Ширкати британиявии Kryso Resources мегӯяд, ки ба зудӣ тавлиди тило дар Покрӯдро оғоз мекунад.
Ҳафтаи равон ширкати британиявии Kryso Resources (Крайзо ресурсис) эълон кард, ки кор дар кони тилои Покрӯди Тоҷикистон бо суръат пеш меравад ва соли оянда эҳтимол аввалин хиштҳои тилоии ин кон ба фурӯш бароварда шаванд. Дар сӯҳбати вижа бо Радиои Озодӣ мудиромили ин ширкат гуфт, ки онҳо ба муваффақияти корашон мутмаин буда, ҳадаф доранд, ки дар қадами баъдӣ саҳмияҳои кони Покрӯдро дар бозори авроқи гаронбаҳои Ҳонг Конг ба фурӯш бароранд.
Ибтидои моҳи июн ширкати Kryso Resources бо хабари истихроҷи зудраси тило аз кони Покрӯди Тоҷикистон саҳмиядоронашро хушҳол намуд. Ба қавли мудиромили Kryso Resources Plc Крейг Браун, коргарони ширкат феълан хеле машғуланд ва ӯ бовар дорад, ки истеҳсоли тило аз ин кон дар соли 2014-ум шурӯъ хоҳад шуд.
"Ширкати маҳаллии "Покрӯд", ки коршарики Kryso Resources Plc дар Тоҷикистон аст, сар аз соли 2004-ум кор дар кони Покрӯдро оғоз намуда, то соли 2030-ум барои истихроҷи тило аз ин кон муҷаввиз ба даст овардааст. Ширкат то кунун дар масоҳати 40 ҳазор метр чуқурӣ кофтааст. Дар соли 2011-ум мо сохтмони инфрасохтор ё худ зербинои конро оғоз кардем. Дар ин муддат мо 12 миллион доллар сармоягузорӣ намуда, интизор дорем, ки ба зудӣ манзиле барои зисту фаъолияти коргарон ва муассисаи коркарди тило бунёд кунем. Хуллас, то оғози тавлиди тило мо дар Покрӯд беш аз 107 миллион доллар сармоягузорӣ мекунем,” - гуфт Крейг Браун.
Тибқи пажӯҳишҳои пешакӣ, дар кони Покрӯд то 156 тонна тило нуҳуфтааст. Крейг Браун мегӯяд, имкон дорад, солона дар кони Покрӯд то 3,5 тонна тило истеҳсол хоҳад шуд. Барои муқоиса метавон гуфт, ки соли гузашта тамоми корхонаҳои давлативу ғайридавлатии Тоҷикистон наздик ба 2,3 тонна тило истихроҷ карда буданд.
Моҳи гузашта истихроҷу коркарди тило дар Қирғизистони ҳамсоя боиси эътирози шадиди сокинони гирду атрофи кони Қумтор шуда буд. Вакилони мардумии ин ҷумҳурӣ ҳам аз ҳукумат талаб кардаанд, ки то охири тобистони соли равон қарордодаш бо ширкати истихроҷкунандаи Сентерра Голди Канадаро бознигарӣ кунад.
Мудиромили ширкати Kryso Resources, ки ба гуфтаи худи ӯ, дар давоми 18 соли кораш дар Тоҷикистон чандин лоиҳаи муваффақи истихроҷи маъданҳои гаронбаҳоро ба сомон расондааст, бовар дорад, ки кор дар Покрӯд бидуни баҳсу талош бо мақомот ва коргарони маҳаллӣ барнома амалӣ хоҳад шуд.
Браун меафзояд: “Соли гузашта дар намояндагии ширкати мо дар Тоҷикистон тахминан 270 нафар кор мекард. Аз ин ҷумла як шаҳрванди Зеландияи Нав, 10 шаҳрванди Чин ва боқимонда 260 ходими ширкат шаҳрвандони Тоҷикистон. Маоши коргарони мо аз маоши миёнаи Тоҷикистон хеле баландтар аст. Мо ба коргарони калидии ширкат, ки тақрибан 30 нафаранд, саҳмияҳои ширкатамонро пешниҳод мекунем, ки онҳо тавонанд аз дастовардҳову мафоди умумӣ бебаҳра намонанд. Бар илова, коргарони беҳтарини ширкати мо солона муодили 5- 10 ҳазор доллари Амрико ҷоизаи молӣ мегиранд.”
Браун ҳамчунон илова кард, ки ширкати Kryso Resources аз ҳукумати Тоҷикистон ҳеҷ имтиёзе талаб накардааст ва молиёташро сари вақт месупорад.
Тибқи пешбиниҳои ширкати Kryso Resources, истихроҷи тилои кони Покрӯд мебоист дар солҳои 2011-2012 шурӯъ мешуд, вале ҳозир ширкат мегӯяд, ки аввалин пораҳои тилои тозаро аз кони Покрӯд соли оянда берун хоҳад овард. Таъхири дусола дар амри истихроҷи тило аз кони Покрӯдро мудиромили Kryso Resources Plc Крейг чунин шарҳ медиҳад: “Кон барои кор хеле хуб аст. Вале сабаби таъхир ин буд, ки минтақа инфрасохтор надорад. Мо аз Ромит ба самти шимол то кони Покрӯд, ки дар 110- километрии шимолу шарқи Душанбе ҷойгир аст, 50 километр роҳу пул сохтем. Мо ҳамчунон то кон 80 километр хатти барқ кашидем. Мо ба мактаби маҳаллӣ кумак мерасонем. Коргарони мо аксарият аз ҳамин минтақа ҳастанду ҳамаи онҳо аз кор бо мо хушҳоланд. Ҳукумати Тоҷикистон ҳам мефаҳмад, ки мо ба нафъи ин кишвар кор мекунем."
Ба гуфтаи Азим Иброҳим, сарвари идораи давлатии “Геологияи тоҷик”, феълан дар Тоҷикистон чор корхонаи бузурги тавлиди тилои реза фаъолият доранд: Яке корхонаи бо Чин муштараки “Зарафшон” аст, дигарӣ - корхонаи “Апрелевка”, ки дар он ҳам коршарикони хориҷии ҷумҳурӣ саҳмгузор будаанд. Раҳбари “Геологияи тоҷик” афзуд, ширкати “Тилои тоҷик” ва артели “Одина”, ки ҳарду маҳаллианд, низ дар тавлиди тилои Тоҷикистон нақши муҳим доранд. Бар замми он дар Тоҷикистон чанд ширкати хурди тилошӯӣ вуҷуд доранд, ки солона ҳамагӣ то чанд кило тило тавлид мекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад