Мақомоти Узбакистон се овозхон ва ду дастаи мусиқиро барои нахондаи суруд дар ҳаққи истиқлолият аз иҷозаи кор маҳрум карданд.
Иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” овозхонон Дилфуза Раҳимова, Отабек Муталхоҷаев , Дилшод Раҳмонов ва гуруҳҳои ҳунарии "Уммон” ва "Манго”-ро барои сарпечӣ аз иҷрои дастури эҷоди оҳанг ва таронаҳои нав ба муносибати истиқлолияти Узбакистон ҷазо дод. Онҳо акнун ҳақ нахоҳанд дошт дар тули як соли оянда бо фаъолияти ҳунарӣ машғул бошанд. Мақомот ҳамчунин ба 7 овозхон, аз ҷумла ҳунарпешагони шоистаи Узбакистон Иззатулло Иброҳимов, Собирҷон Мӯъминов, Алишер Турдиев, Равшан Комилов ва дигарон барои беэътиноӣ ба иди истиқлолият огоҳӣ доданд.
Дар изҳороти Иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво”, ки рӯзи 18-уми июн нашр шудааст, ин ва дигар ҳунармандон ба он низ муттаҳам мешаванд, ки дар арафаи ва рӯзҳои иди истиқлолияти Узбакистон ва ҷашни Наврӯз ба консертҳои оммавӣ нарафта, вақти худро дар тӯйҳо ва нишастҳои хусусӣ гузарондаанд. Дар ин изҳорот бе зикри ном гуфта мешавад, бархе аз ҳунарпешагон худро ба паноҳи чеҳраҳои маъруфи ҷиноӣ зада, дар ҳаққи онҳо тарона мехонанд.
Намояндаи Иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво”, созмоне ки соҳаи ҳунари мусиқиро дар Узбакистон зери назорат дорад, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар иҷозатномаи фаъолияти овозхонон ва дастаҳои ҳунарӣ гуфта шудааст, ки ширкати онҳо дар чорабиниҳои давлатӣ ҳатмист: “Онҳо аз иҷрои ин шарт сарпечӣ кардаанд ва бархе ба он дараҷа аз худ рафтаанд, ки коргардони ҷашнҳои оммавиро дашном дода, дар машқҳо ва консертҳо ширкат намеварзанд. Чунин ҳолат ба бесарусомонӣ сабаб мегардад. Ҳоло ҳам хуб аст, ки аксарият танҳо огоҳӣ гирифтанд.” Манобеи мустақил мегӯянд, шумораи онҳое, ки ҳушдор гирифтаанд, ба маротиб зиёдтар аст.
Аммо ҳунармандони гуруҳҳои "Уммон” ва "Манго” мегӯянд, мавзӯи истиқлолият танҳо баҳона аст ва бо истифода аз он Иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” мехоҳад, фишор ба ҳунармандони мустақилро бештар кунад. Ба гуфтаи ин афрод, ки аз гуфтани номашон худдорӣ мекунанд, бархе аз ҳунармандон барои он муҷозот шудаанд, ки дар тӯйи ин ё он мансабдор хидмат накардаанд ва ё нахостаанд, дар маъракаи чидани пахта ширкат кунанд. Яке аз онҳо ҳамчунин гуфт, гурӯҳи ҳунарӣ таронаеро дар мавзӯи ватан омода карда буд, аммо он ҳар дафъа аз барномаи консертии рӯзҳои ид берун мемонд: “Ҳоло мегӯянд, чизе омода накардед. Мо суруди худро ба консерти Рӯзи ҳомии ватан дохил кардем, афтод. Сипас, барои 8-уми март мондем, нагузашт. Баъд, хостем дар консерти наврӯзӣ онро хонем, ба мо вақт нарасид. Оқибат ба озмуни “Ниҳоли умед” дар Бухоро бурдем, худи мақомоти “Узбакнаво” онро ихроҷ карданд. Акнун мегӯянд, мо чизе нахондаем.”
Аксари ҳунармандон бар инанд, ки Иттиҳодияи давлатии “Узбакнаво” бо истифода аз ҳуқуқҳои номаҳдуди худ назораташро ба соҳаи мусиқии Узбакистон қавитар мекунад. Он наздик ба як сол пеш қарор кард, ки ҳамаи сафарҳои ҳунарии хориҷии овозхонҳо танҳо бо имзои шартномаи пешакӣ ба амал ояд. Тасмими назорати қавитар ба сафарҳои ҳунарӣ дар ҳоле гирифта шуд, ки бархе аз овозхонҳо барои консерт додан дар Тоҷикистон, Русия, Туркия, Кореяи Ҷанубӣ ва Иёлоти Муттаҳида огоҳӣ гирифтанд ва видеои ҳунарнамоии Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Олмахон Ҳайитова, Ортиқ Отаҷонов ва Озодбек Назарбеков дар кишварҳои хориҷӣ аз тариқи Интернет ва албомҳои алоҳида сару садои зиёд ба миён овард. Мақомот инро ҳам ба назар гирифтаанд, ки чанде аз овозхонҳои саршиноси Узбакистон барои “обод кардан”-и тӯю сур ба кишварҳои ҳамсоя даъват мешаванд.
Иттиҳодияи “Узбекнаво” гуфтааст, барои он мехоҳад, назоратро ба сафарҳои ҳунарии хориҷии овозхонҳо қувват диҳад, ки сарояндагон дар кишварҳои бегона бо мушкилҳо рӯбарӯ мешаванд ва гоҳе ҳам қурбонии қаллобӣ мешаванд. Дар изҳороти ин ширкати давлатӣ омадааст, ки бархе аз афроди аз ҳунар дури хориҷӣ кӯшидаанд, бо баҳонаи ташкили сафар чанде аз овозхонҳоро ғорат кунанд. Биноан, афзудааст, “Узбекнаво” ҳар овозхон ё дастаи ҳунарӣ пеш аз тарроҳии чунин сафар бо иттиҳодия машварат кунад. Аммо дастандаркорони шоу-бизнеси Узбакистон гуфтаанд, мақсади мақомот маҳдуд ва сензура кардани сафарҳои ҳунарии хориҷии онҳост.
Яке аз торнамоҳои ҳунарӣ бо номи Sayyod.Uz менависад, мақомоти Уздакистон қаблбан як силсила ҳунармандонро аз иҷозаи фаъолият маҳрум карда буданд, ки дар миёни онҳо Фаррух Зокиров¸ Шералӣ Ҷӯраев¸ Юлдуз Усмонова ¸ Обид Асомов¸ Севара Назархон¸ Шаҳзода Матчонова¸ Шоҳрух рэп¸ Фирӯза Жуманиёзова¸ Отабек Мадраҳимов¸ Озода Нурсаидова¸Фаррух Соҳибов ва дигарон низ буданд. Ҳоло, ба гуфтаи ин манбаъ, як феҳрасти “сиёҳ”-е дар ҳоли омода шудан аст ва онҳое, шомилаш мешаванд, ки дархосту фармоишҳои ҳукумати Узбакистонро сарфи назар мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад