Дастаи футболи “Динамо”-и Душанбе барандаи Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон гардид.
Мусобиқа барои Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол ва футболи хурд дар варзишгоҳи «Спитамен» (собиқ «Спартак»)-и Душанбе беш аз як моҳ идома кард.
Ин мусобиқаи кушода бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии кишвар баргузор шуд. Дар он дастаҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ ширкат варзиданд.
Барои Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон 36 даста, аз он ҷумла 14 даста оид ба футболи бузург ва 22 даста оид ба футболи хурд мубориза бурданд. Дар бозии ҳалкунанда дастаҳои «Фароз» ва «Динамо» рақобат карданд. Бозӣ хеле пуршиддату шавқангез сурат гирифт ва бо ҳисоби 1-0 ба нафъи динамочиён анҷом ёфт.
Дастаи ғолиб - “Динамо” ба ҷуз Ҷоми ҷавонони Тоҷикистон, бо шоҳҷоизаи ин мусобиқа, мошини сабукрави тамғаи «Hyundai Accent» мукофотонида шуд.