Рӯзи якшанбе, 9-уми июн бозии охирини даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни ду дастаи Душанбе – “Энергетик” ва ССКА “Помир” баргузор шуд.
Ин бозӣ, ки дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахти кишвар сурат гирифт, бо пирӯзии дастаи мизбон - “Энергетик” бо ҳисоби 2-1 ба охир расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд. Комрони Мирзонаҷот, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 13-уми бозӣ аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро боз кард.
Баъди 14 дақиқа голи дувуми “Энергетик”-ро Алия Силла, легионер аз Гвинея, ба ҳадаф расонд. Субҳон Хоҷамов, ҳимоятгари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро тағйир дод. Ин пирӯзӣ ба “Энергетик» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот се зина боло - ба ҷойи 5-ум барояд.
Тоҳир Муъминов, сармураббии дастаи “Энергетик”, дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “дар ҳавои хеле гарму сӯзон бозӣ кардан ба футболбозон мушкил буд. Бачаҳои мо имрӯз танҳо баҳри ғалаба пой ба майдон ниҳода буданд. Ман аз натиҷаи бозӣ қаноатмандам. Ҳарчанд мо ғалаба кардем, вале бисёр лаҳзаҳои хуби голзаниро истифода карда натавонистем. Мавқеи даста дар ҷадвали мусобиқот моро қаноатаманд намекунад. Мо агар рақибоне, ки бо мо баробар буданд, нодида намегирифтем ва 6 холро аз даст намедодем, ҳоло дар байни се дастаи беҳтарин ҷойгир мешудем.”
Алиёр Ашӯрмамадов, мураббии калони дастаи ССКА “Помир”, дар бораи бозӣ бо “Энергетик” гуфт, “бозӣ хеле шавқовар сурат гирифт. Ҳарду даста вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд. Вале бачаҳои мо аз онҳо истифода карда натавонистанд. Ман аз бозӣ розиям, вале аз натиҷааш не. Ба фикри ман ин бозӣ баробар буд, бинобар ин бояд бо ҳисоби мусовӣ анҷом меёфт. Дар хатти ҳамлаи дастаи мо хатоҳои бисёр ба чашм расиданд, ки мо минбаъд дар ин самт кор хоҳем кард.”
Ёдовар мешавем, се бозии даври 10-уми мусобиқот рӯзи шанбе, 8-уми июн баргузор шуда буд. Дар ҳарсе бозӣ мизбонон ғалаба карданд. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар тими меҳмон - «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби бузурги 9-0 шикаст дод. Дарвоқеъ, ин натиҷа дар мусобиқаи имсола ҳисоби рекордист.
Александр Кудряшов, легионери русиягии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 3, 8 ва 35-ум се гол зада, хет-трик кард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 50-ум ва 60-ум, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 57-ум ва 71-ум дуголӣ, Дилшод Восиев дар дақиқаи 7-ум ва Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилӣ, дар дақиқаи 38-ум якголӣ заданд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Тоҳир Зоиров, бозигари «Истаравшан», баъди хотимаи бозӣ барои дашном додани доварон корти сурх гирифт.
Дар нишасти матбуотӣ Баҳодур Сӯфиев, мураббии калони дастаи “Истиқлол”, ба хабарнигорон гуфт, “Бачаҳо дастури моро ба ҷо оварданд. Се голи аввал, ки дар муддати 8 дақиқа зада шуд, рақибонамонро дасту похӯрда кард. Онҳо чунин ҳолатро чашмдор набуданд. Акнун мо ба бозии охирини давраи аввали чемпионат бо дастаи ”Равшан”, ки рӯзи 15-уми июн дар Кӯлоб барпо мегардад,
Баъди 14 дақиқа голи дувуми “Энергетик”-ро Алия Силла, легионер аз Гвинея, ба ҳадаф расонд. Субҳон Хоҷамов, ҳимоятгари ССКА “Помир”, дар дақиқаи 39-ум ҳисобро тағйир дод. Ин пирӯзӣ ба “Энергетик» имкон дод, ки дар ҷадвали мусобиқот се зина боло - ба ҷойи 5-ум барояд.
