Асрори китобҳои мушкбези Сарои Баҳор

Ҳангоме, ки кас ба китобхонаи шахсии Шоҳзодамуҳаммади Муҳаммадшерзодшоҳ дар деҳаи Сарои Баҳори ноҳияи Шуғнон ворид мешавад, бӯйи хуши мушк ба машом мерасад.
Дар китобхона дастхатҳое мавҷуданд, ки зиёда аз 500 сол умр доранд. Дар бораи асрори китобҳои мушкбез, сиёҳӣ, давот ва килк, ки анъанаи тайёр намудани онҳо дар ин маҳал боқӣ мондаааст суҳбате доштем бо муҳақиқи ховаршинос ва журналист Шоҳзодамуҳаммади Муҳаммадшерзодшоҳ.

Суол: Устод, сиёҳӣ ва давот ва килкро дар адабиёт бисёр сутуданд. Аммо тарзи қадимии тайёр намуани ин абзори хатнависӣ дар Бадахшон танҳо дар деҳаи Сарои Баҳор, дар хонаводаи Шумо боқӣ мондааст. Лутфан бигӯед, ки тарзи тайёр намудани сиёҳӣ давот ва килк чӣ гуна аст?

Ҷавоб: Дар қадимулайём дар Бадахшон агарчанде ин минтақа аз марказҳои маданӣ ва фарҳангии калон дур воқеъ буд, дар ин ҷо ба хушнависӣ, хаттотӣ ва истинсоқи китобҳои қадимӣ эътибори ниҳоят ҷиддӣ медоданд. Яъне, хушнависони бадахшонӣ на танҳо худашон аз гиёҳҳои маҳаллӣ коғаз месохтанд, балки бо истифода аз гиёҳҳо сиёҳиро ҳам худашон тайёр мекарданд. Вале, мутаасифона ин ҳунари бисёр муҳим ва пураҳамият батадриҷ аз байн меравад. Ҳоло дар деҳаи Сарои Баҳор, яке аз деҳаҳои хушманзари ҷамоати Поршиневи ноҳияи Шуғнон ҳанӯз ин ҳунар вуҷуд дорад ва барои нусхабардории китобҳои қадима аз сиёҳии бо тарзи қадимӣ тайёршуда истифода мегардад.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гуфтугӯ бо Шоҳзодамуҳаммади Муҳаммадшерзодшоҳ



Суол: Аммо ин сиёҳӣ аз кадом модда ва гиёҳҳо тайёр мешавад?

Ҷавоб: Бартарии сиёҳи қадимӣ ва коғази қадимӣ дар он аст, ки умри дароз мебинанд. Масалан, дар китобхонаи шахсии ман китобҳое ҳастанд, ки умри 500-сола доранд. Вале чун онҳоро варақ мезанед, мебинед, ки гӯё онҳоро нав нусхабардорӣ карда бошанд, ҳам коғаз ва ҳам сиёхӣ бо гузашти асрҳо ҷило медиҳад ва сифати худро гум накардаанд. Бо назардошти сифати сиёҳии маҳаллӣ он тайёр ва барои нусхабардории китобҳои қадимӣ истифода мешавад. Дар деҳаи Сарои Баҳор тарзи тайёр намудани сиёҳӣ боқӣ мондааст, зеро дар ин ҷо ин ҳунари хаттотӣ ва тарзи тайёр намудани абзори хатнависӣ меросӣ аз падарону бобоён монд ва бо гузашти айём авлодони онҳо ин касби нодирро идома дода меоянд. Инҳо Муҳаммадшерзодшоҳ буданд ва Шоҳи Калону набераҳояш ҳастанд, ки дар баробари хушнависӣ сиёҳиро ба тарзи қадимӣ аз гиёҳҳои маҳаллӣ тайёр мекунанд.

