Бомбгузории маргталабона дар шарқи Афғонистон

Бар асари ҳамлаи бомбгузори маргталаб болои корвони низомиёни ИМА дар шарқи Афғонистон камаш 12 нафар ва аз ҷумла ду сарбози нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ ба қатл расидаанд.

Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) , ки зери раҳбари паймони НАТО қарор доранд, тасдиқ кард, ки дар вилояти Пактиё ду сарбози эътилоф кушта шуданд.

Вазорати корҳои дохилии Афғонистон мегӯяд, вақте маргталаби савори мотосикл бо корвони нерӯҳои эътилоф бархӯрд, бар иловаи ду сарбози эътилоф нуҳ кӯдак ва як афсари полис ҳалок шуданд.

Ба қавли мансабдорони маҳаллӣ таркиш нисфирӯзӣ-вақте мактаббачаҳо аз дарс берун шуданд, ба вуқӯъ пайваст.

Рӯзи душанбе ҳамчунон дар натиҷаи бархӯрди як мошин бо мина дар вилояти шарқии Лағмони Афғонистон 7 нафар ва аз ҷумла занон ба ҳалокат расиданд.