"Тоҷикистон монанди ҳамсояҳои худкомааш мешавад"

Nations in Transit 2013 screenshot of Freedom House report

Созмони Хонаи Озодӣ аз идомаи таъқиби рӯҳониёни мустақил ва гурӯҳҳои исломӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Freedom House ё Хонаи Озодӣ, мақараш дар Вошингтон, дар гузориши нави худ дар бораи вазъи кишварҳои дар ҳоли гузор навиштааст, ки дар бархе кишварҳои Аврупои Марказӣ ва Осиёи Миёна то ҳанӯз қудрат дар дасти ҳукуматҳои худкома боқӣ мемонад ва дар онҳо фасод, сензура ва таъқиби мухолифини сиёсӣ рӯ ба афзоиш аст.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Хонаи Озодӣ дар бораи кишварҳои дар ҳоли гузор



Яке аз равандҳои чашмрас дар соли гузашта, аз нигоҳи масъулини Freedom House, ҳамла ба ҷомеъаи шаҳрвандӣ буд. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки режимҳои худкома ба хотири ҷилавгирӣ аз такрори ҳаводиси “Баҳори Араб” дар кишварҳояшон қонунҳои нави маҳдудкунанда қабул карда, роҳи таъқибу саркӯбсозиро пеш гирифтанд. Мавҷи нави таъқиби ҷомеъаи шаҳрҳандӣ дар қаламрави АвроОсиё бо миқёсу сангдилияш нигарониҳои ҷиддиро ба бор овардааст, ҳарчанд, ба гуфтаи масъулини Хонаи Озодӣ, ин идомаи равандест, ки беш аз даҳ сол боз идома меёбад. Нишондодҳои ҳамаи 12 кишвари минтақа аз рӯи рейтинги “Кишварҳои дар ҳоли гузор” назар ба 15 соли пеш пойинтаранд.

Раҳбари тарҳи “Кишварҳои дар ҳоли гузор” Силвана Ҳабданк-Колажковска ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “дар АвроОсиё, тавре дар соли 2012 дидем, раҳбарони худкома барои саркӯбсозии ҷомеъаи шаҳрвандӣ талош мекарданд. Тағйироти бузурги рейтингҳое, ки дар феҳристи мо омадааст, маҳз бо истифодаи чораҳои шадид алайҳи ҷомеъаи шаҳрвандӣ аз сӯи ин режимҳо марбут аст. Дар баъзе ҳолатҳо режимҳои мустабид қонунҳои нав қабул карданд, ки фаъолияти ҷомеъаи шаҳрвандиро маҳдуд месохт ва ин, таври маъмул, на фақат эҷоди монеъа дар озодии баргузории гиридиҳамоиҳо, балки дигар мушкилотро низ дарбар мегирифт. Баъзан ин хушунати воқеъӣ алайҳи эътирозгарон буд”.

Муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ таъкид кардаанд, ки таъқиби мухолифин дар се кишвар - Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Белорусия афзоиш ёфт, ҳукумати Қазоқистон бошад иттифоқҳои касабаро саркӯб кард.


Девид Крамер

Раиси Хонаи Озодӣ Дэвид Крамер мегӯяд, ки бозгашти Владимир Путин ба мақоми раисиҷумҳури Русия дар соли гузашта мунҷар ба «шурӯmи бадтарин давраи таъқибу саркӯбсозӣ баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ» гардид. Аз нигоҳи ӯ, Путин бо истифода аз қудраташ болои парлумон, расонаҳои хабарӣ ва мақомоти додгоҳӣ сиёсате наверо таҳия намуд, ки ҳадафаш «бастани даҳони фаъолони мухолифини сиёсӣ ва ҷомеъаи шаҳрвандист». Ин сиёсат дигар раҳбарони худкомаро ташвиқ кард, ки аз Путин пайравӣ кунанд.

Қонунҳо дар бораи маҳдудсозии гирдиҳамоиҳо, фаъолияти динӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ на фақат дар Русия, балки дар Қазоқистон, Белорусия, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ҳам қабул шуданд. Freedom House рейтинги ин панҷ кишварро дар бахши «Ҷомеъаи шаҳрвандӣ»-и гузориши ҷадид пойин бурдааст. Узбакистон ва Туркманистон бори дигар «бадтарин кишварҳо барои ҷомеъаи шаҳрвандӣ» арзёбӣ шуданд.

