Ҷоми ФФТ: 4 голи беҷавоби «Истиқлол» ба дарвозаи «Кӯктош»

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар даври охирини мусобиқаи минтақаи Душанбе барои Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон бар тими «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуд.
Ин бозӣ дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат барпо гардид. Ду голи «Истиқлол»-ро ба дарвозаи дастаи пешсафи лигаи аввал – «Кӯктош» Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 25-ум ва 87-ум зад. Ду голи дигарро легионери русиягӣ Александр Кудряшов (59) ва Толиб Султонов (70) ба ҳадаф расонданд.

Ҳамин тариқ, «Истиқлол» дар се бозӣ 4 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 4-3) ба даст овард. Дастаи «Хайр»-и Ваҳдат низ 4 имтиёз дорад, вале як бозӣ камтар кардааст. Инчунин таносуби тӯбҳои «Хайр» беҳтар (5-2) мебошад ва дар ҷойи дувум қарор дорад. «Истиқлол» дар ҷойи севум аст. Дастаи ССКА «Помир»-и Душанбе, ки бо 6 имтиёз дар ҷойи аввал мебошад, пешакӣ ба даври ниманиҳоӣ роҳхат гирифтааст.

Шоми имрӯз, 28-уми июн, дар бозии охирин дар шаҳри Ваҳдат тақдири роҳхати дувум ба нимфинал ҳал хоҳад шуд. Дастаи «Хайр»-ро барои ба нимфинал роҳ ёфтан дар бозии охирин бо ССКА «Помир» ҳисоби мусовӣ қаноатманд мекунад. Дар мавриди бохти «Хайр» бо таносуби беш аз се тӯб «Истиқлол» соҳиби роҳхати дувум ба даври ниманиҳоӣ хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, дар марҳалаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе, ки дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат ҷараён дорад, чаҳор даста – «Истиқлол»-и Душанбе, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ ширкат доранд. Бозиҳо аз рӯи системи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд.

Ҷоми ФФТ аз ду давра иборат аст. Марҳалаи аввал дар ду минтақа - Душанбе ва вилояти Суғд баргузор мешавад. Баъдан даври ниҳоӣ барпо мегардад. Баъди анҷоми марҳалаи пешакӣ ду дастаи беҳтарин аз ҳар як минтақа ба даври ниҳоӣ роҳ меёбанд. Сипас ду дастаи ғолиби бозиҳои ниманиҳоӣ ба финал мебароянд.

Маблағи ҷавоизи мусобиқа 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ба дастаи ғолиб Ҷоми ФФТ ва 20 ҳазор сомонӣ ва ба дастаи дар бозии ниҳоӣ мағлубшуда 10 ҳазор сомонӣ супурда хоҳад шуд.


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот


Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1. CСКА «Помир» (Душанбе) 2 2 0 0 5-0 6
2. «Хайр» (Ваҳдат) 2 1 1 0 5-2 4
3. «Истиқлол» (Душанбе) 3 1 1 1 4-3 4
4. «Кӯктош» (Рӯдакӣ) 3 0 0 3 2-11 0