“Кӯктош” дар мусобиқаи лигаи аввал пешсафи ягона аст

Бозиҳои даври панҷуми мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни дастаҳои лигаи аввал дар минтақаи Душанбе баргузор шуданд.
Дар ду бозӣ меҳмонон ғалаба карданд ва ду бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт. Пешсафи ҷадвали мусобиқот – дастаи “Кӯктош-С”-и ноҳияи Рӯдакӣ дар меҳмонӣ бар тими “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 2-1 ғолиб омад.

Дастаи “Саройкамар”-и ноҳияи Панҷ низ бар тими мизбон – “Пахтакор”-и Қубодиён бо ҳисоби 2- 0 ғалаба кард. Бозии “Ҳосилот”-и Фархор бо тими меҳмон - РТСУ (Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон)-и Душанбе бо ҳисоби 2-2 ба охир расид. Бозии “Бохтар”-и ноҳияи Бохтар бо тими меҳмон - “Нури Норак”-и Норак бидуни гол хотима ёфт.

Натоиҷи бозиҳои даври 5-ум:
«Пахтакор» (Қубодиён) - «Саройкамар» (Панҷ) – 0-2
«Ҳосилот” (Фархор) - РТСУ (Душанбе) – 2-2
«Бохтар» (Бохтар) – “Нури Норак” (Норак) – 0-0
«Ҳулбук» (Восеъ) - «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) -– 1-2

Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқот дастаи «Кӯктош-С», ки дар ҳамаи чаҳор бозиаш пирӯз шудааст, бо 12 имтиёз пешсафи ягона мебошад. “Саройкамар”, ки дар се бозӣ ғолиб омада, як бозиро мусовӣ кардааст, бо 10 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Ҳулбук», ки баъди се ғалабаи паиҳам дар даври гузашта шикаст хӯрд, бо 9 имтиёз дар ҷойи севум аст.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот
Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. «Кӯктош-С» (Рӯдакӣ) 4 4 0 0 114 12
2. Саройкамар” (Панҷ) 4 3 1 0 7-1 10
3. «Ҳулбук» (Восеъ) 4 3 0 1 95 9
4. «Нури Норак» (Норак) 4 2 2 0 3– 1 8
5 РТСУ (Душанбе) 4 1 1 2 4– 8 4
6. «Ҳосилот” (Фархор) 4 0 1 3 3– 7 1
7. «Бохтар» (Бохтар) 4 0 1 3 1 – 5 1
8. «Пахтакор» (Қубодиён) 4 0 0 4 3 – 10 0

Голзанҳои беҳтарин: Зоир Холматов («Ҳулбук») - 5 тӯб, Ҷонибек Ғаффоров (“Саройкамар”) – 4 тӯб, Сироҷиддин Қурбонов (“Кӯктош-С”), Некрӯз Козимов («Нури Норак») - 3-тӯбӣ.

Бозиҳои даври 6-ум
8-уми июн (шанбе), соати 17.30
РТСУ - «Кӯктош-С»

9-уми июн кшанбе), соати 17.30
«Нури Норак» - «Ҳулбук”
«Ҳосилот» - “Пахтакор”