Валерий Турсунов дар бораи истеъфои худ аз вазифаи ноиби аввали президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ариза навиштааст.
Чунон ки дар сомонаи Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) гуфта шудааст, Валерий Турсунов ба иллати вазъи саломатиаш аз вазифаи худ истеъфо додааст. Ӯ дар суҳбат бо дафтари матбуоти ФФТ чунин гуфтааст: «Мехоҳам ба раҳбарияти ФФТ барои ҳамкорӣ изҳори сипос карда, ба онҳо баҳри амалӣ шудани нақшаҳои кашида оид ба рушди футболи тоҷик барори кор орзу намоям.»
Бояд тазаккур дод, Валерий Турсунов, собиқ бозигари дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе, дар вазифаи ноиби президенти ФФТ аз соли 1996-ум ( бо танаффус) кор кардааст. Вай бори охирин 5-уми январи соли 2012 дар конфронси ҳисоботиву интихоботии Федератсияи футболи Тоҷикистон ба вазифаи ноиби аввали президенти ФФТ интихоб шуда буд. Ёдовар мешавем, ки вакилони ин конфронс фарзанди раисиҷумҳури Тоҷикистон Рустами Эмомалиро дар мақоми президенти ФФТ интихоб карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ФФТ рӯзи душанбе, 24-уми июн, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Hyatt Regency Dushanbe» ҷаласаи кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор мешавад, ки дар он натоиҷи кори ФФТ дар нимсолаи аввал баррасӣ хоҳад шуд.
Маълумотномаи РО
Валерий Юлдошевич ТУРСУНОВ 23-юми августи соли 1954 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Соли 1976 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ҳамлагар. Устоди варзиши СССР оид ба футбол (соли 1982 ).
Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон (cоли 1989). Аз соли 1974 то соли 1988 узви дастаи "Помир"-и Душанбе буд. Рекордсмени дастаи «Помир» буда, дар ҳайати он аз ҳама бештар - 542 бозӣ кардааст. Инчунин Валерий Турсунов дар лигаи аввали чемпионати СССР оид ба футбол аз ҳама бештар - 173 гол задааст.