Алиёр Ашӯрмамадов, мураббии калони дастаи ССКА “Помир”, дар бораи бозӣ бо “Энергетик” гуфт, “бозӣ хеле шавқовар сурат гирифт. Ҳарду даста вазъиятҳои хуби голзанӣ доштанд. Вале бачаҳои мо аз онҳо истифода карда натавонистанд. Ман аз бозӣ розиям, вале аз натиҷааш не. Ба фикри ман ин бозӣ баробар буд, бинобар ин бояд бо ҳисоби мусовӣ анҷом меёфт. Дар хатти ҳамлаи дастаи мо хатоҳои бисёр ба чашм расиданд, ки мо минбаъд дар ин самт кор хоҳем кард.”
Александр Кудряшов, легионери русиягии «Истиқлол», дар дақиқаҳои 3, 8 ва 35-ум се гол зада, хет-трик кард. Фатҳулло Фатҳуллоев дар дақиқаҳои 50-ум ва 60-ум, Ҷаҳонгир Эргашев дар дақиқаҳои 57-ум ва 71-ум дуголӣ, Дилшод Восиев дар дақиқаи 7-ум ва Виллер Соуза Оливейра, легионери бразилӣ, дар дақиқаи 38-ум якголӣ заданд. Бояд гуфт, ки дар ин бозӣ Тоҳир Зоиров, бозигари «Истаравшан», баъди хотимаи бозӣ барои дашном додани доварон корти сурх гирифт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар нишасти матбуотӣ Баҳодур Сӯфиев, мураббии калони дастаи “Истиқлол”, ба хабарнигорон гуфт, “Бачаҳо дастури моро ба ҷо оварданд. Се голи аввал, ки дар муддати 8 дақиқа зада шуд, рақибонамонро дасту похӯрда кард. Онҳо чунин ҳолатро чашмдор набуданд. Акнун мо ба бозии охирини давраи аввали чемпионат бо дастаи ”Равшан”, ки рӯзи 15-уми июн дар Кӯлоб барпо мегардад,
омодагӣ мебинем. Мо ин дастаро ҳурмат мекунем ва фикр мекунам, ки бозии пешсафон шавқангез мегузарад.”
Дарвоқеъ, дар асоси Регламент ё дастури мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ, ки баъди анҷоми бозиҳо доир мешавад, ҳузури сармураббиёни дастаҳо ҳатмист. Вале Никола Кавазович, сармураббии дастаи “Истиқлол”, ки имсол дар ягон нишасти матбуотӣ ширкат накардааст, ин дафъа ҳам ба ҷойи худ ёварашро фиристод. Вале барои вайрон кардани Регламенти мусобиқот ин мутахассиси сербиягӣ аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон боре ҳам муҷозот нашудааст.
Шӯҳрат Шамсиев, сармураббии дастаи “Истаравшан”, ба хабарнигорон чунин ибрози назар кард: “Дастаи мо дар майдони сунъӣ бозӣ накардааст, вале рақибамон чанд бозиро дар ин майдон анҷом додааст. Барои бозигарони мо дар ҳавои сӯзон дар чунин майдон бозӣ кардан хеле мушкил буд. Аз тарафи дигар голи аввал, ки дар дақиқаи 3-юм зада шуд, шасти бачаҳои моро гардонд. Голи дувум бошад, аз ҳолати нобозӣ (офсайд) зада шуд, ки инро ба виҷдони доварон ҳавола мекунам. Албатта класси бозии “Истиқлол” баланд аст. Бозигарони хубро интихоб кардаанд. Агар мо ҳам чунин маблағ медоштем, ҳамин хел бозигаронро даъват мекардем. Вале, мутаассифона, бачаҳои мо се моҳ аст, ки маош нагирифтаанд. Вазъи молиамон хароб аст. Каму беш ҳукумати

шаҳри Истаравшан кӯмаки молӣ мекунад, вале ин басанда нест. Мо сарпараст надорем. Ташаккур ба мухлисони даста, ки аз Истаравшан ба Душанбе омада, моро дастгирӣ карданд. Афсӯс, ки то ҳоло мо ғалаба ба даст наовардаем. Дар бозии охирини давраи аввали мусобиқот бо дастаи “Хайр”-и Ваҳдат кӯшиш мекунем, ки пирӯз шавем ва хотири мухлисонамонро шод гардонем.”
