Алиев:"Озарбойҷон маҳбуси сиёсӣ надорад!"

Илҳом Алиев ва Ҳерман Ван Ромпуй

Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мегӯяд, дар кишвараш ягон маҳбуси сиёсӣ вуҷуд надорад.

Ба қавли раҳбари озарӣ тамоми гузоришҳо дар бораи маҳдудияти озодии баён, ё расонаҳо ва ё ҳабси мухолифини сиёсӣ дар кишвараш беасос мебошанд.

Дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ оиди сарнавишти сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Илқор Мамадов, Алиев гуфт, ки номбурда бо ташкили нооромиҳои дастаҷамъӣ муттаҳам мешавад.

Рӯзи ҷумъа дар Брусел Алиев бо раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпуй амнияти энергетикӣ, ҳуқуқи башар ва баҳси минтақавии Қарабоғи кӯҳиро арзёбӣ намуд. Дар нишасти матбуотии рӯзи ҷумъа Ромпуй Озарбойҷонро шарики стратегии Аврупо дар иҷрои лоиҳаҳои энергетикӣ номида, изҳори умед кард, ки интихоботи президентии ин кишвар, ки соли равон баргузор мегардад, озоду одилона хоҳад буд.

Алиев дар бораи баҳси Озарбойҷону Арманистон рӯи минтақаи Қарабоғи кӯҳӣ маълумот дода, ба кӯшишҳои миёнаравии Аврупо дар ин низоъ баҳои баланд дод.

Президенти Озарбойҷон ҳамчунон хотирнишон кард, ки дар фосилаи миёни сафарҳои ахираш ба Аврупо қарордоди бунёди лӯлаи газ миёни Боку ва Анкара ба имзо расидааст, ки интиқоли газ аз Озарбойҷон ба Туркия ва аз он ҷо ба Аврупоро мадди назар дорад.