Барои сиёҳии маҳаллиро тайёр кардан аввал як миқдор донаи арзанро мегиранд. Масалан, як килограмми арзанро мегиранд ва донаҳоро моҳирона ва устодона бирён мекунанд, чаро кӣ чун донаро бо чизе омехта кунанд, гӯё ки аз вай равған пайдо шуда бошад. Чун бо ин тартиб донаҳоро бирён мекунанд, пас аз хунук шудан танаи гули танаи хайрӣ ва як маъдани кимиёӣ бо номи зог омода мекунанд. Вақте ин моддаҳо омода шуданд, аввал арзанро ба дег меандозанд ва як нафар бо асбоби махсус онро ҳама вақт омехта мекунад, то даме, ки вай пухта сиёҳ мешавад ва пас аз ин ба вай шираи гули хайрӣ меандозанд. Арзан моддаи асосии сиёҳӣ аст, арзани сиёҳшуда ба сиёҳӣ ранг мебахшад, вале чун оби гули хайриро ба он меандозанд вай ба шилм табдил мешавад.Сипас як миқдор зог меандозанд ва зог сиёҳиро, ки то ин дам моеъ буд ба ҷисми сахт табдил медиҳад ва онро мисли кулчаҳои майда гирифта дар соя хушк мекунанд ва баъди чанд рӯз аз он истифода мекунанд. Агар сиёҳӣ бо тамоми қоидаҳояш тайёр шуда бошад, ранги нуқратоб мегирад, гӯё, ки ба он оби нуқра омехта карда бошанд, ки ба мисли нуқра ҷило медиҳад.

Суол: Аммо давот ва килк чӣ?

Ҷавоб: Давотро дар гузашта аз санги махсус бо номи санглиҷ, ки вай мулоим буда, онро бо корд ҳам тарошидан мумкин буд ва номи яке аз деҳаҳои марзии Афғонистон ҳам Санглиҷ аст аз он ҷо меоварданд ва давот месохтанд. Аммо ҳозир дар корхонаҳои сангкоркардабарории минтақа сиёҳидонро аз мармар ва дигар сангҳои ороишӣ тайёр мекунанд. Килкро хушнависони касбӣ аз най месозанд. Най асосан дар Афғониситон ҳаст ва хушнависон онро дар бозори марзӣ дастрас намуда, аз вай қалам метарошанд ва истифода мебаранд. Вале тарзи тайёр намудани коғаз аз гиёҳҳои маҳаллӣ пурра аз байн рафтааст.

Суол: Вале кас чун ба китобхонаи Шумо дар Сарои Баҳор ворид мешавад, бӯи мушк ба машом мерасад. Асрори китобҳои мушкбез дар чист?

Шоҳзодамуҳаммади Муҳаммадшерзодшоҳ

Ҷавоб: Хушнависони моҳир ба сиёҳӣ мушк меандохтанд. Мушкро вақтҳои пеш аз Ҳиндустон меоварданд, вале мушк дар баробари хушбӯ будан, ба бовари мардуми маҳал хосиятҳои дигар дорад, ба мисли берун кардани нерӯҳои аҳриманӣ аз хона ва барангезандаи илҳом ва барои ҳамин ҳам вайро истифода мебурданд. Китобҳое, ки чанд аср пеш бо сиёҳии қадимаи мушкбез китобат шуданд, ҳанӯз ҳам, вақте онҳоро мекушоед, аз онҳо бӯйи мушк меояд, хеле бӯи хуштаровату гуворо.

Суол: Аммо бармегардем ба мактаби хаттотии Сарои Баҳор. Лутфан бигӯед, ки хушнависони ин мактаб чӣ дастхатҳоеро боқӣ гузоштанд, ки ба ганҷинаи осори хаттӣ афзуданд?

Ҷавоб: Сарои Баҳор ягона маконе боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо сиёҳӣ тайёр мекунанд ва сабаб ин аст, ки дар ин ҷо хаттотони касбӣ зиндагӣ карданд ва китобҳои пурарзишро китобат мекарданд ва ба дигарон барои мутолиа медоданд. Якеашон Шоҳзодамуҳаммад буд ва вай китобҳои «Ваҷҳи дин», «Гулшани роз», бисёр китобҳои тиббӣ ва нуҷумшиносиро китобат карда, онҳо на танҳо дар Бадахшон монданд, балки бархеашон дар осорхонаҳои пажӯҳишгоҳҳои ховаршиносии Санкт-Петербург ва Берлин маҳфуз монданд. Асари нодири «Ваҷҳи дин»-и Носиру Хусрав аз рӯйи дастнависи Шоҳзодамуҳаммад чоп шуд ва имрӯз олимон ва дӯстдорони каломи Носири Хусрав онро истифода мебаранд. Нафари дигаре, ки хаттотӣ мекард, амаки Шозодамуҳаммад Шониёз буд ва муҳаққиқон вайро ба ҳайси устоди символизмӣ динӣ эътироф карданд. Зеро рамзҳоеро, ки дар ҳошияи саҳафоти «Маснавӣ» гузоштааст, хеле аҷоиб, эҷодкорона ҳастанд, мисле, ки калимаи «бисмиллоҳ»-ро ба шакли мурғони биҳишт тасвир кардааст. Боз хаттотони дигаре буданд дар ин мактаб, ки матнҳои форсиро асосон бо хати насталъиқ ва мутуни арабиро бо хати насх ва қасоид ва ғазалҳоеро, ки дар баёзҳо ҷо медоданд, бо хати настаълиқи омехта бо хати шикаста менавиштанд, бо хати хушрӯ.

Суол: Анъанаи хонаводагӣ боис шуд, ки Шумо таҳқиқоте дар мавриди тарзи тайёр намудани коғазу қалам ва сиёҳиву даъваот дар Бадахшон анҷом додед. Аммо то чӣ андоза абзори хатнависӣ мавриди парастиши хушнависон ва умуман аҳли калом қарор доштанд?

Ҷавоб: Вақте, ки хушнависони бадахшонӣ ягон рисола ва ё асарро истинсох мекарданд, дар охираш одатан менавиштанд, ки:

Хат дар варақи даҳр бимонад сад сол,
Бечора нависанда, ки дар хок равад.

Ин аз бузургии хат, калом ва абзорҳои хатнависӣ гувоҳӣ медиҳад ва дар баъзе аз абёт ҳасби ҳоли котиб ва ақидаҳои ирфониаш ифода меёбанд, ба мисли:

Қалами машқро ҷалӣ кардам,
Даст бар домани Алӣ кардам.

Ва боз шеърҳои дигаре ҳастанд, назири:

Қалам чӯбу сиёҳӣ обу коғаз хоку мистар хас,
Бад-ин асбоби нолоиқ чӣ гуна хат нависад кас.

Дар ин ҷо муаллиф сухани волоро, ки тавасути ин абзорҳои асрорангез рӯйи коғаз меояду ба дилҳо роҳ меёбад, яъне бузургии суханро васф кардааст.

Суол: Аммо лутфан бигӯед, ки оё ба ҳунари хаттотӣ дар Бадахшон хавфи аз байн рафтан таҳдид намекунад?

Ҷавоб: Бозмондагони хаттотони номӣ, ки дар гузашта шӯҳрат доштанд, ин доштанд, ин ҳунарро идома медиҳанд. Ҳоло набераҳои онҳо Ҳидоятуллоҳ ва Айнишо дар Сарои Баҳор ба хаттотӣ ва тайёр намудани абзорҳои хатнависӣ шуғл меварзанд. Аммо анъанаи хушнависӣ ба эҳё ва рушд ниёз дорад ва ба манзури ташвиқи ин ҳунар баргузории озмунҳои хушнависӣ ва тайёр намудани абзорҳои хатнависӣ ва таъсиси маҳфили хушнависон зарур аст.