Дар бозии дигар дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар майдони худ бар тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд. Мизбонон ба голи дар дақиқаи 25-ум задаи Ҷаҳонгир Алиев дар нимаи дувуми дидор бо ду гол посух доданд. Голҳоро Айдоҳ Наполеон, легионер аз Гана, дар дақиқаи 54-ум ва Ҳусейни Сӯҳробӣ, легионер аз Эрон, дар дақиқаи 72-юм ба самар расонданд.
Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ, варзишгоҳи «Металлург» тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби 2-0 мағлуб кард. Сафаралӣ Каримов дар дақиқаи 53-юм ҳисобро кушод. Голи дувумро Комил Саидов дар дақиқаи 90+1 аз ҷаримаи 11-метра зад.
Дар ҳамин ҳамаи ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаҳои “Истиқлол” ва “Равшан”, ки дар ҳамаи 8 бозиашон пирӯз шудаанд, бо 24-имтиёзӣ пешсафанд. Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Истиқлол” (28-2) дар зинаи аввал ва “Равшан” (14-2) дар зинаи дувум қарор доранд. Дастаи “Хайр” бо 14 имтиёз дар ҷойи севум аст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истикқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр») – 3-тӯбӣ.
Ҷ
|
Дастаҳо
|
Б
|
Ғ
|
М
|
Б
|
Т
|
И
|
1
|
«Истиқлол» (Душанбе)
|
8
|
8
|
0
|
0
|
28-2
|
24
|
2
|
«Равшан» (Кӯлоб)
|
8
|
8
|
0
|
0
|
14-2
|
24
|
3
|
«Хайр» (Ваҳдат)
|
8
|
4
|
2
|
2
|
13-9
|
14
|
4
|
«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)
|
8
|
4
|
1
|
3
|
8-8
|
13
|
5
|
«Энергетик» (Душанбе)
|
8
|
3
|
1
|
4
|
8-10
|
10
|
6
|
«Парвоз» (Б. Ғафуров)
|
9
|
3
|
1
|
5
|
7-16
|
10
|
7
|
«Хуҷанд» (Хуҷанд)
|
8
|
2
|
2
|
4
|
6-8
|
8
|
8
|
«Вахш» (Қӯрғонтеппа)
|
9
|
2
|
2
|
5
|
4-9
|
8
|
9
|
ССКА «Помир» (Душанбе)
|
8
|
0
|
3
|
5
|
3-10
|
3
|
10
|
«Истаравшан» (Истаравшан)
|
8
|
0
|
2
|
6
|
3-20
|
2
|
Нишонзанҳои беҳтарин: Дилшод ВОСИЕВ («Истиқлол») – 6 тӯб, Ҷаҳонгир ЭРГАШЕВ («Истикқлол»), Ҳусейни СӮҲРОБӢ («Хайр») – 5-тӯбӣ, Александр КУДРЯШОВ, Виллер Соуза ОЛИВЕЙРА, Юҷин СЕПУЙЯ (ҳарду - «Истиқлол»), Нуъмонҷон ҲАКИМОВ («Равшан»), Комил САИДОВ («Регар-ТадАЗ»), Фарҳод ТОҲИРОВ («Парвоз»), Идибек ҲАБИБУЛЛОЕВ («Хайр») – 3-тӯбӣ.
То анҷоми давраи аввали мусобиқот чаҳор бозии дигар мондааст. Бозии муддаиёни аслии унвони қаҳрамони Тоҷикистон - “Равшан” ва “Истиқлол”, ки 15-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад, бозии ҳалкунандаи давраи аввали мусобиқот ба шумор меравад.
Даври 11-ум
15 июн (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 17.30
ССКА «Помир» - «Регар-ТадАЗ». Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа.
«Хуҷанд» - «Энергетик». Хуҷанд, варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон”.
«Равшан» - «Истиқлол». Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ.
16 июн (якшанбе)
Оғози бозӣ - соати 17.30
«Истаравшан» - «Хайр». Истаравшан, Варзишгоҳи марказӣ.