӯзномаи чинӣ дар бораи талафот чизе нагуфтааст, вале ин амалро “ҳамлаи террористӣ” тавсиф додааст.

Ҳафтаи равон мақомоти Чин изҳор намуданд, ки бар асари хушунати ахир камаш 35 кас ба ҳалокат расидаанд.

5-уми июли соли 2009-ум низ дар Шинҷон эътирозҳо боиси фавти беш аз 200 нафар шуда буданд.

Силсилаи хушунатҳои ахир бо солгарди ҳамин ҳодиса рабт дода мешавад.

Уйғурҳо мегӯянд, мақомоти Чин саъй доранд, бо ҳадафи аз байн бурдани нақши уйғарҳои мусулмон намояндагони қавми Ҳанро ба ин минтақаи мусулмоннишин муҳоҷир мекунанд.