Ҳамзамон муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ, пешрафте дар ду ҷумҳурии собиқи шӯравӣ – Гурҷистон ва Арманистонро қайд кардаанд. «Ин кишварҳо бо қабули қонунҳои нави интихобот ва таъмини баробарии аҳзобу номзадҳо барои тарғибот дар расонаҳои хабарӣ ба баргузории маъракаҳои интихоботии одилона ва рақобатпазир муваффақ шуданд», - омадааст дар гузориш.

Рейтинги Тоҷикистон аз рӯи нишондоди «Ҷомеъаи шаҳрвандӣ» бар асари таъқиби чандинсолаву коҳишнаёбандаи раҳбарони мазҳабии мустақил ва гурӯҳҳои исломӣ пойин рафт. Соли 2012 ҳукумат чанд масҷидро баст, дар дигар масҷидҳо барои назорати фаъолияти рӯҳониёни маъруф таҷҳизоти видеоиро насб кард. Ҳарчанд соли гузашта банди таъқиби ҷиноӣ барои тӯҳмат аз Кодекси ҷиноӣ ҳасб шуд, соли дуввум аст, ки мақоми Тоҷикистон дар рейтинги «Расонаҳои хабарии мустақил» рӯ ба пойин аст.

Ба навиштаи муаллифон, сабаби ин – афзоиши сензура дар нашрияҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоист. Ин, ба вижа, баъд аз амалиёти низомӣ дар Бадахшони Кӯҳистон рӯшан шуд. Freedom House навиштааст, ки расонаҳои Тоҷикистонро фақат аз рӯи инъикоси масоили мазҳабӣ метавон боз номид, аммо ҳаводиси ду соли ахир собит мекунанд, ки фарқ миёни Тоҷикистон ва ҳамсояҳои комилан худкомааш коҳиш меёбад.

Манзур, албатта, Узбакистон ва Туркманистон аст, ки дар гузориши «Кишварҳои дар ҳоли гузор» аз рӯи аксари нишондодҳо дар мавқеъҳои поинтарин ҷой гирифтаанд. Дар ҳарду кишвар дигарандешии сиёсӣ решакан шудааст, хабарнигорони мустақилро ё ба маҳбас афкандаанд ё барки тарки кишвар маҷбур сохтаанд. Дар Узбакистон ҳомиёни ҳуқуқи башар ва рӯҳониён пайваста ҳадафи таъқибу фишор ва хушунати шадиди мақомдорон қарор мегиранд.

Дар Туркманистон ҳама созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз сӯи ҳукумат пуштибонӣ ё сармоягузорӣ мешаванд. Раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов моҳи январи соли равон дар бораи таъсиси комиссиюни давлатие амр содир намуд, ки ҳама тарҳҳои аз сӯи кишварҳои хориҷӣ сармоягузоришавандаро назорат мекунад.

Ба навиштаи муаллифони Freedom House, Қирғизистон ягона кишварест,ки соли гузашта аз сиёсати маҳдудсозии фаъолиятҳои мустақили сиёсӣ, иҷтимоӣ ва динӣ кор нагирифтааст. Соли сеюм аст, ки рейтинги умумии ин кишвар боло меравад ва имсол ба афзоиши рейтинг интихоботи алтернативии маҳаллӣ мусоидат кард. Бо тағйири рейтинг Қирғизистон ягона кишвари Осиёи Миёна гардид, ки сафи режимҳои худкомаро тарк намуд. Ҳамзамон, муаллифони гузориши Хонаи Озодӣ навиштаанд, бо вуҷуди беҳбуд дар раванди интихобот ва озодии расонаҳои хабарӣ, дар сартосари Қирғизистон то ҳол фасод боқӣ мондааст, низоми додгоҳӣ ҳанӯз ҳам зери таъсири ҳукумат буда, бештар ӯзбакҳои маҳаллиро ҳадафи таъқиб қарор додааст.