Комиссияи Миллӣ дар умури ЮНЕСКО дар Тоҷикистон эълом кард, ки Парки миллии Тоҷикистон имрӯз, ҷумъаи 21-уми июн ба феҳрасти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.
Баҳодур Рамазонов, як масъули Кумиссияи миллӣ дар умури ЮНЕСКО рӯзи ҷумъаи 21 июн дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки "шомил гардидани Парки Миллии Тоҷикистон тибқи қатъномаи маҷмаъа ё сесияи 37-уми Кумитаи Мероси Умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дар шаҳри Пном-Пени пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа, сурат гирифт.
Ба гуфтаи ҷаноби Рамазонов, аз иқдоми шомилшавии Парки миллии Тоҷикистон ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО намояндагони Ҷопон, Эстония, Олмон, Иттиҳоди Аморати Араб, Русия, Алҷазоир, Камбоҷа ва Фаронса пуштибонӣ карданд.
Парки миллии Тоҷикистон 60 дарсади масоҳати вилояти Бадахшон ба шумули Кӯли Сарез, Қуллаи Исмоили Сомонӣ, минтақаҳои Дарвозу Ванҷу Язгулом, инчунин 40 дарсадӣ аз масоҳати Тавилдара ва Ҷиргатол ва дар маҷмӯъ 18 дарсад масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Зимнан, маросими шомил шудани Парки Миллии Тоҷикистон бо ширкати ҳайати мақомоти Тоҷикистон дар раъси Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанг ва ҳамзамон раиси коммиссияи миллии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, иттифоқ афтодааст.
Дар ҷараёни ин сафар мулоқоти Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Ирина Бокова, Дабири кулли ЮНЕСКО низ сурат гирифт, ки масоили марбут ба ворид кардани теъдоди дигаре аз ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, назири шаҳрҳои қадимаи Ҳулбук, Ҳисор ва Панҷакент (дар доираи лоиҳаи Шоҳроҳи Бузурги абрешим) ба Феҳристи Мероси Умумиҷаҳонӣ ва таҷлили санаҳои таърихӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.
Парки Милии Тоҷикистон пас аз ёдгории таърихии Саразм, дуввумин ёдгории Тоҷикистон аст, ки ба мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мегарадад.
Ҳанӯз дар моҳи августи соли 2010 Кумитаи мероси фарҳангии Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал - ЮНЕСКО бо судури як қарор ёдгории таърихии Саразм дар Панҷакенти Тоҷикистонро ба феҳрасти мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид кард.
Тоҷикистон тайи 10 сол талош дошт, то ин ёдгорӣ ба феҳристи ЮНЕСКО ворид шавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо як қароре аз 21-уми сентябри соли 2001, ёдгории қадимаи таърихии 5500-солаи шаҳраки Саразмро ҳамчун маркази ташаккули фарҳанги заминдорӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон мамнӯъгоҳи таърихиву бостоншиносӣ эълон кардааст.
ЮНЕСКО дар соли 2009 иди Наврӯз ва дар соли 2003 мусиқии классикии "Шашмақом"-ро ба феҳрасти мероси маънавии инсоният ворид кардааст.
Тоҷикистон ҳамчунин солҳост, пешниҳод дорад, ки ба феҳристи ёдгориҳои фарҳангии ҷаҳон Мақбараи Амир Ҳамза, "Тахти Сангин", "Бойтӯдашт", "Хоҷа Машҳад", Аҷинатеппа, Ҳулбук, мақбараи Муҳаммади Башоро, қалъаи Қаҳқаҳа, Бешаи Палангон, мамнӯъгоҳи Дашти Ҷам, қаторкӯҳҳои Фон ва Зоркӯл шомил карда шаванд. Аммо дар ҳоли ҳозир танҳо ду пешниҳоди Тоҷикистон амалӣ шудаанд.