Ишқи бою камбағал: Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз?

Издивоҷи сарватмандон бо сарватмандон ва нодорҳо бо нодорҳо боиси боз ҳам бузургтар шудани шикофи миёни қишрҳои бою бебизоат ва дилшикастагии ҷавонон мешавад.
Ҷомиашиносон мегӯянд, ин тамоюл, ки сарватмандон танҳо бо хонаводаҳои ҳамсанги худ хешутабор мешаванд, ба маъноест, ки пулу мол дар дасти як синф мутамарказ мешавад ва синфи дигар аз имкони рушд боз мемонад.
Агар дар гузашта орзуи дидор бо «шоҳзодаи савори аспи сафед» барои духтарони хонаводаҳои камбизоат орзуи зиёд осмонӣ набуд, воқеъиятҳои имрӯзаи Тоҷикистон ин хаёлро як амри муҳол кардааст.

Дилбастагии Шафоат Баҳодурова, як духтари тоҷик ба ҷавоне аз хонадони сарватманд ӯро дар дуроҳа қарор дод. Роҳи аввал - издивоҷ бо ҳар қимате, ки бошад, ҳатто бо паёмадҳои начандон хушоянд дар оянда ва роҳи дуюм - даст кашидан аз ин издивоҷи нобаробар бо ашрофзода.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шоҳзодаи савори аспи сафед куҷо шуд?


Шафоат мегӯяд, ки ӯ роҳи дуюмро интихоб кард: «Азбаски падари ҷавони дӯстдоштаи ман шахси калоншаванда буд ва «расму оин»-и хонаводаашон аз мо фарқ мекард, натавонистам ин издивоҷро қабул кунам. Чун мебинам, сарватмандон танҳо бо ҳамтабақаҳои хеш муносибати хуб мекунанд. Махсусан бо арӯсҳо. Борҳо шоҳид шудам, ки сарватмандон келинҳои худро, онҳоеро, ки аз оилаҳои камбизоат ҳастанд, зиёд таънаву маломат мекунанд. Бинобар ин гумон мекардам, дар хонаи мисли худамон келин шавам, зистан бароям осонтар аст. Хонаводаамон ҳам фикри маро доштанд. Хайр, тӯй мешавад, арӯс бояд ҷиҳоз барад, баъде ки модарам гуфтанд, ки мо чизи бисёр дода наметавонем, дудила мешудам.»

Шафоат танҳо нафаре нест, ки шишаи орзуҳояш ба санги воқеъиятҳои ҷомеъа бархӯрдааст. Хуршед Муродов низ чунин нокомиро таҷруба кардааст. Ӯ мегӯяд, агарчӣ духтари дӯстдоштааш аз хонадони сарватманд буд, аммо ҳарду умедвор буданд, ки бо ҳам зиндагии зебое бунёд кунанд: «Баъди хостгорӣ рафтани падару модарам маълум шуд, ки бародари духтар аз оиладор шудани мо розӣ набудааст. Ҷавоби рад шунидам ва сабаби аслиаш ин нодории хонадони мо буд.»

Хуршед мегӯяд, азбаски бародари дӯстдоштааш шахси пулдор буд, ӯро ба бародари яке аз дӯстонаш, ки пулдор будааст, ба занӣ дод: «Он ҷавоне, ки бо дӯстдоштаи ман тӯй шуд, тавре шунидам, нашъаманд будааст, аммо бар ивази сарваташ, ӯро акааш ба шавҳар додааст.»


Муслима Ҳошимоваи 52-сола замоне издивоҷ кардааст, ки масъалаи бою нодор чандон матраҳ набуд. Муслима Ҳошимова мегӯяд, «ҳар кас пояшро бояд ба андозаи кӯрпааш дароз кунад», зеро ба ақидаи ӯ, сарватмандон дар камтарин мавридҳо майли бо камбағале хешутаборӣ карданро дорад. Ӯ қисса кард, ки вақте хоҳаршавҳараш бо ҳамсараш дар садамаи нақлиётӣ фавтидан, «мо се фарзанди онҳоро калон кардем ва хешутабор гуфта, хостем писарашро бо духтари бародари шавҳарам хонадор кунем, аммо зани ӯ гуфт, «чӣ, мо дигар як умр сағираҳои гуруснаро сер карда гардем?». Ӯ гуфт, духтар камбағал аства аз ин рӯ, дар пойгаҳи дарам роҳаш намедиҳам. Рафта расонед, ки ба лоиқи худаш шавҳар кунад.»


Марҳабо Зунунова

Марҳабо Зунунова, раҳбари созмони «Никоҳ ва оила» мегӯяд, албатта, ҳолатҳои истисноӣ низ вуҷуд доранд. Ҳолатҳое, ки онро дилбастагии ҷавонҳо ба якдигар дикта мекунанд ва хонаводаҳо маҷбур мешаванд, новобаста аз нобаробарии молӣ интихоби онҳоро бипазиранд. Аммо ба сурати умум, мегӯяд Марҳабо Зунунова, издивоҷҳо бар пояи манофеъи молӣ ё гурӯҳӣ шикофи байни синфи сарватманд ва бебизоатро дар Тоҷикистон торафт бештар мекунад.

“Таъсири ин тамоюл ба ҷомеъа таврест, ки пул дар дасти пулдорҳо, дар дасти як синф, синфи сарватманд ё сарватмандони нав мутамарказ мешавад. Ба ҳам наомадани ин қишр бо синфи поёнӣ табъан шикофи байни қишри бою камбағалро бузургтар мекунад,“- мегӯяд ин ҷомиашинос.


Музаффар Олимов

Музаффар Олимов, раҳбари маркази омӯзиши афкори умуми “Шарқ” дар сӯҳбат сари ин мавзуъ аз мақоли “кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз, кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз” ёдовар шуд, вале гуфт, ин тамоюл дар ҷомиа ба гунае бориз нест, ки тасаввур мешавад. Ба гуфти ин ҷомиашинос, дар бисёр маврид хонаводаҳои сарватманд дар вақти издивоҷи фарзандони худ перспективаи тарафи муқобилро мебинанд, агар ӯ таҳсил карда бошад, бомаҳорат ва ояндадор бошад, издивоҷ бидуни монеъа амалӣ мешавад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, дар тӯли солҳои ахир дар кишвар элитаи сиёсӣ ва иқтисодие ба вуҷуд омадааст, ки ба издивоҷи фарзандонашон дар ҳалқаи мавриди эътимоди худ тарҷеҳ медиҳанд. Роҳ ёфтан ба ин ҳалқа барои мардуми камбизоат торафт ба як амри муҳолтару муҳолтар табдил меёбад.