Марзи байни озодии баён ва ҳаёти шахсӣ дар куҷост?

Оё шахс метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ бидуни паёмад ба ҳаёти хусусии инсон дахолат намуда, наворҳои маҳрамонаи дигаронро ҷой диҳад?
Нашри навори равобити маҳрамонаи як сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси гармеро дар ҷомиаи Тоҷикистон барангехт. Бархе ин қазияро баҳонаи дигаре барои ҳамла ба аҳли дин қарор доданд, ки бубинед, гуфтаи мулло аз кардааш чӣ қадар фарқ мекунад. Аммо гурӯҳи дигар аз чунин дахолати рӯирост ва бепарда ба ҳарими ҳаёти хусусии мардум изҳори нигаронӣ карда, мегӯянд, ин қазия нишон медиҳад, ки асрори зиндагии хусусии ҳар нафари дигар низ метавонад ҳамин гуна дар дастраси омм қарор бигирад.

Аммо дар воқеъ марзи байни ҳарими ҳаёти хусусӣ ва он чӣ ки метавонад маврид табъу нашр ва баҳси ҳамагонӣ қарор бигирад, кадом аст? Оё қонунҳои Тоҷикистон ва қонунҳои байналмилалӣ дар ин бора чӣ мегӯянд?

Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми июн дар ин масъала бо ширкати ҳуқуқшиносону фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мизи мудаввари видеоӣ барпо хоҳад кард. Гардонандаи сӯҳбат - Искандари Хоҷамирзода.

Агар шумо дар ин масъала назаре доред, ба Озодӣ бинависед, занг занед, ё СМС бифиристед.

Телефонҳои мо:

Дар Душанбе: 988 65 94 63 985 63 83 56

Дар Прага: 420 725 03 79 43

Адреси мо дар Скайп: ozodi.skype

Нишонии почтаи эелектронии Озодӣ: tajik@rferl.org