40 % занҳо аз сӯи шавҳарҳо ва ҳамхобаҳо латтукӯб мешаванд

Дар як гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ки рӯзи панҷшанбе ба табъ расид, гуфта мешавад, ки ”ҳамлаҳои ҷисмониву ҷинсӣ” ба воқеияти ҳамарӯзаи шумори зиёди занон дар олам табдил ёфтааст.
Ҳамин манбаъ меафзояд, ки аслан наздик ба 40 дар сади занони қурбонӣ мавриди ҳамлаи шавҳарону ҳамхобаҳояшон қарор гирифтаанд.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, беш аз сеяки занони рӯи олам қурбонии ҳамлаҳои ҷисмониву ҷинсӣ буда, ин падидаро ба як мушкили беҳдошотии саросарӣ табдил додаанд. Маргарет Чен, мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд: ”Хушунат бар зидди занон мушкили беҳдоштиест, ки миқёси саросарӣ касб кардааст”.

Аксари занон мавриди ҳамлаҳои шавҳарону ҳамхобаҳояшон қарор гирифта, бо мушкилиҳое шабеҳи дасту пои шикаста, захм аз лату кӯб, мушкили ҳамли кӯдак, дунёбезорӣ ё депрессия ва дигар бемориҳои равонӣ рӯ ба рӯ мешаванд.

Клаудия Гарсия-Морено, яке аз муаллифони гузориши Созмони ҷаҳонии беҳдошт ишора кардааст, ки таҷовузи дастаҷамъии як хонуми 23-солаи ҳиндӣ дар шаҳри Деҳлии Нав дар моҳи декабри соли гузашта, ки бо марги ин хонуми донишҷӯй ба анҷом расид, боиси эътирозҳои ғазаболуд дар саросари Ҳиндустон шуда, таваҷҷӯҳи аҳли оламро ба таъқиби масъулони ҷиноятҳои ҷинсӣ ҷалб намуд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Занҳоро кӣ мезанад?


Созмони ҷаҳони беҳдошт ба пизишкону ходимони беҳдоштӣ машварат додааст, ки чӣ гуна ба заноне, ки аз хушунат азият мекашанд, кӯмак расонанд. Мизони баландтарини хушунат бар зидди занон дар Африқо, Ховари Миёна ва Ҷанубу Шарқи Осиё будааст, ки дар ин манотиқ ба ҳисоби миёна 37 дарсади занон бо хушунат рӯбарӯ будаанд. Тибқи омори Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Аврупову гӯшаҳои дигари Осиё тахминан чоряки занон аз хушунат азият мекашад.

Дар як сӯҳбати телефонӣ бо Рафоат Бобоева, раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи занон бо номи “Чашмаи ҳаёт” эътироф кард, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳолатҳои хушунат ва ба хусус хушунати хонаводагӣ бар зидди занон ба чашм мехӯрад, вале занони тоҷик ҳам маълумотдор ҳам бемаълумот одат надоранд, ки мушкилиҳои хонаводагиро матраҳ намоянд.

Ӯ меафзояд, феълан аксари созмонҳои ҳомии ҳуқуқи занон равоншиносони касбӣ ба кор гирифтаанд ва тавассути мусоҳибаҳо метавонанд занону ва кӯдакони қурбонии хушунатро ташхис намоянд. Бобоева илова мекунад, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд як паноҳгоҳ барои занони қурбонии хушунат бо номи “Гулрухсор” таъсис ёфтааст, ки телефонҳои боварии он шабонарӯз кор мекунанд. Раҳбари созмони “Чашмаи ҳаёт” мегӯяд, ки дар ин маркази бӯҳронӣ занони қурбонӣ метавонанд дар давоми ду ҳафта аз ёрии ҳуқуқӣ, равонӣ ва тиббӣ баҳрманд мешаванд.

Дар ҳамин ҳол созмони ҷаҳонии беҳдошт таъкид кардааст, ки таҳқиқоти хушунат бар зидди занон дар 86 кишвари олам доир шуда, духтарони 15-сола ва аз он боло дар маркази таваҷҷӯҳ қарор доштаанд.