Бори сангин бар шонаҳои кӯчаки кӯдакони коргар

Рӯзи 12-уми июн ба унвони Рӯзи байналмилалии мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон шинохта шудааст.
Созмони ҷаҳонии кор рӯзи 12-уми июн ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи меҳнати кӯдакон, гузориши худро ба нашр расонд. Бино бар ин гузориш, дар саросари ҷаҳон ҳудуди 10,5 миллион кӯдакон, ки бархе аз онҳо ноболиғ ҳастанд, дар хонаҳои хусусӣ ва дар шароити хатарноку ногувор ҳамчун ғулом кор фармуда мешаванд.

Созмони ҷаҳонии кор дар ин гузориш мегӯяд, ҳамакнун дар саросари ҷаҳон ҳудуди 10,5 миллион кӯдак ба кор ҷалб шудаанд, ки аз ин шумор 6, 5 миллиони онҳо кӯдакони аз 5 то 14-сола буда ва беш аз 71 дарсади онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.


12 июн - Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо кори кӯдак

Дар ин гузориш аз ҷумла таъкид шудааст, ки «кӯдакону хурдсолон аз тарафи кордеҳ ба корҳои хона ба мисли дарзмол кардан, об овардан, нигоҳубини афроди солхӯрда ҷалб мешаванд, ки дар ниҳоят онҳо ба кордеҳ вобаста шуда, дучори табъиз мегарданд».

Дар ин гузориш омадааст, ки дар бархе кишварҳо кори кӯдакон дар шароити хона ба эътибор гирифта нашудааст ва вақте, ки хурдсол ба кор ҷалб мешавад, музд намегирад ва дар хонавода ба ӯ ҳамчун бегона муносибат мекунанд.
Созмони ҷаҳонии кор аз ҳамаи кишварҳо ва созмони даъват кардааст, ки дар роҳи мубориза бо меҳнати кӯдакон муносибати ҷиддӣ намоянд.

Дар Тоҷикистон ҳарчанд истифода аз кори кӯдак манъ аст, вале қисмати зиёди кӯдакон маҷбуранд, ки барои пайдо намудани рӯзии худ кор кунанд. Бино бар гузориши созмонҳои байналмилалӣ, дар Тоҷикистон 176 ҳазор кӯдак ба меҳнат ҷалб шуда, ҳазорон нафари онҳо дар кӯча кор мекунанд.

Ба хотири осонии дарёфти кор, ин кӯдакон асосан дар шаҳрҳо ба сар мебаранд ва пар пояи ин гузориши Созмони Ҷаҳонии Кор, беш аз 80 дарсади кӯдаконе, ки дар кӯча кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе ҳастанд.

Шуғли асосии кӯдакони коргари тоҷик аробакашӣ, селофанфурӯшӣ, боркашонӣ, поксозии пойафзоли одамон ва талбандагӣ будааст. Бахши аъзами кӯдакони деҳот ба кори сангини саҳро, аз ҷумла пахтачинӣ ва кишоварзӣ машғул мешаванд.

ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Заҳмати кӯдакони тоҷик




ТАФСИЛОТИ БЕШТАР ДАВОМИ РӮЗ НАШР МЕШАВАД