Наздикони Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки вазъи саломатии Саидов дар маҳбас вахимтар мешавад.
Дар ин бора худи Зайд Саидов дар паёми кӯтоҳе аз дохили боздоштгоҳ хабар додааст, ки ба воситаи вакили ҳуқуқияш Шӯҳрат Қудратов ба дасти писараш Хайрулло расидааст. Дар як ҷумла Саидов гуфтааст, ба таври фаврӣ ба ёрии пизишк ниёз дорад, зеро ҳолаташ рӯз то рӯз бадтар мешавад.
Шӯҳрат Қудратов , вакили ҳуқуқии Зайд Саидов, гуфтааст, низ аз мақомот дархост хоҳад кард, ки пизишке вазъи саломатии шахси зери ҳимояи ӯро муоина кунад. Вай афзудааст, Боздоштгоҳи муваққати Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон пизишки худро надорад ва дар ин ҷо танҳо як фелдшер ё парастори тиббӣ кор мекунад.
Наздиконаш мегӯянд, саломатии Зайд Саидов пеш аз боздошт шуданаш дар рӯзи 19-уми май низ хуб набуд ва ӯ аз захми меъда азият мекашид. Ба ғайр аз ин Саидов як даст надорад ва маъюби модарзодӣ ба шумор меравад. Пизишкон мегӯянд, бемории захми меъда ё ҳатто шакли сабуктари он “гастрит” метавонад зимни ғизои носолим ва афсурдагии равонӣ авҷ гирад. Боз шудани чунин захм метавонад, беморро ба ҳалокат расонад.
Зайд Саидов рӯзи 6 апрели соли равон дар як нишасти хабарӣ аз тасмимаш ба таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав" хабар дод ва гуфт, ин ҳизб марказгаро хоҳад шуд. Ба дунбол рӯзи 11 май додситонии шаҳри Душанбе манзилҳои Саидовро бозҷӯӣ карда, алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушод. Худи ҳамон рӯз Ожонси зиддифасод хабар дод, ки алайҳи ширкати “Тоҷ сохтмон байналмилал”, ки низ ба Зайд Саидов марбут дониста мешавад, бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни бунёди “Душанбе-Плаза” – балантарин сохтмони пойтахти Тоҷикистон – парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо рӯзи баъдаш раиси Ожонси зиддифасод Фаттоҳ Саидов гуфт, зидди солҳибкор ҳеҷ гуна парванда боз нашудааст.
Зайд Саидов, ки он рӯзҳо бо сафаре дар Аврупо қарор дошт, ин парвандаҳоро сиёсӣ ва марбут ба ибтикори таъсиси ҳизби нав номид ва гуфт, барои собит кардани бегуноҳиаш ба Душанбе бар хоҳад гашт. Аммо субҳи 19 май дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуд. Маҷлиси вакилони Душанбе рӯзи 20 май мақоми дахлнопазирии вакилии ӯро лағв ва додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт рӯзи 22 май ҳукми ҳабси думоҳаашро содир кард. Зайд Саидов аз 24 май дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон қарор дорад. Чанд рӯз гуфта шуд, муфаттишони Ожонси зиддифасод ҳамаи моликияти Зайд Саидовро зери "ҳабс" гирифта, фаъолиятҳои соҳибкории ӯро баррасӣ мекунанд.