Дар вилояти Ӯши Қирғизистон дар мавсими таътили тобистонаи хонандагони макотиб лагерҳои тобистонаи мусалмонӣ мекушоянд.
Ду лагери аввали "исломӣ" дар назди мадрасаҳои навоҳии Узгену Навкат боз шудаанд. Султоналӣ Ғафуров, қозии мусалмонони вилояти Ӯш ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ҳадаф аз ин ибтикор ҷалби таваҷҷӯҳи насли наврас ба исломи суннатист. Ҳадафи дигар, ба гуфтаи ӯ, аз корҳои бад машғул доштани наврасон дар мавсими таътилоти тобистонист.
Қозии Ӯш гуфт, ду лагери аввал дар мадрасаҳои Навкату Узген боз шуда, дар оянда гушоиши лагерҳои бештаре дар навоҳии дигари вилоят дар назар гирифта шудааст. Салоҳиддин Ғафуров мегӯяд, дар лагерҳои "исломӣ" тартиби хосе амал мекунад, ки иҷрояш барои ҳама ҳатмист.
“Пеш аз ҳама, кӯдакон бояд ҳатман субҳи барвақт хеста, намози бомдодро бихонанд. Сипас дубора хоб хоҳанд кард. Баъди наҳор мулоқот ва суолуҷавоб бо ягон рӯҳонии даъватшуда дори мешавад. Ҳамаи мураббиён рӯҳонианд, ки ба бачаҳо арзишҳои Исломро дарс хоҳанд дод. Дар давоми рӯз чорабиниҳои дигари аз ҷумла тафреҳӣ низ дар назар гирифта шудаанд,” – афзуд қозии мусалмонони вилояти Ӯш.
Султоналӣ Ғафуров гуфт, дар ҳоли ҳозир ба ду лагери аввал танҳо писаронро гирифтаанд, чунки ҳамаи мураббиёнаш мардонанд. Ӯ афзуд, ин ду лагер мутобиқ ба оинномаи қозиёт ва бо иҷозати қозиёти марказии мусалмонони Қирғизистон таъсис ёфтааст. Ӯ мегӯяд, чунин лагерҳо дар гузашта низ амал мекарданд, вале имсол барои ҷалби таваҷҷӯҳи бештар қозиёт тасмим гирифт, ки хабарашро расонаӣ кунад.
Султоналӣ Ғафуров афзуд, лагерҳои исломӣ нархномаи собите надоранд ва таъминоташ аз ҳисоби афроди сахӣ ва як қисме аз ҳисоби волидон сурат мегирад. Дар посух ба ин суоли Озодӣ, ки волидон барои ҳар кӯдак бояд чӣ қадар “хайр” кунанд, қозии Ӯш гуфт, ин вобаста ба ҳиммати онҳост ва истироҳати ҳар кӯдак дар лагери исломӣ ба падаруи модараш тақрибан аз 500 то 15000 соми қирғизӣ, мутаносибан аз 10 то 30 доллари амрикоӣ тамом хоҳад шуд.
Султоналӣ Ғафуров мегӯяд, 87 дарсади аҳолии Қирғизистонро мусалмонон ташкил медиҳанд ва Қонуни асосии кишвар низ озодиҳои демократӣ, аз ҷумла озодиҳои диниро замонат додааст. Қозии Ӯш мегӯяд, “ҳадафи мо ба насли наврас расондани равиши дурусти дин аст, то ки онҳо ба домани гурӯҳҳои дигаре, чун Ҳизб-ут-таҳрир наафтанд. Мо мехоҳем ба онҳо аз синни тифлӣ асосҳои Исломи суннатиро биомӯзонем.”
Дар солҳои охир дар Қирғизистон афзоиши қобили мулоҳизаи таваҷҷӯҳи мардум ба арзишҳои динии исломӣ мушоҳида мешавад. Коршиносон мегӯянд, дар ҳоле ки ин тамойюл дар шимоли кишвар камтар эҳсос мешавад, вилоёти ҷануби Қирғистон - Ӯшу Ҷалолобод ва Бодканд - бо мизони хеле болотари мазҳабишавии ҷомиа фарқ мекунанд.
Беш аз 90 дарсад аз 8 миллион аҳолии Тоҷикистонро низ мусалмонон ташкил медиҳанд. Вале мақомоти Тоҷикистон, ки низоми давлатиаш дар Қонуни асосӣ дунявӣ эълон шудаааст, динро аз давлат ҷудо медонанд ва таълими Ислом дар ниҳодҳои расмии маориф, аз ҷумла дар макотиби миёнаву олӣ ва лагерҳои тобистонаро қабул надоранд.