Дар ҷаласаи 23 Шӯрои Ҳуқуқи Башари вобаста ба СММ дар Женева Ананд Гровер-Гузоришгари вижаи СММ дар умури беҳдошт дар бораи вазъи беҳдошт дар Тоҷикистон суханронӣ кард.
Дар ин рӯзҳо дар Женева ҷаласаи 23 Шӯрои Ҳуқуқи Башари вобаста ба СММ идома дорад. Дар ин ҷаласа Ананд Гровер-Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури беҳдошт дар бораи натиҷаҳои боздидаш аз Тоҷикистон гузориш дод. Аз ҷониби Тоҷикистон дар ин ҷаласа Салоҳиддин Насриддинов-сафири Тоҷикистон дар Женева ширкат дошт. Вай дар мусоҳибае бо радиои Озодӣ гуфт:
“Ананд Гровер ба Тоҷикистон сафар карда буд. Вай дар ҷараёни ин боздид бо намояндагони сохторҳои ҳукуматӣ, бо сохторҳои марбут ба ҳуқуқи инсон ва созмонҳои ғайридавлатӣ мулоқот анҷом дод ва роҷеъ ба натиҷаҳои ин боздидаш гузорише омода кард, ки дар ҳамин ҷаласа шунида шуд. Масъалаи асосие, ки дар гузориш оварда шуд ва барои расидагӣ ба он ҷаноби Ананд Гровер ба кишвари мо сафар карда буд, масъалаи таъмин кардани ҳуқуқи тандурустии боздоштшудагон ва маҳбусон буд. Яъне оё дар маҳбасхонаҳои мо ҳангоми пурсиши боздоштшудагон ҳуқуқи тандурустии онҳо риоя мешавад ё не”.
Оқои Насриддинов афзуд, гузориши Гровер ба шиканҷаи зиндониён ё боздоштшудагон иртибот надошт, балки масъалаҳои тандурустӣ, ба вижа масъалаҳои тандурустии боздоштшудагонро дар бар мегирифт.
Оқои Гровер дар гузориши худ аз тадбирҳои ҳукумати Тоҷикистон барои беҳбуди вазъ истиқбол кард ва гуфт, ҳукумат уҳдадор шудааст, то барои анҷоми ислоҳоти зарурӣ дар ин бахш сармоягузориро беҳтар кунад, вале ҳамзамон сармоягузорӣ барои муолиҷаи бемориҳои равонӣ ва силро кофӣ намедонад.
Ананд Гровер соли гузашта дар поёни нахустин боздиди худ аз Тоҷикистон, ки аз 24 то 31 май давом кард, аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки сармоягузориро дар бахши беҳдошт боло бибарад ва онро ҳар чӣ зудтар ба меъёрҳои байналмиллалӣ баробар кунад. Ба гуфтаи вай, хадамоти беҳдоштӣ бояд аз бастаи хадамоти ҳамаҷониба иборат бошад, то итминон ҳосил шавад, ки ҳамаи мардум ба хадамоти касбии тиббӣ дастрасии яксон доранд.
Оқои Гровер гуфт, боздиди вай бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст ва вай дар давоми 8 рӯз вазъи муассисаҳои беҳдоштӣ, бемористони зиндонҳо, марказҳои муолиҷаи бемориҳои равонӣ, клиникаҳои махсуси муолиҷаи бемориҳои силро омӯхтааст.
Вай аз густариши бемории сил дар Тоҷикистон изҳори ташвиш кард ва гуфт, бинобар нокифоя будани омодагии кормандони соҳаи беҳдоштӣ ин беморӣ аксаран дар зиндонҳои кишвар миёни маҳсубон дар ҳоли шиддат гирифтан аст. Оқои Гровер аз ҳукумати Тоҷикистон хост ба вазъи беморони рӯҳӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир кунад, зеро то замони боздиди вай барои муолиҷаи ин беморон донорҳои хориҷӣ сармоягузорӣ накарда буданд ва инчунин ягон нақшаи миллии таваҷҷӯҳ ба соҳа вуҷуд надошт.
Дар Тоҷикистон бархурд ё муносибат бо гирифторони бемориҳои равонӣ то ҳол тағир накардааст ва онҳо худро дар ҷомеа як навъ таҳқирдида эҳсос мекунанд. Масалан, маълумот дар бораи бемор ба корфармо ё муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои давлатӣ пешниҳод мешавад ва чунин кор боис мешавад, ки дар вақти ба кор қабул кардан ва ё фаро гирифтан бо таълим гирифторони бемории равонӣ ба табъиз дучор мешаванд.
Ҳоло танҳо 6 дарсади будҷаи давлатии Тоҷикистон ба бахши беҳдошт сарф мешавад, дар ҳоле ки ҳисоби миёнаи он на дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, балки дар кишварҳои рушдёбанда 10 дарсадро ташкил медиҳад.
Ананд Гровер ёдоварӣ кард, ки низоми пешинаи тандурустӣ дар Тоҷикистон ташаккулнаёфта боқӣ мондааст. Бинобар ин, дар деҳот ва манотиқи куҳистонӣ аксарияти мардум ба хадамоти тиббӣ дастрасӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки 75 дарсади аҳолии Тоҷикистон дар рустоҳо ба сар мебаранд.
Диду боздидҳои Гузоришгарони вижаи СММ аз Тоҷикистон дар соли оянда низ идома меёбад. Бино ба тавофуқоти ҳосилшудаи миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои
Ҳуқуқи Башари СММ қарор аст Хуан Мендес-Гузоришгари вижа дар умури шиканҷа бори дигар моҳи феварали соли 2014 аз Тоҷикистон боздид кунад. Хуан Мендес дар аввалҳои моҳи марти соли ҷорӣ дар бораи натиҷаҳои боздидаш, яъне вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ гузориш дода буд. Боздиди ахири вай аз Тоҷикистон аз 10 май то 18 маи соли 2012 давом кард ва вай дар ҷараёни ин сафар дар Душанбе, Хуҷанду Қурғонтеппа, Исфараву Истаравшан аз 17 муассиса, аз ҷумла аз як зиндон ва аз як қисми ҳарбӣ боздид ва бо қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо сӯҳбат карда буд.
Салоҳиддин Насриддинов-сафири Тоҷикистон дар Женева ҳамкориҳо ва пешниҳодҳои Гузоришгарони вижаи СММ-ро барои Тоҷикистон муфид медонад ва мегӯяд, Гузоришгарони вижа барои рафъи мушкилот ба Тоҷикистон кӯмакҳои фаннӣ мерсонанд.