Ҳимояти Р. Блейк аз тарҳи роҳи оҳани Осиёи Марказӣ ва ТАПИ

Роберт Блейк

Рӯзи чаҳоршанбе Роберт Блейк-ёвари вазири корҳои хориҷаи Амрико дар Ашқобод бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон масъалаҳои суботу амният ва ҳамгероии иқтисодӣ дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Роберт Блейк паёми Ҷон Керрӣ-вазири хориҷаи Амрикоро ба раиси ҷумҳури Туркманистон супурд. Дар он аз талошҳои Туркманистон барои ҳимоят аз Афғонистон, аз ҷумла аз сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ва аз бунёди лулаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустон ё ТАПИ ҷонибдорӣ кард.