Гуруснанишинии сарвазири собиқи Гурҷистон

Вано Мерабишвилӣ, нахуствазири пешини Гурҷистон, ки дар боздоштгоҳ ба сар мебарад, гуруснанишинӣ эълон кард. Вакили дифои ӯ Георгий Чивиашвили ба хабарнигорон гуфт, ки шахси зери ҳимояташ алайҳи мунҷамидсозии ҳисобҳои бонкияш эътироз мекунад ва талаб дорад, ки ба ҳуҷраи ӯ дар боздоштгоҳ телевизор гузоранд.

Вано Мерабишвилӣ дар фасод, сарфи беҳудаи маблағҳои буҷа ва берун аз ваколат пой гузоштан айбдор мешавад.